Алифбои забони С++. Ба алифбои забони С++ дохил мешаванд:
∙ ҳарфҳои калон ва хурди алифбои лотинӣ;
∙ рақамҳои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9;
∙ рамзҳои махсуси:
» {} , | [] ( ) + — / \% \ ;
’ : ? < = > _ ! & # ~ ^ . *
Аз рамзҳои алифбо элементҳои луғави (лексика)-и забон тартиб дода мешаванд:
∙ идентификаторҳо;
∙ калимаҳои корӣ;
∙ доимиҳо;
∙ аломатҳои амалҳо;
∙ аломатҳои китобатӣ.