Амнияти иттилоотӣ

Ба дигарон равон намоед

Мақсад ва вазифаҳои ҳифзи иттилоот. Дар тамоми давраҳои таърихи тамаддуни ҷаҳон иттилооти саҳеҳ, пурра ва эътимоднок ҳамеша қадр карда мешуд ва «моли» қиматбаҳо ба ҳисоб мерафт. Дар даврони мо, ки ҳаҷми иттилооти қабул ва коркардшаванда бемайлон ба боло рафта истодааст, қурби он боз ҳам зиёдтар афзудааст. Дар баробари ин, инсон доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иттилооти интиқолшаванда сари вақт, бе таҳриф, мувофиқи муқаррарот ба макон ва соҳиби аслиаш рафта расад. Ҳалли ин масъала, ки ба масъалаи ҳифзи иттилоот ё амнияти иттилоотӣ дохил мешавад, ҳамеша яке аз масъалаҳои рӯзмарра буд ва боқӣ мемонад.

Рушди раванди иттилоотонии ҷомеа ва татбиқи пурраву комили компютер дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон масъалаи амнияти иттилоотиро боз ҳам ба дараҷаҳои болотар бардоштааст. Акнун ҳалли ин масъаларо дар баҳисобгирии маҷмӯи омилҳои нави гардиши иттилоот, эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, ки онҳо дар якҷоягӣ муҳити иттилоотӣ ном гирифтаанд, ҷустан лозим аст.

Муҳити иттилоотӣ маҷмӯи воситаҳо, омилҳо ва усулҳои дар асоси системаҳои компютерӣ фаъолияткунанда мебошад, ки барои эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ равона шудааст.

Маҷмӯи омилҳоеро, ки барои фаъолияти муътадили муҳити иттилоотӣ хавфноканд, таҳдиди иттилоотӣ мегӯянд. Нати- ҷаҳои мушаххаси таъсири ин таҳдидҳо — гумшавии иттилоот, тағйирёбии миқдор ва мазмуни иттилоот, дастрасии иттилоот

ба шахсони номақбул ва ғайра шуда метавонанд. Таъсири ғайриқонунӣ ва зиддиҳуқуқӣ ба муҳити иттилоотӣ метавонад ба манфиатҳои шахси алоҳида ва ҷамъият зарари ҷиддӣ оварад. Аз ин рӯ, амнияти муҳити иттилоотӣ ва тоза нигоҳ доштани он аз таҳдидҳои иттилоотӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи иттилоотонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Амнияти иттилоотӣ маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотии ҷомеа ва инсон аст.

Мақсадҳои асосии амнияти иттилоотӣ инҳоянд:

  1. ҳифзи манфиатҳои миллӣ;
  2. таъмини ҷомеа ва шахс бо иттилооти пурра ва эътимоднок;
  3. ҳифзи ҳуқуқҳои давлат, ҷомеа ва шахс дар қабул, истифода ва паҳнкунии иттилоот.

Объектҳои иттилоотии зерин барои ҳифз эҳтиёҷ доранд:

  1. захираҳои иттилоотӣ;
  2. системаҳои эҷодкунӣ, паҳнкунӣ ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ;
  3. зерсохторҳои иттилоотии ҷомеа — иртиботи иттилоотӣ, шабакаҳои робитавӣ, марказҳои таҳлилӣ ва коркарди додаҳо, системаҳо ва воситаҳои ҳифзи иттилоот;
  4. воситаҳои ахбори омма;
  5. моликияти зеҳнӣ ва иттилооти махфӣ.

Таҳдиди иттилоотӣ. Манбаи таҳдиди иттилоотии шахс ва ҷомеаро ба омилҳои берунӣ ва дохилӣ ҷудо мекунанд.

Манбаъҳои асосии таҳдидҳои берунӣ:

  сиёсати мамлакатҳое, ки дастрасии комёбиҳои ҷаҳониро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ халалдор месозанд;

  «ҷанги иттилоотӣ», ки фаъолияти муҳити иттилоотиро дар мамлакат номуътадил мегардонад;

  фаъолияти ҷиноятӣ, ки бар зидди манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.

Манбаъҳои асосии таҳдидҳои дохилӣ:

  қафомонӣ аз сатҳи иттилоотонии мамлакатҳои мутараққӣ;

  қафомонии технологӣ дар саноати электронии истеҳсоли техникаи иттилоотӣ ва иртиботӣ (коммуникатсионӣ);

  пастравии сатҳи маърифатии шаҳрвандон, ки монеаи рушди муҳити иттилоотӣ гардидааст.

