Амалиётгузаронӣ дар мизи корӣ

Ба дигарон равон намоед

Тавре аз мавзӯъҳои гузашта ба мо маълум гардид, мизи кории компютери фардӣ экранеро мемонад, ки дар он афзорҳо (барномаҳои системавӣ, татбиқй, хидматй, шабакавӣ ва ғайра) ва санадҳои компютерӣ (матнҳо, ҷадвалҳо, графику расмҳо, мусиқиву сурудҳо, видео ва ғайра)-и истифодабаранда доимо дар ҳоли инъикос мебошанд. Афзорҳо ва санадҳои мизи кориро объектҳои кории миз мегӯянд. Объектҳои мизи кориро ҳам дар майдони корӣ ва ҳам дар лавҳаи масъалаҳои миз вохӯрдан мумкин аст. Объектҳои мизи корӣ дар экрани монитор дар шакли нишонаҳо ё тамгаи нииюнаҳо инъикос мегарданд. Нишонаҳо ва тамғаи нишонаҳо, вобаста ба барномаҳои муаррифгари онҳо, метавонанд дар шаклу рангҳои гуногун намоён бошанд.

Дар расми тарафи рост нишонаҳо ва тамғаҳои объект- ҳои майдони кории равзанаи мизи корӣ таҷассум ёфтаанд. Миқдор ва тарзи инъикоси онҳоро дар дилхоҳ лаҳзаи вақт тағйир додан мумкин аст.

Дар расми поёнӣ бошад, нишонаҳои объектҳое оварда шудаанд, ки он муваққатан дар лавҳаи масъалаҳои мизи корӣ ҷойгир карда шудаанд. Миқдор ва тарзи ҷойгиршавии онҳо низ тағйирпазир мебошад.

Намои (намуди) зоҳирии мизи корй, маҷмӯи афзорҳои компютерӣ ва миқдори санадҳои майдони кориву лавҳаи масъалаҳои онро бо тарзҳои гуногун ба танзим овардан мумкин аст. Барои танзими объектҳои майдони кории миз фармонҳои Намо (Вид), Танзим (Сортировка) ва Навсозӣ (Обновить)-и менюи матнии равзанаи мизи корӣ хизмат мерасонанд. Барои рӯйи кор овардани менюи матнй, дар ягон дилхоҳ мавзеи холии майдони кории миз тугмаи рости мушро пахш кардан лозим аст. Дар натиҷа, дар экран маҷмӯи фармонҳои компютерии дар расми тарафи рост овардашуда пайдо мешавад.

Банди Намои менюи матнӣ нишо- наҳои объектҳои май- дони кории мизро дар шаклҳои Нишонаҳои бузург (Крупные знач- ки), Нишонаҳои маъ- мул (Обычные значки) ва Нишонаҳоы хурд (Мелкие значки) дар экран инъикос карда метавонад. Натиҷаи амалкарди зербандҳои зикршудаи банди

Намои менюи матнӣ дар расми поёнӣ тасвир гардидааст.

Зербанди Танзими худкори нишонаҳо (Упорядочить значки автоматически)-и банди Намои менюи матнӣ барои ба таври худкор ба тартиб овардани нишонаҳои майдони корӣ пешбинӣ шудааст. Дар мавриди ғайрифаъол будани ин зербанд (мавҷуд

набудани аломати ^ пеш аз номи зербанд), нишонаҳоро бо тарзи дастй, ихтиёрй, бе ягон низоми муайян дар майдони кории миз ҷобаҷо кардан мумкин аст. Зербанди Радифбандии гпӯрии нишонаҳо (Выровнять значки по сетке)-и банди Намо нишонаҳои объектҳои компютериро дар майдони корӣ аз рӯйи низоми ҷадвалӣ ба танзим меорад. Ва ниҳоят, зербанди Инъикоснамоии нишонаҳои мизи корӣ (Отображать значки рабочего стола)-и банди Намои менюи матнӣ барои намоён ё ноаён гардонидани нишонаҳо дар майдо ни кории миз хизмат мерасонад. Дар мавриди ғайрифаъол будани зербанди мазкур нишонаҳои майдони кории миз аз экрани монитори компютер тамоман ноаён (нопадид) мегарданд.

Миқдори объектҳои майдони кории мизро аз рӯйи зарурат дар ҳар як лаҳзаи вақти барои истифодабаранда мувофиқ тағйир додан, яъне каму зиёд кардан, мумкин аст. Масалан, банди Сохтан (Создать)-и менюи матнии равзанаи мизи корӣ (расми тарафи рост) барои илова кардани (сохтани) объектҳои навъи ҷузвдон, тамғаҳои нишонаҳои объектҳо ва санадҳои компютерии гуногуни бо ёрии ягон барномаи татбиқӣ сохташаванда (матнй, ҷадвалй, графикй, рӯнамоӣ ва ғайра) пешбинӣ шудааст. Аз ин технология мо дар мавзӯъҳои оянда хеле зиёд истифода хоҳем бурд. Барои ҳазфи ягон объект

бошад, кифоя аст, ки муш- наморо ба болои нишонааш гузорем, тугмаи чапи мушро пахш кунем ва пас аз интихоб гардидани он, туг- маи «Delete»-po дар сафҳака- лид пахш намоем.

Аз банди Навсозӣ (Обно- вить)-и менюи матнии равза- наи мизи корӣ вақте истифо- да мебаранд, ки агар дар миқдор ё тарзи ҷойгиршавии объектҳо дар майдони кории миз ягон тағйирот ба амал

омада бошад. Ҳангоми пахши банди мазкур нишонаҳои объектҳо ба таври худкор ба тартиб оварда мешаванд.

Фармони Танзим (Сортировка)-и менюи матнии равзанаи мизи корӣ барои аз рӯйи Ном (Имя), Андоза (Размер), Навъ (Тип элемента) ва Санаи тагйирот (Дата изменения) ба танзим овардани объектҳои майдони кории миз пешбинӣ шудааст. Натиҷаи амалкарди ин чор зербанди зикршудаи банди Танзими менюи матнӣ дар расми поёнй, аз тарафи чап ба рост, аз рӯйи номи объектҳо, андозаашон, навъи онҳо ва охирин санаи тағйироташон таҷассум ёфтааст.

Саволҳо:

  1. Объектҳои мизи кории системаи амалиётӣ гуфта чӣ дар назар дошта шудааст?
  2. Объектҳои мизи корӣ дар кадом шаклҳо нигоҳ дошта мешаванд?
  3. Оё миқдор ва тарзи ҷойгиршавии объектҳои мизи кориро тағйир додан мумкин аст? Бо ёрии кадом амалҳо?
  4. Объектҳои майдони кории мизи кориро чи тавр ба танзим овардан мумкин аст?
  5. Амали фармонҳои Намо, Танзим ва Навсозии менюи матнии равзанаи мизи кориро номбар карда метавонед? Онҳоро чӣ гуна рӯйи кор овардан мумкин аст?

Супоришҳо:

  1. Объектҳои майдони кории мизи кории системаи амалиётиро аз назар гузаронед ва якчандтои онҳоро фаъол гардонед.
  2. Аҳамият диҳед, ки онҳо дар лавҳаи масъалаҳои мизи корӣ дар кадом намуд пайдо мешаванд. Ҷойи онҳоро дар лавҳаи масъалаҳо тағйир диҳед.
  3. Бо истифода аз зерфармонҳои фармонҳои Намо, Танзим ва Навсозии менюи матнии равзанаи мизи корӣ тарзи ҷойгиршавии объектҳои майдони кориро бо роҳҳои гуногун ба танзим оред.

Маводҳои ҳамсон