Афтиши озоди ҷисмҳо

Ба дигарон равон намоед

Афтиши ҷисмҳоро дар фазои беҳаво (вакуум) афтиши озод
меноманд.

Афтиши озоди ҷисмҳо мавриди муҳими ҳаракати собитшитоб ба ҳисоб меравад. Aгap афтиши озоди ҷисм бе суръати ибтидои ба вуҷуд ояд, формулаҳои (1.1.10)-po барои ин маврид татбиқ намудан мумкин аст. Аз сабаби он ки шитоби афтиши озод барои ҳамаи ҷисмҳо як хел аст (онро бо харфи g ишорат мекунанд), дар системаи сарҳисоби ба Замин алоқаманд (самти тири координатаро амудан ба поён гирифта) формулаҳои номбурда ин тавр навишта мешаванд:

Aгap ба ҷисм суръати ибтидоие бахшида шавад, ки самташ ба поён бошад, он гоҳ муодилаҳои ҳаракат намуди зайл мегиранд:

Ҷисми амудан ба боло партофташуда низ дорои шитобест, ки ба поён самт дорад. Барои системаи сарҳисоби ба сатҳи Замин алоқаманд (aгap тири координата амудан ба боло равона бошад) ҳосил мекунем:

Масъалаи 1. Aгap санги аз даст раҳогашта ба сатҳи оби чоҳ дар
Зс афтад, пас чукурӣ то сатҳи оби чоҳ чӣ қадар аст? Ҳангоми ба сатҳи
об бархӯрдан санг ба кадом суръат соҳиб мешавад?

Ҳал. Системаи сарҳисобро ба сатҳи Замин алоқаманд қабул
намуда, тири координатаро ба қаъри чоҳ равона ҳисоб мекунем.
Масофае, ки онро санг ҳангоми афтиши озод мепаймояд, ба

Азбаски

 аст, пас суръати ҷисми афтанда ба  баробар аст, бинобар ин дар охири сонияи сеюм вай ба

 баробар хоҳад шуд.

Масъалаи 2. Кафшергар нӯги боқимондаи электродро аз даст афтонд. Aгap электрод ҳангоми ба Замин расидан суръати  дошта бошад, пас кафшергар дар кадом баландӣ кор мекардааст?

Ҳал. Барои ҳисоб кардани баландие, ки аз он электрод меафтад, аз формулаи

 истифода мекунем. Дар натиҷа

ҳосил мешавад.

Саволҳои санҷишӣ

  1. Муодилаҳои ҳаракати ростхатта собитшитобро нависед. Шартҳои ибтидоии гуногунро истифода бурда, аз ин муодилаҳо барои ҳолатҳои хусусии ҳаракати собитшитоб формулаҳо ҳосил намоед.
  2. Чӣ гуна ҳаракатро афтиши озод меноманд?
  3. Исбот кунед, ки дар ҳаракати ҷисми амудан ба боло партофташуда вақти болоравӣ ба вақти аз боло то ба нуқтаи партофташавӣ баргаштани ҷисм баробар аст.
  4. Исбот кунед, ки ҷисми амудан ба боло партофташуда ба нуқтаи (мавқеи) аввалааш бо ҳамон суръати ибтидоӣ бармегардад.

Машқи 6

  1. Қатораи метро баъди 40 сонияи оғози ҳаракат ба суръати 15 м/с соҳиб мешавад. Шитоби қатораро ёбед.
  2. Автомошинаи «Волга» бо шитоби 0,8 м/с2 дар 16 с-и ҳаракати худ ба чӣ гуна суръат соҳиб мешавад? Вай дар ин фосилаи вақт чӣ қадар роҳро тай мекунад?
  3. Дар расми 24 графикҳои суръати чор
    мошин нишон дода шудааст. Суръати харакати ҳар яке аз онҳоро дар ибтидои ҳаракат (t=0) ва баъди 5c муайян кунед.
  4. Графикҳои суръати ҳаракати ду ҷисм дар расми 25 нишон дода шудаанд. Суръатҳои ибтидоӣ ва шитоби ин ҷисмҳоро муайян кунед. Дар кадом лаҳзаи вақт қимати мутлақи суръатҳои ҷисмҳо якхела шудаанд? Ҷисмҳо чӣ гуна ҳаракат кардаанд: ба як тараф ё ба самтҳои гуногун?
  5. Саққо, рулетка ва сониясанҷро истифода бурда, ба қимати шитоби афтиши озод чӣ тавр баҳо додан мумкин аст?
  6. Тӯб ва сониясанҷро истифода бурда, баландии хонаро чӣ тавр муайян кардан мумкин?

Маводҳои ҳамсон