Барномаи стандартӣ

Ба дигарон равон намоед

Барномаҳои стандартӣ дар системаи амалиётии Windows — маҷмӯи барномаҳои муфид ва маъруфе мебошанд, ки ҳангоми дар компютер насб намудани системаи амалиётӣ, бидуни восита онҳо низ ба таври худкор дар компютер насб мегарданд. Аз ин рӯ, ин гурӯҳи барномаҳоро барномаҳои таркибии системаи амалиётӣ низ мегӯянд.

Барномаҳои стандартӣ барои амалигардонии мақсадҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Мо дар синфи 5 аллакай бо ду барномаи ин гурӯҳ — виросторони матнии NotePad BaWordPad шиносоӣ пайдо карда будем. Имсол низ, дар мавзӯъҳои оянда, мо бо чанд барномаи дигари ин гурӯҳ шинос хоҳем шуд.

Умуман, дар системаи амалиётии Windows 10 барномаҳои стандартиро бо ёрии силсилафармонҳои Огоз (Пуск) -Ҳамаи замимаҳо (Все приложения) ► Стандартӣ- Windows (Стандартные-Windows) рӯйи кор овардан мумкин аст.

Қариб тамоми барномаҳои стандартии СА Windows бо дастури корбарӣ — маълумотномаи дохилӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ оид ба барномаи стандартӣ ё ягон ҷузъ (объект)-и алоҳидаи он, кифоя аст, ки дар сафҳакалид тугмаи функсионалии «Ғ1» ё дар тарафи рости сатри менюи барнома «аломати савол» — «?» (дар мавриди мавҷуд будани чунин аломат) пахш карда шавад.

Ҳамин тариқ, дарҳол пас аз насби СА Windows, бе истифодаи ягон замимаи иловагӣ, компютерро барои иҷрои бисёр корҳои муфид сафарбар кардан мумкин аст. Таъминкунандаи асосии ин гуна имконот — барномаҳои стандартии таркибии системаи амалиётӣ мебошанд. Барномаҳои стандартӣ муаррифгари гунаҳои одии замимаҳои татбиқии истифодаи умум ба ҳисоб мераванд.

Барномаҳои мазкур имконият медиҳанд, ки навомӯзон бо реквизитҳои (ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа — барномаҳои ҳатмии СА) Windows шоносоӣ пайдо намуда, бо истифода аз буфери мубодилаи СА байни замимаҳои гуногуни система мубодилаи иттилоот барпо намоянд.

Барномаҳои стандартӣ метавонанд ба рушди завқи идроки навомӯзон, малакаҳои корбарии онҳо бо муш ва сафҳакалид, худсанҷишии фаннии онҳо, баландбардории қобилияти хулосабардорӣ ва ёддоштнависии хонандагон мусоидат намоянд.

Муҳимтар аз ҳама, барномаҳои стандартӣ метавонанд фарҳанги иттилоотии хонандагонро рушд дода, онҳоро дар рӯҳияи зиракӣ, ҳушёрӣ, дақиқкорӣ, бонизомӣ, устуворӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.

Тарзҳои кушодани равзанаҳои барномаҳои стандартӣ ва усулҳои истифодаи онҳо аз ҳамдигар кам фарқ доранд. Ҳоло бо таъйиноти ин барномаҳо шинос хоҳем шуд.

■ Internet Explorer — барнома-браузер буда, «интернет эксплорер» хонда мешавад, нармафзори таркибии СА Windows ба ҳисоб меравад, барои кушодану корбарии сомонаҳои интернетӣ пешбинӣ шудааст. Ширкати Microsoft аз соли 1995 то соли 2015 пайваста гунаҳои рушдкунандаи ин барномаро рӯйи кор овардааст. Дар

системаи амалиётии Windows 10 ҷойи Internet Explorer ба браузери наву тавоно Microsoft Edge супорида шудааст.

