Қисмҳои иловагии компютер

Дар компютерҳои фардй ба ғайр аз таҷҳизоти комплекти асосй боз имконияти пайваст кардани таҷҳизоти иловагӣ низ вуҷуд дорад. Модем ва факс-модем. Барои тавассути компютер аз шабакаи саросарии Интернет (Intemet) ё маҳаллии корхона истифода бурдан, бо почтаи электронӣ кор кардан, равон ё қабул кардани факс ва ғайра зарур аст, ки он бо модем ё  факс-модем муҷаҳҳаз бошад. Модем (modem) — таҷҳизотест, ки ба воситаи шабакаи телефонӣ иттилоотро аз як компютер ба компютери дигар интиқол медиҳад. Факс-модем — таҷҳизотест, ки якбора имкониятҳои ҳам модем ва ҳам аппаратҳои факсиро дорад ва барои бо…

Муфассал

Чопгар. Бандарҳо

Чопгар (printer — принтер) дастгоҳест, ки барои дар коғаз чоп кардани иттилоот хизмат мерасонад. Ба воситаи чопгар на танҳо иттилооти матнӣ, балки графикиро низ хориҷ кардан мумкин аст. Чопгарҳо низ ба мисли мониторҳо иттилооти тасвиршавандаро ҳам дар намуди ранга ва ҳам сиёҳу сафед хориҷ карда метавонанд. Қимати чопгарҳои ранга аз чопгарҳои муқаррарӣ зиёдтар аст. Чопгарҳо вобаста ба тарзи корашон матритсавӣ, рангпошанда ва лазерӣ мешаванд. Чопгари матритсавӣ солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта чопгари паҳнгаштатарин ба ҳисоб мерафт. Сифати чопи он нисбат ба чопгарҳои навъи дигар паст буда, ҳангоми…

Муфассал

Дастгоҳҳои хориҷкунии иттилоот

Муҳимтарин дастгоҳҳои хориҷкунии иттилоот аз компютер (output devices) монитор ва чопгар ба ҳисоб мераванд. Монитор яке аз қисмҳои асосии компютери фардӣ (КФ) буда, барои ба экран баровардани иттилооти матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад. Бо ёрии монитор раванди дохилкунии иттилоот ба хотираи компютер низ зери назорат гирифта мешавад. Мониторро дисплей (display — намойиш) ҳам мегӯянд. Азбаски корбари компютер вақти зиёди худро маҳз дар назди монитор мегузаронад, бинобар ин барои таъмин намудани амнияти узвҳои бадани худ ӯ бояд аз мониторҳои баландсифат истифода барад. Экранҳои найчаашон электронӣ-нурӣ. Мониторҳо дар ду шакл истеҳсол карда…

Муфассал

Дастгоҳҳои дохилкунии иттилоот

Дастгоҳҳои ба компютер ворид кардани иттилоот (input devices) хеле зиёд ва гуногунанд. Дар байни онҳо муҳимтаринашон сафҳакалид ва муш ба ҳисоб мераванд. Сафҳакалид (keyboard — клавиатура) яке аз афзорҳои асосии дохилкунии иттилооти намудҳои ҳарфӣ ва рақамӣ мебошад. Ҳангоми пахши тугмаи дилхоҳи он аввал иттилооти аломатӣ ба рамзи дуй табдил дода мешавад ва баъд аз он рамзи аломати пахшкардашуда ба компютер ворид карда мешавад. Ҳар як тугмаи сафҳакалид сарпӯшеро мемонад, ки зери он калиди миниатурӣ (механикӣ ё мембранавй) ҷойгир шудааст. Микропротсессори махсус, ки дар сафҳакалид васл гардидааст, вазъи ин калидҳоро ба…

Муфассал

Дастгоҳҳои сабти иттилоот

Дискҳо. Тавре аллакай медонем, дар компютерҳои фардӣ вазифаи хотираи беруниро дискҳо ва дигар барандагони иттилоот иҷро мекунанд. Онҳо барои сабт намудан, аз як компютер ба дигар компютер нусхабардорӣ кардан ва дуру дароз ё муваққатан нигоҳ доштани иттилоот хизмат мерасонанд. Винчестер, диски магнитӣ- оптикӣ, компакт-диск, дискет ва ғайра ба гурӯҳи дискҳои компютерӣ дохил мешаванд. Иттилоот тавассути дастгоҳи сабт (дискдон — ғункунандаи магнитӣ ё нурӣ) дар дискҳо сабт карда мешавад ё аз онҳо хонда мешавад. Одатан дискдонҳои дискет, компакт-диск ва винчестер дар блоки системавй ҷойгиранд. Дискетҳо ва компакт-дискҳо ба дискдонҳояшон озодона гузошта…