Таҳдидҳои амнияти иттилоотиро дар навбати худ ба таҳдидҳои ғаразнок (мақсаднок, барқасд) ва тасодуфӣ тақсим мекунанд. Таҳдиди ғаразнокро таҳдиди дастрасии беиҷозат, ҳамла ё ҳуҷум мегӯянд. Ин намуди таҳдид бо амалҳои шахсоне алоқаманд аст, ки онҳо ба худсобиткунӣ ё худсанҷии дониш, малака ва имкониятҳои компютерӣ (haker — ҳакир) машғуланд. Ин нафарон бо ҳамин роҳ норозигии худро нисбат ба вазъи иҷтимоӣ намойиш додан мехоҳанд, манфиатҳои моддӣ меҷӯянд ё танҳо барои вақтхушӣ (craker — кракир) ба ин амали номатлуб даст мезананд. Номгӯи таҳдидҳои ғаразнок ба имконият ва сайри хаёлоти татбиқгарони ин ғояҳо вобаста буда, хеле рангоранг буда метавонад. Баъзе таҳдидҳои ғаразноки намунавии системаҳои компютерӣ:

  дуздии иттилоот — дастрасии беиҷозати парвандаҳо дар шакли дидан ва нусхабардорӣ кардан. Ғорати компютерҳо ва барандагони иттилоот, ҳазф ва барбоддиҳии иттилоот;

  паҳнкунии вирусҳои компютерӣ;

  таъсири ҷисмӣ ба сахтафзори электронӣ — вайронкунӣ, пайвастан ба каналҳои алоқа, шикастани барандагони иттилоот, ба воситаи майдони магнитӣ таъсири барқасдона расонидан.

Таҳдидҳои ғаразнок дар системаҳои компютерӣ метавонанд тавассути каналҳои дастрасӣ ба иттилоот — компютери фардӣ, ҷойи кории маъмури системаи компютерӣ, барандагони иттилоот (диск, фитта, коғаз) ва каналҳои алоқаи беруна амалӣ гардонида шаванд.

Таҳдидҳои тасодуфӣ бештар дар равандҳои иттилоотӣ — ҳангоми дохилкунӣ, нигаҳдорӣ, коркард, хориҷкунӣ ва интиқоли иттилоот рӯй медиҳанд. Сабаби асосии рӯй додани

таҳдидҳои тасодуфӣ омилҳои тасодуфӣ ба ҳисоб мераванд. Омилҳои тасодуфӣ ба ҳолатҳои фавқулодда (форс-мажор) ва антропогенӣ (инсонӣ: саҳву хато, хунукназарӣ, беаҳаммиятӣ) тақсим мешаванд. Масалан, сабабгори асосии носозиҳо дар системаҳои компютерӣ метавонанд омилҳои тасодуфии зерин бошанд:

  хатоҳои истифодабарандагони компютерҳо;

  хатоҳои лоиҳакашони касбии системаҳои иттилоотӣ — алгоритмӣ, барномавӣ, сохторӣ;

  аз кор мондани сахтафзор ё пайдошавии нуқсон дар кори он — таҳрифи сигнали каналҳои алоқа, халалҳои иттилоотӣ;

  вазъи форс-мажорӣ — садама, сӯхтор, обхезӣ, заминҷунбӣ ва ғайра.

Усулҳои ҳифзи иттилоот. Ба усулҳои анъанавии ҳифзи иттилоот — гузоштани маҳдудият ба дастрасӣ ва рамзбандии иттилоот (криптография, назорати истифодаи сахтафзор ва тадбирҳои қонунгузорӣ) дохил мешаванд.

Маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот дар ду сатҳ гузаронида мешавад. Сатҳи якум — гузоштани монеаҳои сунъӣ дар муҳити зист: ба мутасаддиён додани иҷозатномаи махсус, гузоштани воситаҳои сигналдиҳии мудофиавӣ ва системаҳои видеона- зоратӣ. Сатҳи дуюм — ҳифзи системаи компютерӣ: ба ҳиссаҳо тақсим кардани иттилооти дар система маҳфузбуда ва муво- фиқи вазифаҳои функсионалии мутасаддиён додани иҷозати дастрасӣ ба ҳиссаи ба онҳо тааллуқдошта. Ҳар як мутасаддӣ аз рамзи махфии дастрасӣ ба иттилоот истифода мебарад.

Рамзбандии иттилоот, ки онро криптография низ мегӯянд, бо ёрии алгоритмҳои махсус табдил додани калимаҳо, ҳиҷоҳо ва ҳарфҳои матнро дар назар дорад. Усули рамзбандӣ амнияти интиқоли иттилоотро тавассути шабакаҳо хеле афзун мегардонад. Пас аз қабули иттилооти рамзӣ онро бо истифода аз усулҳои дигар аз нав кушодан мумкин аст.

Назорати истифодаи сахтафзор аз гузоштани датчикҳои эҳтиётӣ иборат аст. Ҳангоми кушодани ягон қисми техникӣ

онҳо бонги хатар мезананд. Чунин тадбирҳо асосан барои ба шахсони тасодуфӣ дастнорас гардонидани таҷҳизоти техникӣ, тағйир дода натавонистани реҷаҳои кори системаи компютерӣ, боркунии барномаҳои нолозим ё ба кори муътадили компютер халалворидкунанда пешбинӣ мешаванд.

