Барандагони иттилоот

Ба дигарон равон намоед

Воситаҳои нигаҳдорӣ ва сабти иттилоотро барандагони иттилоот ном мебаранд. Одамон барои нигоҳ доштани иттилоот дар ҳар давру замон аз воситаҳои гуногун истифода бурдаанд. Аз ин рӯ, онҳо мувофиқи имкониятҳои техникии замони худ ба сифати барандаи иттилоот санг, дарахт, девор, пӯст, коғаз, фиттаи навор, дискҳои магнитӣ, нурй, лазерй, флэшкорт ва дигар воситаҳоро мавриди истифода қарор додаанд.

Агар осори иттилоот дар шакли ягон аломат ё тасвир дар рӯйи санг, танаи дарахт ё коғаз гузошта шуда бошад, он гоҳ гуфтан метавон, ки ваӣ бо ёрии дасти инсон ё ягон афзор (искана, қалам, мӯқалам ва ғайра) иҷро карда шудааст. Чунин осорро бо чашми одӣ низ дидан мумкин аст. Вале агар ба сифати барандаи иттилоот навори расм, фиттаи магнитӣ ё диски нурӣ истифода шуда бошад, он гоҳ барои нигоҳ доштани иттилоот дастгохдои махсус — табдилгарони техникии иттилоот лозим меоянд. Масалан, барои сабти иттилоот дар навори расм (фотоплёнка) ҳатман дастгоҳи аккосӣ ва дар фиттаи (лентаи) магнитӣ — магнитофон зарур аст. Чунин хосияти барандагони иттилоот имконияти механиконӣ ва худкорсозии раванди нигахдорӣ ва расонидани иттилоотро фароҳам овардааст.

Компютер на танҳо табдилгари иттилоот, балки мусоидатгари ихтирои барандагони муосири иттилоот низ мебошад. Масалан, дар гузаштаи начандон дур барои нигоҳ доштани иттилоот аз дискҳои магнитии чандир (floppy disks) истифода мебурданд. Ин дискҳоро ҳоло дискҳои нурй, лазерӣ ва дигар барандагони электронии иттилоот иваз кардаанд. Барои нигаҳдории миқдори зиёди иттилоот аз дискҳои «сахт» (hard disks) истифода мебаранд, ки онҳоро винчестер мегӯянд.

Фиттаҳои магнитй, дискҳо ва флэшкортҳо барои компютерҳои фардӣ вазифаи хотираи беруниро иҷро мекунад. Онҳо барои сабт намудан, аз як компютер ба дигар компютер интиқол додан ва барои дуру дароз ё муваққатан нигоҳ доштани иттилоот хизмат мерасонанд.

Иттилоот тавассути дастгоҳҳои сабт (масалан, дисқдонҳо) дар барандагони иттилоот сабт мегардад ё аз он хонда мешавад. Одатан дискдонҳои дискҳои чандир, нурӣ ва винчестер дар блоки системавӣ ҷойгиранд. Бо пайдоиши дискҳои нурӣ ва флэшкортҳо доираи истифодабарандагони дискҳои навъи куҳна коста гардидааст.

Барандагони иттилоот аз ҳамдигар бо чунин нишон- диҳандаҳояшон фарқ мекунанд:

  • ғунҷоиш — миқдори иттилооти ҳифзшаванда;
    • зудкорӣ — вақти дастрасии иттилоот ва суръати хондану сабти он;
  • интерфейс — намуди нозире, ки баранда бо он пайваст аст.

Флэшкорт барандаи электронии иттилоот мебошад. Онро корти хотира (flash memory) низ мегӯянд. Ваӣ таҷҳизоти хурд, серғунҷоиш, ихчам (компакт), устувор, зудкор, мустаҳкам, арзон, аз барқ новобаста ва азнавсабтшаванда мебошад. Бо он тамоми амалҳои маъмули корбарӣ бо дискҳоро иҷро кардан мумкин аст. Принсипи кори корти хотира бо принсипи кори хотираи фаврии компютер хеле монанд аст. Кортҳои хотира имрӯз дар таҷҳизоти гуногуни электронй, аз қабили дастгоҳҳои аккосии рақамй, телефонҳои ҳамроҳ, ноутбукҳо, аудионавозҳои рақамии портативӣ ва ғайра ҳамчун ҷузъи

ҳатмӣ насб карда мешаванд. Тибқи пешдид технологияи флэшхотира бояд ҷойгузини технологияи винчестерии КФ гардад.

Саволҳо:

  1. Барандаи иттилоот чист?
  2. Кадом барандаҳои куҳан ва муосири иттилоотро номбар карда метавонед?
  3. Маълум аст, ки иттилоот моддӣ нест. Барандаи иттилоот моддист ё на? Барои чй?
  4. Барандагони иттилоот аз ҳамдигар бо кадом нишонди- ҳандаҳояшон фарқ мекунанд?

Супоришҳо:

  1. Дар бораи вазифаҳо ва тарзи кори барандагони иттилоот нақли хаттӣ нависед.
  2. Намуд, ном ва фарқи якчанд барандаи гуногуни иттилоотро номбар кунед.
  3. Тарзи аз компютер ба дигар компютер интиқол додани иттилоотро машқ кунед.

Маводҳои ҳамсон