  • Paint — виростори графикӣ (утилити махсуси функсионалӣ) буда, барои расмкашӣ ва таҳрир намудани тасвирҳо пешбинӣ шудааст. Бо ёрии Paint тасвирҳои ҳам одӣ ва ҳам мураккабро сохтан, онҳоро дар шакли парванда нигоҳ доштан, дар коғаз чоп кардан, ҳамчун заминаи мизи кории СА истифода бурдан ва дар дигар санадҳо гузоштан мумкин аст. Виростори графикии Paint асосан барои коркарди тасвирҳои растрӣ (нуқтавӣ)-и форматҳои «.jpg», «.gif» ё «.bmp» истифода бурда мешавад.
  • WordPad — протсессори матнӣ буда, нисбат ба виростори матнии NotePad барномаи мураккабтари коркарди матнҳо ба ҳисоб меравад. Бо ёрии барномаи мазкур матнро натанҳо ворид, балки таҳрир ва форматбандӣ кардан мумкин аст. Усулҳои коркарди матнҳо дар протсессори матнии WordPad стандартӣ буда, матни ба воситаи он тайёркардашударо дар протсессорҳои матнии тавонотар низ истифода бурдан имконпазир аст.
  • Дафтари ёддошт. (Блокнот, NotePad) — виростори содатарини матнӣ, ки барои сохтани санадҳои одии беформати матнӣ, нигахдорӣ ва чопи онҳо дар шакли парванда пешбинӣ шудааст. Ин барномаро барои он дафтари ёддошт ном мебаранд, ки вай бештар барои сабти ёддоштҳо, мактубҳо ва маълумотҳо созгор аст. Усулҳои ҷудокунии матн, таҳрир ва ба буфери мубодила равон кардану аз он гирифтани матн дар ин барнома мутлақо стандартӣ буда, матни дар он коркардшуда дар тамоми виросторони дигари матнӣ бе ягон тағйирот қабул карда мешавад.
  • Ёрии фаврӣ (Быстрая помощь) — барномаи стандартӣ барои пайваст шудан ба компютери дигар истифодабаранда, бо мақсади расонидани ёрии фаврӣ дар бартарафкунии нуқсони барномавӣ.

Қайчӣ (Ножницы) — барномаи стандартӣ барои ҷудо кардан, дар шакли парванда нигоҳ доштан ва дар дигар барномаҳо истифода бурдани тасвири қитъаи дилхоҳи экрани (скриншот — screenshot) компютер.

Лавҳаи математикӣ (Панель математического ввода) — барномаи стандартӣ барои аз планшет ё бо ёрии муш ворид кардани ифодаҳои математикӣ ва шинохти ин гуна ифодаҳо. Аз барномаи мазкур дар дарсҳои математика ва физика истифода бурдан муфид аст.

Пайвандсозӣ бо мизи кории фосилавӣ (Подключение к удаленному рабочему столу) — барномаи стандартӣ барои пайвастани компютери додашуда ба компютери дар фосилаи дур ҷойгирбуда. Пас аз пайвастшавӣ, бо компютери фосилавӣ тавре кор кардан имконпазир аст, ки гӯё бо мизи кории компютери худ кор карда истода бошӣ. Яъне тамоми захираҳои иттилоотии компютери фосилавӣ дастраси компютери мавҷуда мегардад.

■ Дастгоҳи навозиши Windows Media (Проигрыватель Windows Media) — барномаи стандартӣ барои шунидан, тамошо кардан ва корбарӣ бо парвандаҳои садоӣ ва видеоӣ дар муҳити гунаҳои системаи амалиётии Windows.

Дастгоҳи навозиши Windows Media (Windows Media Player ё WMP) ба ғайр функсияҳои аудиоӣ ва видеой, инчунин имконияти нусхабардорӣ ва сабт карданро дар форматҳои Audio CD, MP3 CD ва ғайра, аз плеерҳои рақамӣ ва дигар воситаҳои мобайлӣ ба компютер ва баръакс, таъмин карда метавонад.

Воситаи дидани XPS (Средство просмотра XPS) — барнома бо санадҳои XPS (XML Paper Specification) иҷро намудани амалҳои азназаргузаронӣ, ҷустуҷӯ, насб ва ғайраро таъмин менамояд. Санади XPS — дилхоҳ парвандаест, ки дар формати XPS нигоҳ дошта шудааст. Ин гуна санадҳоро бо ёрии ҳар гуна барномаи Windows, ки дорои имконияти чопи санадҳо мебошад, сохтан мумкин аст, аммо азназаргузаронии онҳо танҳо бо ёрии «Воситаи дидани XPS» имконпазир аст.