Тадбирҳои қонунгузорӣ барои иҷрои қонунҳо, қарорҳо ва дастурҳои давлатию ҳукуматӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва масъул гузаронида мешаванд. Онҳо аз нигоҳи қонун барои ихроҷи маълумот, ҳазф ё тағйирдиҳии иттилооти ба онҳо боваркардашуда ба ҷавобгарии ҷиноӣ ё маъмурӣ кашида мешаванд.

Ҳангоми интихоби усулҳои ҳифзи иттилоот барои шабакаи мушаххаси компютерӣ зарур аст, ки ҳамаи шаклҳои имкон- пазири дастрасии ғаразноки иттилоот мавриди таҳлили ҳама- тарафа қарор дода шавад. Аз рӯйи натиҷаҳои таҳлил тадбирҳои мушаххаси ҳифзи иттилоот ба нақша гирифта мешавад, ки онро сиёсати бехатарӣ мегӯянд.

Сиёсати бехатарӣ маҷмӯи тадбирҳои техникӣ, барномавӣ ва

ташкилӣ буда, барои ҳифзу амнияти иттилоот дар шабакаҳои компютерӣ равона карда шудааст.

Барои ҳифзи иттилоот аз таҳдидҳои тасодуфии иттилоотӣ дар системаҳои компютерӣ воситаҳои зерини тавсеаи эътимоднокии сахтафзор татбиқ карда мешаванд:

  беҳтар намудани эътимоднокии қисмҳо ва ҷузъҳои электронию механикӣ;

  тавсеаи сохторӣ — истифодаи дучанд ё сечанди ҷузъҳо, таҷҳизот ва зерсистемаҳо дар система;

  назорати функсионалӣ бо ташхиси ноҷӯриҳо — дарёфти нуқсонҳо, қисмҳои вайрона ва хатоҳои барномавӣ. Нишон додани мавқеи ҷузъҳои нуқсондор, ҳазфи онҳо, таъмин намудани ҷараёни қаноатбахши коркарди иттилоот.

Яке аз усулҳои муфиди ҳифзи иттилоот, ин дар санадҳои электронӣ истифода бурдани имзои электронии рақамӣ ба

ҳисоб меравад. Имзои электронии уакамӣ (ИЭР) — воситаи барномавӣ-криптографӣ буда, маълумоти ҳатмии (реквизити) санади электронӣ, шиносномаи манбаъҳои иттилооти истифо- дашуда ва муҳофизи қонунии санад ба ҳисоб меравад. ИЭР сан- ҷиши яклухтӣ (бутунӣ), нигаҳдории махфӣ ва муайянкунии шахси интиқолдеҳи санадро таъмин менамояд.

Моҳияти имзои электронии рақамӣ аз он иборат аст, ки бо ёрии хэш-функсияи криптографӣ сатри рамзии нисбатан кӯтоҳ сохта мешавад. Ин сатр дар санҷиши баъдинаи аслияти санад (ҳуҷҷат) истифода бурда мешавад. Бо чунин хэш сохтани санади дигаре, ки вай бо нусхаи асли ин санад якхела бошад, кори бениҳоят душвор аст. Сатри рамзӣ тавассути калиди пӯшидаи соҳиби санад рамзбандӣ гардида, ба он ҳамроҳ карда мешавад. Санҷишгар хулосаи худро оид ба асил ё ноасл будани санад танҳо пас аз бо калиди кушода рамзкушоӣ намудани он мебарорад. Санад дар он сурат асил ҳисобида мешавад, агар хэши аз рӯйи он хондашуда бо хэши рамзкушодаи санад айнан якхела бошад. Калиди кушодаро танҳо аз манбаъҳои боваринок гирифтан мумкин аст.

Саволҳо:

  1. Муҳити иттилоотӣ гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Таҳдиди иттилоотӣ чист?
  3. Ба таҳдидҳои берунаи иттилоотӣ кадом омилҳо дохил мешаванд? Ба таҳдидҳои дохилӣ чӣ?
  4. Амнияти иттилоотии шахсро чӣ гуна таъмин кардан мумкин аст? Амнияти давлат, компютер, шабакаи маҳаллиро чӣ?
  5. Кадом таҳдидҳои иттилоотиро ғаразнок меноманд? Тасодуфӣ чӣ?
  6. Кадом усулҳои ҳифзи иттилоотро аз таҳдидҳои иттилоотии ғаразнок медонед? Аз тасодуфӣ чӣ?
  7. Сиёсати бехатарӣ чист?

Супориш:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат хонед ва муҳити иттилоотиро барои объектҳои намуди мактаб, китобхона, оила ва кинотеатр тасвир намоед.
  2. Омилу шароитҳои муҳимеро номбар кунед, ки онҳо ҳангоми эҷоди усулҳои ҳифзи иттилоот ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Маводҳои ҳамсон