Азназаргузаронии тасвир

Ба дигарон равон намоед

Қабл аз инъикоси тасвир дар экран ё чоп намудани он дар коғаз, маъмулан, аввал онро аз назар мегузаронанд ва камбудиҳояшро ислоҳ менамоянд. Афзорҳои асосӣ ва ёрирасони азназаргузаронии тасвир, ба мисли афзорҳои тағйирдиҳии андозаи соҳаи расмкашӣ, андозаи тасвир ва қисмҳои он, дар банди Намо (Вид)-и тасмаи абзори менюи барномаи Paint ҷой дода шудаанд.

Тавре аз мавзӯъҳои пешин ба мо маълум аст, афзорҳои банди Намои тасмаи абзори меню дар се блок — Миқёс (Масштаб), «Инъикос ё пинҳон» (Показать или скрыть) ва Инъикос (Показать) гурӯҳбандӣ карда шудаанд (расми поёнӣ).

Тамоми афзорҳои банди Намо — афзорҳои ҳамакор (универсалӣ) буда, дар як вақт ҳам барои тағйир додани андозаи тасвир, ҳам барои азназаргузаронии он ва ҳам барои тағйир додани андозаи соҳаи расмкашӣ хизмат мерасонанд. Азбаски амалҳои зикршуда амалҳои ба ҳам наздик мебошанд, бинобар он, онҳо бо ёрии афзорҳои якхела иҷро карда мешаванд.

Дар мавриди мазкур афзорҳои Зиёдкунӣ (Увеличить) ва Камкунӣ (Уменшить)-и блоки Миқёс (Масштаб — Лупа) мувофиқан вазифаҳои

калон ва хурд кардани андозаи тасвирро иҷро карда, дар азназаргузаронии ҷузъҳои алоҳидаи тасвир истифода бурда мешаванд. Афзори «100%»-и ин блок бошад, барои дар соҳаи расмкашӣ таҳти назар қарор додани андозаи аслии (100%-и) объект хизмат мерасонад. Натиҷаи амалкарди афзорҳои мазкур бо мусаввараи аз Интернет дастраскардашуда дар расми поёнӣ инъикос гардидааст.

Андозаи аслии тасвир (100%) дар соҳаи расмкашӣ

Андозаи хурдкардашудаи тасвир (50%) дар соҳаи расмкашӣ

Андозаи калонкардашудаи тасвир (200%) дар соҳаи расмкашӣ

Афзорҳои Хаткагҳо (Линейки),

«Хатҳои тӯр» (Линии сетки) ва «Сатри ҳолатнамо» (Строка состояния)-и блоки «Инъикос ё пиҳон» (Показать или скрыть)-и банди Намо афзорҳои ҳатмӣ набуда,

аз рӯйи зарурат дар майдони кории виростор намудор ё ноаён гардонида мешаванд. Барои фаъол будани ин афзорҳо, бояд дар мураббаъчаҳои назди номашон аломати 0 гузошта шавад.

Дар расми поёнӣ натиҷаи амалкарди афзорҳои Хаткагҳо ва «Хатҳои тӯр» оварда шудааст. Тавре аз расм дида мешавад, афзорҳои мазкур имконият додаанд, ки андоза ва ҷузъиёти тасвир саҳеҳ (аниқ) ба хдсоб гирифта шаванд. Ҳар як катаки тӯри тасвир, дар ин маврид, як нуқтаи калонкардашудаи тасвирро ифода менамояд. Ин реҷа маҳз барои аз рӯйи нуқтаҳои алоҳида тағйир додани тасвир бисёр созгор аст.

Вазифаҳои афзорҳои «Бо паҳнои экран» (Во весь экран) ва Ангора (Эскиз)-и блоки «Инъикос»-и банди Намо низ тағйир наёфта, чун мавридҳои қаблӣ онҳо, мувофиқан, барои якбора дар экрани компютер инъикос намудани андозаи аслии тасвир (расми поёнӣ, аз тарафи чап) ва дар равзанаи виростори графикӣ инъикос намудани ангораи тасвир (расми поёнӣ, аз тарафи рост) пешбинӣ шудаанд.

Саволҳо:

  1. Зарурати амали азназаргузаронии тасвир дар чист?
  2. Афзорҳои азназаргузаронии тасвир дар кадом банди тасмаи абзори менюи Paint ҷой дода шудаанд?
  3. Вазифаҳои афзорҳои Зиёдкунӣ ва Камкунии блоки Миқёс аз чӣ иборат аст? Афзори «100%» чӣ?
  4. Афзорҳои Хаткашҳо ва «Хатҳои тӯр»-п блоки «Инъикос ё пиҳон» дар азназаргузаронии тасвирҳо кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд? Афзорҳои «Бо паҳнои экран» ва Ангораи блоки «Инъикос» чӣ?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи барномаи графикии «Paint»-po кушоед ва бо афзорҳои азназаргузаронии тасвир шинос шавед.
  2. Тамоми амалҳои вобаста ба азназаргузаронии тасвирҳоро, ки дар мавзӯъ анҷом дода шудаанд, бо ягон тасвири дигар дар компютер иҷро кунед.

Натиҷаҳои ҳосилшударо бо номи «Расмҳои ҳаштуми ман дар Paint» дар хотираи компютер сабт кунед.

Маводҳои ҳамсон