Барномаи татбиқӣ

Ба дигарон равон намоед

Маҷмӯи барномахреро, ки барои ҳалли масъалаҳои амалӣ пешбинӣ шудаанд, барномаҳои татбщӣ меноманд. Масъалаҳои амалӣ — масъалаҳои истифодабарандагон мебошанд.

Барномаҳои татбиқӣ ба ҳайати таъминоти барномавии компютер дохил мешаванд. Онҳоро аз рӯйи таснифот ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: барномаҳои татбиқии таъйиноти умум ва барномаҳои татбиқии таъйиноти махсус (касбй).

Барномаҳои татбиқии таъйиноти умум — маҷмӯи барномаҳое мебошанд, ки барои ҳалли масъалаҳои универсалӣ ва умумитарин пешбинӣ шудаанд. Ин гуна барномаҳоро қариб тамоми корбарони компютер истифода мебаранд. Бо баъзе барномақои татбиқии одитарин (виросторони матнӣ) мо аллакай шинос ҳастем. Ҳоло таъйинот ва номгӯи гурӯҳбандишудаи кулли ин барномаҳоро пешкаш менамоем.

  • Виросторони матнӣ — барномаҳои одии стандартӣ барои бидуни форматбандӣ сохтан ва таҳрир намудани матн (Notepad, TextPad).
  • Протсессорони матнӣ — барномаҳои мукаммали стандартӣ ва замимавӣ барои сохтан, таҳрир намудан ва форматбандӣ кардани матн бо татбиқи ҷадвалҳо, графикҳо, формулаҳо ва объектҳои ғайр (WordPad, MS Word, Writer).
  • Ҷадвалҳои электронӣ — барномаҳо барои коркарди додаҳои ададӣ дар шакли ҷадвал (MS Excel, Calc).
  • Виросторони графикӣ — барномаҳо барои сохтан ва таҳрир намудани тасвирҳо (объектҳои графикӣ). Виросторони графикиро ба виросторони растрӣ — барномаҳо барои коркарди тасвирҳои растрӣ (нуқтавӣ — MS Paint, Adobe Photoshop) ва виросторони векторӣ (CorelDRAW, Adobe Illustrator) тақсим мекунанд.
  • Инъикосгарон (Просмотрщики) — барномаҳо барои азназаргузаронии парвандаҳои форматҳои универсалӣ. Барномаҳои мазкурро ба зергурӯҳҳои зайл тақсим мекунанд:
  • инъикосгарони тасвирҳо (ACDSee, FastStone Image Viewer, FastPictureViewer);
  • инъикосгарони сафҳаҳои HTML — браузерҳо, вебшореҳон (MS Internet Explorer, Mozilla Firefox, Google Chrome, Opera, Safari);
  • инъикосгарони медиамояи парвандаҳои аудиоӣ — медиаплеерҳо, медианавозандаҳо (АШР, Foobar2000, Spider player, MusicBee, MediaMonkey);
  • инъикосгарони марксҳои чандрасонаӣ — барномаҳо барои Windows Media Player (WMP дар муҳити СА MS Windows), QuickTime Player (дар CA Mac OS X), Winamp, VLC media player, Media Player Classic;
  • инъикосгарони дарунмояи объектҳои навъи flash (Flash-плеерҳо) — барномаҳо барои иҷрои парвандаҳои аудиоӣ ва видеоии вебсомонаҳо (Adobe Flash Player);
  • инъикосгарони дарунмояи парвандаҳои pdf — барномаҳо барои азназаргузаронӣ ва чопи парвандаҳои формати pdf (Adobe Reader).
  • Системаҳои идоракунии пойгоҳи додаҳо (СИПД) — барномаҳо барои идоракунии раванди сохтан ва коркарди пойгоҳи додаҳо (MS Access, Paradox);
  • Бозҳои компютерӣ — барномаҳои дилхушӣ ва омӯзишӣ (ЗБ-шутер, «Гурба-Леополд», «Забони англисӣ меомӯзем» ва ғайра);
  • Тарҷумоҳо — луғатҳои электронӣ барои тарҷумаи калима ва ибораҳои алоҳида (ABBYY Lingvo, МултиЛекс, ПРОМТ).
