Амалиётгузаронӣ бо ҷадвалҳои электронӣ

Ба дигарон равон намоед

Гурӯҳи катакҳои ҶЭ- ро ҳам бо ёрии муш ва ҳам сафҳакалид ҷудо кардан мумкин аст. Иҷрои ин амал бо ёрии

муш осонтар аст. Кифоя аст, ки тугмаи чапи мушро пахшкунон мушнаморо ба ин ё он тараф кашида барем ва баъд тугмаро сар диҳем. Ҳангоми истифодабарии сафҳакалид бошад, тумаи  hift- ро якҷоя бо яке аз тугмаҳои идораи курсор пахш ва ҳаракат додан лозим аст. Гурӯҳи катакҳоро блок ё диапазони катакҳо мегӯянд.

Барои сатр ё сутуни пурраи ҷадвалро ҷудо намудан мушнаморо ба болои номи он гузошта, тугмаи чапро пахш кардан лозим аст. Одатан дар ин мавридҳо шакли мушнамо дигар (+ — сутунҷудокунӣ, -► — сатрҷудокунӣ) мешавад. Якчанд сатр ё сутунро низ айнан ҳамин тавр ва бо ҳаракат додани мушнамо ҷудо мекунанд.

Катаки алоҳида ё диапазони катакҳоро таҳрир (иваз, илова ё ҳазфи иттилоот) ва форматбандӣ (истифодаи андоза, шакли зоҳирӣ ё гарнитури ҳарфҳо, радифбандӣ аз чап, мобайн ё аз рост, тағйирдиҳии ранги замина ё дарунмояи катак, истифодаи чорчӯба ё хатҳои сарҳадии ғафсиашон гуногун) кардан мумкин аст.

Гарчанде ҷадвалҳои электронӣ асосан барои коркарди иттилооти ададӣ пешбинӣ шуда бошанд ҳам, катакҳои онҳо метавонанд бо намудҳои гуногуни иттилоот — ададӣ, матнӣ, формулавӣ, графикӣ, садоӣ ва ғайра кор кунанд. Тасвири формула дар катак бо аломати = (баробар) сар мешавад. Ҳар маълумотеро, ки барнома ҳамчун адад ё формула шинохта натавонад, онро ҳамчун матн қабул мекунад. Махсусан, ҳангоми навиштани ададҳои касрӣ эҳтиёткор будан зарур аст.

Баъзе вариантҳои ҷадвалҳои электронӣ қисми бутуни ададро аз касриаш ба воситаи аломати вергул ва дигараш — аломати нуқта ҷудо менамоянд. Вале, азбаски ҳамаи ҶЭ ҳамчун пешфарз ададҳоро аз тарафи рости катак ва матнро аз чапи он ҷойгир мекунанд, бинобар ин адади касриро як дафъа ба воситаи нуқта ва дафъаи дигар — бо вергул тасвир карда, хулоса баровардан мумкин аст, ки бо кадом вариант кор бурда истодаем.

Формулаҳо ба ғайр аз истифодаи амалҳои арифметикӣ ва функсияҳои стандартӣ, боз метавонанд ба иттилооти дар катакҳо маҳфузбуда истинод оваранд. Истинодоварӣ бо ёрии номи катак амалӣ гардонида мешавад. Масалан, агар ягон катак формулаи =А1+В1-ро дар бар гирифта бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Enter дар вай суммаи қимати катакҳои А1 ва В1 пайдо мешавад. Ҳангоми тағйир додани қимати катакҳои A1 ва B1 дар катаки формулавӣ суммаи онҳо низ ба таври худкор аз нав ҳисоб карда мешавад. ҶЭ на танҳо қисми зиёди функсияҳои математикӣ, балки функсияҳои оморӣ ва молиявиро низ истифода мебаранд.

Бо ёрии муш аз як катак ба катакҳои ҳамсоя нусхабардорӣ кардани формулаҳо раванди пуркунии ҷадвалҳои электронии дорои формулаҳои якхеларо хеле осон мегардонад. Барои ин катаки формулавиро фаъол намуда, мушнаморо ба квадратчаи кунҷи рости поёнии он овардан лозим аст. Ҳангоми аз шакли

ба шакли I I тағйир ёфтани мушнамо, тугмаи чапро

пахшкунон мушро ба самти зарурӣ ҳаракат додан зарур аст. Масалан, ҳангоми ба катаки поёнӣ нусхабардорӣ кардани формулаи =A1+B1, вай ба таври худкор ба формулаи =A2+B2 табдил дода мешавад. Барнома дар формула суроғаи катакҳоро иваз намуда, дарунмояи онҳоро тағйир намедиҳад.