Факс ва скан (Факсы и сканирование) — барномаи стандартӣ барои интиқолу қабули факсҳо ва дарёфти иттилоот бо ёрии сканер мебошад.

а) Ҳангоми истифодаи барномаи мазкур барои корбарӣ бо факсҳо, ҳоҷат ба мавҷуд будани дастгоҳи факсималӣ шарт нест. Қабул ва интиқоли факсҳо тавассути худи компютер анҷом дода мешаванд. Барнома имкон медиҳад, ки факсҳо натанҳо интиқол ё қабул карда шаванд, балки онҳо дар коғаз чоп карда шаванд, бо почтаи электронӣ фиристода шаванд ва дар намуди парвандаи факсӣ нигоҳ дошта шаванд.

Барои иҷрои амалҳои зикршуда зарур аст, ки:

  1. Компютер бо хати телефон пайваст бошад. Агар барои кори компютер модеми беруна зарур бошад, он гоҳ аввал хати телефонро бо модем ва баъд модемро бо компютер пайваст кардан лозим аст.
  2. Дар лавҳаи абзор тугмаи «Факс сохта шавад» (Создать факс)-ро пахш кардан лозим аст.
  3. Тибқи нишондодҳои мастери насби факс-модем корро ба роҳ монда, пас аз интиҳои он факси худро сохтан мумкин аст.

б) Барои дарёфти иттилооти матнӣ ё графикӣ бо ёрии сканер, аввал худи сканерро ба компютер пайваст кардан зарур аст. Санади сканшавандаро пеш аз амалгузаронӣ дидан ва параметрҳои қабули (гирифтани) иттилооти онро ба танзим овардан мумкин аст. Парвандаҳои

 сканиро ба воситаи факс ё почтаи электронӣ интиқол додан ва дар коғаз чоп намудан имконпазир мебошад. Барои иҷрои амалҳои зикршуда зарур аст, ки:

  1. Сканерро ба компютер пайваст намуда, санадро ба сканер гузоштан лозим аст.
  2. Тугмаи амрии «Скан кардан» (Сканировать)-и банди «Факсҳо ва сканерҳои Windows» (Факсы и сканеры Windows)-H дар қисми чапи лавҳа ҷойгирбударо пахш кардан лозим аст.
  3. Параметрҳои скансозиро интихоб намуда, амали сканро иҷро намудан мумкин аст.

■ Афзорҳои системавӣ (System Tools) — ҷузвдони системавӣ бо парвандаи системавии «Ҷадвали аломатҳо». Парвандаи мазкур ба истифодабаранда имконият муҳайё месозад, ки аломатҳои дар сафҳакалид мавҷуднабударо ба матни санадҳо ҳамроҳ намояд.

Саволҳо:

  1. Кадом барномаҳои системаи амалиётии «Windows»-po барномаҳои стандартӣ мегӯянд?
  2. Барномаҳои стандартиро чӣ тавр рӯйи кор овардан мумкин аст?
  3. Вазифаҳои барномаҳои стандартӣ аз чӣ иборат аст?
  4. Шумо бо кадом барномаҳои стандартӣ кор кардаед?
  5. Internet Explorer чӣ вазифа дорад? Paint чй?

Супоришҳо:

  1. Бо истифода аз барномаи стандартии «Қайчй» қитъаи муайяни мизи кории компютерро ҷудо кунед ва онро ҳамчун расм дар ягон парвандаи матнӣ гузоред.
  2. Бо ёрии барномаи стандартии «Лавҳаи математикӣ» ду ифодаи математикӣ созед.
  3. Дастгоҳи навозиши «Windows Media»-po ба кор омода созед ва ягон парвандаи мусиқиро кушоед.
  4. Бо ёрии барномаи стандартии «Факс ва скан» аз китоби дарсӣ мавзӯи ҷориро скан кунед ва онро ҳамчун парванда дар компютер нигоҳ доред.

Маводҳои ҳамсон