Барномаи чандрасонаӣ

Ба дигарон равон намоед

Мафҳуми чандрасона. Якҷоя бо технологияҳои муосир ба ҳаёти мо мафҳумҳои нав ба нав ворид мешаванд, ки яке аз онҳо — мафҳуми «чандрасона» (мултимедиа) мебошад. Мафҳуми «чандрасона» ё «мултимедиа» маънои «муҳитҳои бисёр» («multi» — «бисёр, якчандто», «media» — «муҳит, расона, баранда»)-ро дорад. Таҳти мафҳуми чандрасона — якбора бо ёрии якчанд хати (канали) иттилоотӣ ба истифодабаранда таъсир расонидан фаҳмида мешавад. Дар ин гуна мавридҳо ба истифодабаранда иҷрои нақши фаъол вогузор карда мешавад.

Мафҳуми «чандрасона» бо мафҳуми «технологияи чандрасонаӣ» зич алоқаманд аст. Аз технологияҳои чандрасонаӣ тамоми корбарони компютерҳо қариб ҳар лаҳза истифода мебаранд. Аммо, мазмуни мафҳуми «чандрасона»- ро на ҳамаи онҳо дуруст шарҳ дода метавонанд. Дар асл чандрасона — якҷошавии таъсири якчанд «муҳити корӣ» — «расона» мебошад.

Дар ҳолати хусусӣ, чандрасона аз аудио, видео, матн, тасвир, аниматсия ва фаъолии мутақобила (интерактивӣ) иборат аст. Якҷояшавии таъсири ҳамаи ин шаклҳои иттилоот ба воситаи таъминоти барномавии чандрасонаӣ (мултимедиавӣ, интерактивӣ) идора карда мешавад.

Чандрасона — системаи интерактивӣ буда, якбора имконияти корбариро ҳам бо садо, ҳам бо графикаи аниматсионии компютерӣ, ҳам бо видеокадрҳо, ҳам бо тасвирҳои статикӣ ва ҳам бо матн таъмин менамояд.

Барномаҳои чандрасонаӣ — барномаҳои таъйиноти умум буда, барои корбарӣ бо тасвир, садо, матн ва дигар навъи иттилоот пешбинӣ шудаанд. Масалан, виросторони графикӣ (масалан, Nero Photo Snap)-po ба гурӯҳи барномаҳои чандрасонаӣ шомил гардонидан мумкин аст. Бо ёрии виросторони графикӣ сохтани тасвирҳо, таҳрир намудани онҳо, коркарди расмҳо ва аз якчанд расму мусаввараҳо тахдя кардани як лавҳаи яклухти тасвирӣ (фотомонтаж) имконпазир мебошад. Коркарди компютерии садо бошад, ба

уҳдаи бастаҳои барномаҳои махсус (масалан, KMPlayer) вогузор гардидааст. Бо ёрии барномаҳои видеоӣ истифодабаранда метавонад иттилооти аудиоӣ ва видеоиро кор карда барояд, садои мусиқиро тавассути баландгӯяку садопахшкунакҳо бишнавад, тасвири объектҳоро дар экрани компютер бинад ва видеофилмҳоро тамошо кунад.

Чандрасона — барандаи иттилоот. Чандрасона натанҳо барномаи компютерӣ, балки барандаи иттилоот низ мебошад. Масалан, CD (компакт-диск)-ро яке аз аввалин таҷҳизоти чандрасонаӣ ҳисобидан мумкин аст. Бо ёрии CD ҳаҷмҳои калони иттилооти гуногуннавъ (видео, мусиқӣ, матн, тасвир, ҷадвал ва ғайра)-ро нигоҳ доштан ва дастрас намудан имконпазир мебошад.

Чандрасонаро ба чандрасонаи хаттӣ ва ғайрихаттӣ тақсим мекунанд. Чандрасонаи хаттӣ — технологияест, ки истифодабаранда ба иттилооти сабтшуда ягон таъсир расонида наметавонад. Масалан, тамошобин наметавонад ба муҳтавои (сюжети) филмнома таъсир расонад. Бозиҳои компютерӣ бошанд, баръакс, мисоли равшани чандрасонаи гайрихаттӣ шуда метавонанд. Дар бозиҳои компютерӣ истифодабаранда бо иттилоот бевосита робита пайдо менамояд ва вобаста аз ҳар як амали иҷрокардаи ӯ, иттилоот дар бозӣ тағйир меёбад.

Нозири чандрасонаӣ — қалб, муҳаррики ҳар гуна чандрасона мебошад. Вай адаптери бисёрвазифавӣ буда, бо маҷмӯи даромадгохдо барои таҷхдзоти гуногуни чандрасонаӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо ёрии нозири чандрасонаӣ (контроллери мултимедиавӣ) тамоми таҷҳизоти чандрасонаии компютер (корти садой, ТВ-тюнер, воситаҳои азназаргузаронии тасвирҳо ва дигар механизмҳо) идора карда мешаванд.

Баръакси таҷҳизоти номбурда, ки онҳоро на ҳар як истифодабаранда медонад, плеери чандрасонаиро тамоми корбарони компютер медонанд ва ҳатман онро мавриди истифодаи худ қарор додаанд. Плеери чандрасонаӣ — барномаест, ки метавонад намудҳои зиёди иттилооти чандрасонаиро коркард намояд. Яке аз маъмултарин навозандаҳои чандрасонаӣ — барномаи стандартии Windows

Media Player мебошад, ки дар тамоми компютерҳо насб карда шудааст. Аз ин рӯ, мафҳуми «плеери чандрасонаӣ» метавонад барои истифодабарандагон, нисбат ба мафҳуми «технологияи чандрасонаӣ», чандон рӯзмарра ва муҳим ба ҳисоб наравад.

