Ашёи моро иҳотакарда аз чиҳо сохта шудаанд?

Ба дигарон равон намоед
Ашё кулли ҳамон чизҳоеанд, ки гирду
атрофи моро иҳота кардаанд. Онҳоро мушоҳида
кардан, ламс намудан (палмосидан) ва эҳсос
кардан мумкин аст (аз он ҷумла газро, ки дидаву палмосида наметавонем). Ашё
асосан ҷои муайянро ишғол менамояд ва
вазн доранд. Ҳамаи он чизҳое, ки моро иҳота мекунанд, материя (ҳастӣ). Яъне материя (ҳастӣ) — ҳамон чизест, ки
гирду атрофи моро иҳота кардааст.
Материя (ҳастӣ) фазои муайянро ишғол мекунад, бинобар ин ҳаҷм
ва вазн дорад. Гоҳо истилоҳи
«материал» низ истифода мешавад, ки аз ҳамон материя гирифта шудааст.
Материалҳо шаклҳои гуногуни материя (ҳастӣ) мебошанд. Онҳо аз
якдигар фарқ мекунанд, зеро материяе (ҳастӣ), ки онҳоро ташкил мекунад, хусусиятҳои гуногун дорад.

Маводҳои ҳамсон