Барномаи хидматӣ

Ба дигарон равон намоед

Барномаҳои хидматӣ низ ба мисли барномаҳои стандартӣ — барномаҳои муфид ва шинохтаи системаи амалиётии Windows ба ҳисоб мераванд. Онҳо низ ҳангоми дар компютер насб намудани системаи амалиётӣ, бидуни ҳеҷ гуна восита ба таври худкор дар компютер насб мегарданд. Онҳо низ ҳадафҳои гуногуни хизматрасонӣ ба система ва ҷузъҳои алоҳидаи онро амалӣ мегардонанд.

Барномаҳои хидматӣ дар қисмати «XHflMara-Windows»-H номгӯи замимаҳои СА ҷой дода шудаанд. Дар ин қисмат истифодабаранда метавонад ба функсияҳо ва параметрҳои гуногуни системаи амалиётӣ дастрасӣ пайдо намуда, тавассути барномаҳои мазкур ба дискҳои компютер ва худи СА ҳар гуна амалиёт гузаронад.

Барномаҳои хидматӣ имконият муҳайё месозанд, ки норасоиҳои системаи парвандаӣ ошкор ва бартараф карда шаванд, танзимоти нармафзорӣ ва сахтафзории компютер мутаносиб гардонида шаванд ва инчунин баъзе амалиёти дилгиркунандаи ба хизматрасонии компютер рабтдошта худкор гардонида шаванд.

Дар системаи амалиётии Windows 10 барномаҳои хидматиро низ ба таври умумӣ бо ёрии силсилафармонҳои Огоз (Пуск) -Ҳамаи замимаҳо (Все приложения) -Хидматӣ — Windows (Служебные-Windows) рӯйи кор овардан мумкин аст (нигар ба расми поёнӣ).

Мо дар мавзӯъҳои қаблӣ барномаҳои Ҳамин компютер (Этот компьютер) ва Лавҳаи идорӣ (Панель управления)-и ин гурӯҳи барномаҳоро ҳангоми омӯзиши ҷузвдонҳои системавӣ мавриди истифода қарор дода будем. Ҳоло ба таври мухтасар таъйиноти кулли барномаҳои ин гурӯҳро пешкаш менамоем.

■ Иҷро кардан (Выполнить) — барнома барои ба кор андохтани барномаҳои дигар. Барои кушодани барномаҳо, ҷузвдонҳо, санадҳо ё захираҳои интернетӣ кифоя аст, ки номи объектҳои зарурӣ дар майдончаи

«Кушодан» (Открыть)-и равзанаи робитавии барнома ҳарфчинӣ карда шавад ё бо ёрии тугмаи «Обзор» дастрас карда шавад.

  • Муназзими масъалаҳо (Диспетчер задач) — барнома барои тасвир ва танзим намудани вазъи барномаҳои айни ҳол фаъоли компютер.
  • Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки истифодабаранда оид ба вазъ (равандҳои замимавӣ, заминавӣ ва системавӣ, тавоноии барномаҳо, вақти истифодаи барномаҳо, вақти худборкунии барномаҳо, рӯйхати истифодабарандагон, тафсилоти барномавӣ, хадамоти системавӣ)-и барномаҳои кушодаи компютер иттилооти зарурӣ пайдо намояд.
  • Муҳофизи Windows (Защитник Windows) — барнома барои санҷиши компютер аз барномаҳои зараррасон (вирусҳои компютерӣ) ва барномаҳои номатлуб.
  • Сатри амрӣ (Командная строка) — барнома барои иҷро намудани дастурҳои компютерӣ бо тарзи корбарии системаи амалиётии MS DOS. Аз усули мазкур дар мавридҳои фавқулода истифода мебаранд.

■ Лавҳаи идории Windows (Панель управления Windows) — барнома барои идоракунии кулли барномаҳои системаи амалиётии Windows. Барномаи мазкурро маркази идоракунии Windows низ меноманд. Мо бо барномаи мазкур дар дарсҳои қаблӣ ба таври муфассал шинос шуда будем.

■ Роҳбалад (Проводник) — барнома барои ҷустан ва кушодани барномақо, парвандаҳо ва ҷузвдонҳои дискҳои компютер. Барномаи «Роҳбалад»-ро менеҷери парвандаии Windows низ меноманд.

■ Таҷҳизот (Устройства) — барнома барои илова ва танзим намудани сахтабзори компютерӣ (чопгар, сканер, муш,

лавҳаи сенсорӣ, барандагони иттилоот), барномаҳои корбарии ба онҳо мувофиқ ва дигар имкониятҳои барномавии системаи амалиётӣ.

Ҳамин компютер- барнома барои ҷустан, кушодан ва танзим намудани объектқои равзанаҳои дискҳои компютер. Барномаи «Ҳамин компютер» айнан ба мисли барномаи «Роҳбалад» — менеҷери парвандаии Windows кор мекунад. Бо барномаи мазкур низ мо дар дарсҳои қаблӣ шиносоӣ пайдо карда будем.

Саволҳо:

  1. Кадом барномаҳои систвмаи амалиётии «Windows»-po барномаҳои хидматӣ мегӯянд? Онҳоро чӣ тавр омодаи кор гардонидан мумкин аст?
  2. Вазифаҳои барномаҳои хидматӣ аз чӣ иборат аст?
  3. Шумо бо кадом барномаҳои хидматӣ бепггар кор кардаед?
  4. Барномаи хидматии «Муҳофизи Windows» чӣ вазифа дорад? Барномаҳои «Роҳбалад» ва «Таҷҳизот» чӣ?

Супоришҳо:

  1. Бо истифода аз барномаи хидматии «Роҳбалад»

парвандаи шахсии худро аз хотираи компютер ёбед ва онро кушоед. Амалҳои мазкурро бо истифода аз барномаи хидматии «Ҳамин компютер» такрор кунед.

  • Бо ёрии барномаи хидматии «Иҷро кардан» парвандаи шахсии худро ба кор андозед.
  • Бо истифода аз барномаи хидматии «Таҷҳизот»

вазифаҳои тугмаҳои чапу рости мушро иваз кунед.

Маводҳои ҳамсон