Технологияи чандрасонаӣ — муҳити корбариест, ки тавассути он якбора намудҳои гуногуни иттилоот кор карда баромада мешаванд. Ин технологияҳо ба компютерҳои муосир баъзе талаботҳо мегузоранд. Масалан, барои амалӣ гардонидани технологияҳои чандрасонаӣ бояд компютер ҳатман бо кортҳои садоӣ ва видеой, инчунин винчестер, монитор, хотираи фаврӣ ва дигар таҷхдзот муҷаҳҳаз бошад. Барои сохтан ва дидани парвандаҳои чандрасонаӣ, зарур аст, ки компютер дорои таъминоти барномавии махсус ва дастгохҳои иловагӣ (баландгӯякҳо, гӯшмонакҳо, монитори чандрасонаӣ ва ғайра) бошад.

Яке аз намудҳои санадҳои чандрасонаӣ, ки бо ёрии технологияҳои чандрасонаӣ омода карда мешаванд, рӯнамоҳои (презентатсияҳои) компютерӣ ба ҳисоб мераванд. Барои сохтани рӯнамоҳои компютерӣ аз барномаҳои махсус,

масалан, Microsoft PowerPoint истифода мебаранд. Дар слайдҳои рӯнамо матн, тасвир, аниматсия ва садоро якҷоя ҷой додан мумкин аст.

Қисми зиёди бозибарномаҳо низ ба маҳсулоти чандрасонаӣ дохил мешаванд. Дар ин бозибарномаҳо таҳти идораи робитавӣ шаклҳои гуногуни иттилоот пешниҳод карда мешаванд. Ороиши ранга, ҳамоҳангии садои стереофонӣ, қаҳрамонҳои ҳаракаткунанда ва дигар таассурот — воқеияти хаёлии ҳодисаҳои дар экран рухдиҳандаро ба вуҷуд меоранд. Истифодабаранда бо ёрии муш ё ҷойстик одамчаҳои экраниро дар майдончаи бозӣ ҷойгузин менамояд, аз ракетаҳо тир холӣ мекунад ва дигар амалиётро анҷом медиҳад.

Имрӯз аз барномаҳо ва технологияҳои чандрасонаӣ дар соҳаҳои маориф, санъат, реклама, илм, тиҷорат ва дигар самтҳои фаъолияти инсон ба таври васеъ истифода мебаранд. Татбиқи барномаҳои чандрасонаӣ дар ин соҳаҳо, имкониятҳои тоза ба тоза ва нав ба навро ба рӯйи онҳо боз менамояд, ки ҳангоми истифодаи технологияҳои куҳна чунин пешравиҳо имконнопазир буд.

Воситаҳои чандрасонаӣ. Компютер ва дастгохҳои мобайлӣ — телефони ҳамроҳ, iPhone, iPod, iPad, планшет ва ғайра воситаҳои асосии чандрасонаӣ ба хдсоб мераванд. Дар тавлиди компютерҳои фардӣ ва дастгоҳҳои мобайлӣ ширкатҳои «IBM», «Apple» ва «Samsung» саҳми калон доранд.

Агар воситаҳои маъмули компютерӣ танҳо бо иттилооти матнӣ ва ададӣ имконияти кор карданро фароҳам оранд, пас воситаҳои чандрасонаӣ аз садо, тасвир ва ҳаракат истифода бурданро муҳайё месозанд.

Телефони ҳамроҳ, ҳамчун дастгоҳи маъруфтарини кулли башар, имрӯз ба яке аз василаҳои тавонои чандрасонаӣ табдил ёфтааст. Ба воситаи телефонҳои ҳамроҳи муосир на танҳо иттилооти матнӣ (SMS, MMS, китобҳои электронии матнӣ), иттилооти шифоҳӣ (забонӣ — дарсҳо, китобҳои электронии садой), иттилооти тасвирӣ (аксҳо) ва иттилооти видеоӣ (филмҳо) тавлид, қабул, захира, коркард ва ирсол карда мешаванд, балки бо ёрии онҳо бо шабакаи ҷаҳонии

Интернет низ робита барқарор карда мешавад. Тарзи кори телефони ҳамроҳ, чун василаҳои дигари электронӣ-рақамӣ, шабеҳи кори компютерро доро мебошад. Имкониятҳои фаровони телефони ҳамроҳ ба ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги инсон асаргузор гаштааст.

Саволҳо:

  1. «Чандрасона» чӣ маъно дорад?
  2. Барномаҳои чандрасонаӣ чӣ гуна барномаанд?
  3. Барои чӣ чандрасонаро барандаи иттилоот мегӯянд?
  4. Чандрасонаи хаттӣ аз ғайрихаттӣ чӣ фарқ дорад?
  5. Нозири чандрасонаӣ чист?
  6. Кадом технологияро технологияи чандрасонаӣ мегӯянд?
  7. Воситаҳои чандрасонаӣ кадомҳоянд?

Супоришҳо:

  1. Бо истифода аз матни мавзӯъ доир ба барномаҳо, технологияҳо ва воситаҳои чандрасонаӣ бо ёрии виростори матнии WordPad нақли хаттӣ нависед, онро таҳрир ва форматбандӣ кунед ва бо номи «Чандрасона» дар хотираи компютер сабт намоед.
  2. Барномаи Windows Media Player ё дигар плеери чандрасонаиро кушоед ва бо ёрии он ягон оҳанги мусиқиро шунавед.

Маводҳои ҳамсон