Муфассал

Хотира

Дар раванди кор бо компютер зарур аст, ки иттилоот, яъне барномаҳои ҳалли масъалаҳо, додаҳои онҳо, натиҷаҳои мобайнӣ ва ниҳоӣ тавассути ягон воситаи техникӣ ҳифз гарданд (нигоҳ дошта шаванд), то ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба онҳо муроҷиат кардан ва онҳоро дастрас намудан имконпазир бошад. Барои амалй гардонидани ин мақсад ба дастгоҳи компютер сахтафзорҳои гуногуни нигахдорандаи иттилоот ҳамроҳ карда мешаванд, ки онҳоро хотираҳои компютер мегӯянд. Иттилоот, аз қабили аломат (ҳарф, рақам, рамз), тасвир, садо ва ғайра аввал дар шакли пайдарпайии рақамҳои 0 ва 1 рамзбандй мегарданд ва баъд дар хотираи компютер нигоҳ…

Муфассал

Компютер — воситаи коркарди иттилоот. Микропротсессор

Хонандагони азиз! Шумо бо мафҳуми “компютер”, хосиятҳо, имкониятҳо, қисмҳо, тарзи кор, заминаҳои пайдоиш ва таърихи начандон тулонии он дар синфи 7-ум шиносоӣ пайдо карда будед. Азбаски маънои аслии калимаи “компютер” — ин таҷҳизоти ҳисоббарор аст, бинобар ин шумо порсол онро маҳз аз ҳамин нуқтаи назар омӯхта будед. Бо ёрии барномаҳои махсуси ҳисоббарорӣ, ки онҳоро ҷадвалҳои электронӣ ном мебаранд, шумо бо коркарди компютерии иттилооти ададй шинос шуда будед. Имсол бошад, шумо бо дигар имкониятҳо ва паҳлуҳои гуногуншакли коркарди иттилоотии ин таҷҳизоти сеҳрнок шинос хоҳед шуд. Дарвоқеъ, он компютери фардие, ки дар…

Муфассал

Протседура ва функсия дар Delphi

Протседураҳо ва функсияҳо ин воситаи зарурии Delphi мебошад. Онҳо имконият медиҳанд, ки барномаи структураи хуб доштаро нависем. Протседураҳо ва функсияҳоро зербарномаҳо гуфтан ҳам мумкин аст. Зербарнома ин фрагменти ҷудогонаи барнома буда, бо барномаи асосӣ бо параметрҳо пайваст мебошад. Протседура ин фрагменти барнома буда, номи худро дорад. Ҳангоми дар барнома вохӯрдани номи он, протседура ба кор шурӯъ карда ҳамаи операторҳои ба он дохил шуда,  иҷро мегардад ва баъд идоракуни ба барномаи асосӣ дода мешавад. Барои доду гирифти маълумотҳо байни барномаи асосӣ ва протседура як ё якчанд параметрҳо истифода бурдан мумкин аст.…

Муфассал

Муқаддимаи забони С++

Таърихи пайдоиши забони С++. Забони барномасозии С++ (Си++) дар асоси забони С (Си) аз тарафи Бярн Страуструп (Bjarne Stroustrup) сохта шудааст. Б. Страуструп соли 1979 ба коркарди забони «Си бо классҳо» шуруЇъ намуд. Ғояи коркарди забон аз таҷрибаи навиштани барнома барои рисолааш оғоз меёбад. Вай тахмин намуд, ки забони барномасозии Симула чунин имкониятҳое дорад, ки барои сохтани барномаҳои ҳаҷмашон калон бисёр фоидаовар мебошанд. Вале барномаи ба забони Симула навишташуда бисёр суст кор мекард. Бо баробари ин, забони BCPL бисёр тез, лекин ба забонҳои сатҳашон паст наздикӣ дорад, яъне барои навиштани барномаҳои ҳаҷман калон мувофиқ нест. Ҳангоми кор…

Муфассал

Алифбои забони С++

Алифбои забони С++. Ба алифбои забони С++ дохил мешаванд: ∙ ҳарфҳои калон ва хурди алифбои лотинӣ; ∙ рақамҳои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; ∙ рамзҳои махсуси: » {} , | [] ( ) + — / \% \ ; ’ : ? < = > _ ! & # ~ ^ . * Аз рамзҳои алифбо элементҳои луғави (лексика)-и забон тартиб дода мешаванд: ∙ идентификаторҳо; ∙ калимаҳои корӣ; ∙ доимиҳо; ∙ аломатҳои амалҳо; ∙ аломатҳои китобатӣ.

Муфассал