  • Барномаҳои татбиқии таъйиноти махсус (касбӣ) — маҷмӯи барномаҳое мебошанд, ки барои ҳалли масъалаҳои мушаххас ва махсуси соҳаҳои гуногуни касбӣ (меъморӣ, сохтмон, тиб, илм, иқтисодиёт, саноати филмофарӣ, мусиқӣ ва ғайра) равона шудаанд. Таъйиноти баъзе барномаҳои гурӯҳи мазкурро пешкаш менамоем.
  •  Системаҳои нашриявии рӯйимизӣ — барномаҳои саҳифабандии рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопӣ (QuarkXPress, Adobe InDesign, Adobe FrameMaker, Corel Ventura, MS Publisher).
  • Қомусномаҳо, китобҳои дарсӣ, луғатҳо ва маълумотномаҳои электронӣ — барномаҳои дастраскунандаи дониш аз ягон соҳаи муайян.
  • Системаҳои тарҷумаи худкор — барномаҳои тарҷумонии матнҳои касбӣ бо истифода аз пойгоҳи додаҳои соҳаҳои мавзӯӣ (Trados, Deja Vu, Star Transit).
  • Серверҳои СИПД — барномаҳои идорӣ барои сохтан ва коркарди пойгоҳи додаҳои системаҳои иттилоотӣ (mySQL, MS SQL Server, Sybase Adaptive Server Enteprise, Oracle Database).
  • BupocmopoHU графики сеченака (3D) — барномаҳо барои сохтан ва таҳрири графикҳои сеченака (Autodesk 3ds Max, 3D Studio MAX, Autodesk Maya, Blender, Cinema 4D, Zbrush).
  •  Виросторони видеоӣ — барномаҳо барои коркарди маводи видеоии касбӣ (телевизион, кинематография — Adobe Premiere Pro, Grass Valley Ediu, Sony Vegas Pro) ва гайрикасбӣ (хонагӣ — Windows Movie Maker, Corel VideoStudio Pro, Pinnacle Studio).
  •  Виросторони аудиоӣ — барномаҳо барои коркарди маводи аудиоии касбӣ (радио, бозиҳои компютерӣ, саноати кино — Adobe Audition, Steinberg WaveLab, Sony Sound Forge, Audacity) ва гайрикасбӣ (хонагӣ — CyberPower Audio Editing Lab, Akram Audio Editor).
  • Виросторони нотавӣ — барномаҳо барои сохтану коркарди матни нотавӣ ва навозипш он (Finale, Encore, Cakewalk Overture, Sibelius, MuseScore).
  • Системаҳои ташхис — барномаҳо барои ҳал кардан ва баҳо додан ба масъалаҳои махсуси соҳавӣ: тиб — MYCIN, ҳарбӣ — ACES, электроника — АСЕ, информатика — CODES, химия — DENDRAL, геология — PROSPECTOR, тиҷорат — РЕМОРАМА).
  • Системаҳои лоиҳакашии худкор — барномаҳои коркарди компютерии нақшаҳо, санадҳои конструкторӣ, технологӣ, ЗБ-амсилаҳо ва ғайра (Компас, AutoCAD, ZwCAD, nanoCAD Электро, BtoCAD, BASE).
  • Системҳои иттилоотии географӣ — барномаҳо барои сохтан, таҳрир ва таҳлил намудани харитаҳои электронии географӣ (Maplnfo, CREDO_DAT, ArcGIS, Arcview, GeoServer, GRASS, gvSIG, Арго, Полигон, Панорама, ГИС Метео).

Саволҳо:

  1. Барномаҳои татбиқӣ чӣ гуна барномаанд?
  2. Барномаҳои татбиқиро ба кадом гурӯҳҳо тақсим мекунанд?
  3. Барномаҳои татбиқии таъйиноти умум аз барномаҳои татбиқии таъйиноти махсуси касбӣ чӣ фарқ доранд?
  4. Оё шумо бо ягон барномаи татбиқии таъйиноти умум кор кардаед? Бо таъйиноти махсус чй?
  5. Кадом барномаҳои татбиқии таъйиноти махсуси касбиро номбар карда метавонед? Барномаҳои татбиқии таъйиноти умумро чй?

Супоришҳо:

  1. Бо истифода аз барномаи татбиқии WordPad оид ба мавзӯи дарсӣ нақли хаттӣ нависед, онро таҳрир, форматбандӣ ва бо ягон номи мувофиқ сабт намоед.
  2. Бо ёрии омӯзгори фан ягон барномаи татбиқии таъйиноти махсуси касбиро дар компютер насб намоед, онро кушоед ва бо он ягон амали муфидро анҷом диҳед.

Маводҳои ҳамсон