Ҳангоми дар формулаҳо нишон додани суроғаи катакҳо аз мафҳумҳои муроҷиаткунии нисбӣ ва мутлақ истифода мебаранд. Агар дар формула муроҷиаткунии нисбӣ истифода шуда бошад, он гоҳ ҳангоми нусхабардории он ба дигар катак

суроғаи катакҳои истинодии мавҷудаи он мувофиқи тартиби ҷойгиршавиашон нисбат ба катаки формулавии додашуда ба таври худкор тағйир меёбад. Масалан, бигузор дар формулаи дар катаки B2 овардашуда суроғаи катаки A3 истифода бурда шуда бошад. Он гоҳ ҳангоми нусхабардории ин формула ба катаки EA27 ба таври худкор муроҷиаткунӣ ба катаки DZ28 рӯй медиҳад.

Ҳангоми дар формула истифода бурдани суроғаи мутлақи катакҳо суроғаҳо дар вақти нусхабардорӣ бетағйир мемонанд. Барои ин бояд дар формула аввал номи катак ё диапазони катакҳо ҷудо карда шавад ва баъд дар сафҳакалид тугмаи функсионалии F4 пай дар пай пахш карда шавад. Масалан, агар

дар формула ҳангоми бақайдгирии катаки A1 тугмаи |Ғ4]-и сафҳакалид пай дар пай пахш карда шавад, он гоҳ номи ин катак, мувофиқан, дар формула пай дар пай намудҳои зеринро мегирад: $A$1, A$1, $A1. Аломати $ дар суроғаи катак нишонаи муроҷиаткунии мутлақ мебошад. Дар мавриди якум ($A$1) муроҷиаткунӣ ба катаки A1 мутлақ буда, дар ду мавриди дигар (A$1, $A1) бошад, нисбат ба яке аз қисмҳояш (сатр ё сутун) мутлақ ва нисбат ба дигараш нисбӣ мебошад.

Ҷадвалҳои электронӣ имконият медиҳанд, ки варақҳои кории китоби корӣ аз нав номгузорӣ, илова ва ҳазф карда шаванд. Барои ин кифоя аст, ки мушнаморо ба болои номи варақи кории зарурӣ гузорем, тугмаи рости мушро пахш намоем ва дар менюи матнии пайдошуда фармони мувофиқро интихоб кунем. Номивазкунии варақро бо пахши дукаратаи муш низ иҷро кардан мумкин аст.

Мавзӯъҳои навбатӣ ба омӯзиши якчанд барномае бахшида мешаванд, ки онҳо имконияти корбариро бо ҷадвалҳои электронӣ таъмин менамоянд. Ин барномаҳо барномаҳои стандартии системаи амалиётии Linux (K pread, Gnumeric) ва OpenOffice Calc (ҷадвали электронии озодасоси дастаи офисии OpenOffice)-и ширкати  un Micro i tem  мебошанд. Барномаи OpenOffice Calc на танҳо барои ҳаводорони СА Linux, балки СА MS Windows  низ дастрас аст. Ҳам интерфейси барнома ва ҳам имкониятҳои функсионалиаш аз барномаи тиҷоратии M  Excel ягон фарқи ҷиддие надорад.

Саволҳо:

  1. Катакҳои ҶЭ барои нигаҳдории кадом намудҳои иттилоот пешбинӣ шудаанд?
  2. Кадом намуди амалиётро бо ҶЭ гузаронидан мумкин аст?
  3. Чӣ тавр сатр, сутун ва диапазони катакҳоро ҷудо менамоянд?
  4. Аҳамияти истифодаи формулаҳо дар ҶЭ аз чӣ иборат аст?
  5. Дар формулаҳо кадом бузургиҳоро истифода мебаранд?
  6. Муроҷиаткунии нисбии суроғаи катакҳо аз мутлақ чӣ фарқ дорад?

Супориш:

  1. Ягон барномаи ҷадвалиро (ҶЭ-ро) ба кор дароред ва катак, сатр, сутун ва диапазони катакҳои алоҳидаи онро бо якчанд тарз ҷудо кунед.
  2. Дар катакҳои ҷадвал якчанд формула ҷойгир намоед, ки дар онҳо муроҷиаткунии мутлақ ва нисбии суроғаи катакҳо истифода шуда бошад.
  3. Бо ёрии омӯзгори фан катакҳои алоҳида ва диапазони катакҳоро таҳрир (иваз, илова, ҳазф) ва форматбандӣ кунед:
  4.   аз андоза, шакли зоҳирӣ ва гарнитури гуногуни ҳарфҳо ис- тифода баред;
  5.   дарунмояи катакҳоро аз чап, мобайн ва рост радифбандӣ кунед;
  6.   ранги замина ва мазмуни катакҳоро тағйир диҳед;
  7.   катакҳоро бо хатҳои сарҳадии ғафсиашон гуногун чорчӯ- бабандӣ кунед.

Маводҳои ҳамсон