Амплитуда, давр ва басомади лаппиш

Ба дигарон равон намоед

Бузургиҳои асосие, ки лаппишро тавсиф менамоянд, амплитуда, давр ва басомад ба шумор мераванд.

Дар расми 1.2.1 лаппиши бори ба пружин пайвасткардашуда нишон дода шудааст. Ҷойивазкунии зиёдтарини ҷисми лаппандаро аз ҳолати мувозинатиаш амплитудаи лаппиш меноманд. Қимати амплитуда барои пружини фишурдашуда ба — A (расми 1.2.1, б) ва барои пружини дарозшуда ба A (расми 1.2.1, e) баробар мебошад.

Вобаста ба қимати майлкунии ҷисм аз мавқеи мувозинатиаш амплитуда қиматҳои гуногун гирифта метавонад. Фосилаи вақте ки дар давоми он ҷисм як лаппиши пурра менамояд, даври лаппиш номида мешавад. Даври лаппиш бо сонияҳо чен ва бо T ишора карда мешавад.

Адади лаппишҳои дар вохиди вақт ба амал ояндаро басомади лаппиш  меноманд.

Басомади лаппиш бо даври он чунин вобастагӣ дорад:

Басомади лаппиш бо Ҳертс (Ҳ) чен карда мешавад. Aгap ҷисм дар як сония як лаппиши пурраро иҷро намояд, басомади он ба 1 Ҳ баробар мешавад:

Инчунин аз воҳидҳои басомад, килоҳертс (кҲ), мегаҳертс (МҲ) ва гигаҳертс (ГҲ) истифода мебаранд:

1кҲ= 1000 Ҳ, 1МҲ=1000кҲ=106 Ҳ, 1ГҲ=109 Ҳ.

САВОЛҲО БАРОИ TAKPOP

  1. Лаппишҳо бо кадом бузургиҳо тавсиф карда мешаванд?
  2. Амплитудаи лаппиш гуфта, чиро меноманд?
  3. Даври лаппиш чист?
  4. Басомади лаппишро таъриф диҳед.
  5. Вобастагии басомади лаппиш аз даври он бо кадом формула ифода карда мешавад?
  6. Ба сифати воҳиди басомади лаппиш чӣ қабул карда шудааст?

МАШҚ

  1. Раққосак 50 лаппишро дар 100 с иҷро мекунад. Давр ва басомади лаппишро ёбед. (Ҷавоб: 2 с; 0,5 Ҳ)
  2. Ҷисм дар муддати 80 сония 10 лаппиши пурра кард. Даври лаппишро ёбед. (Ҷавоб: 8 с)

Маводҳои ҳамсон