Барномарезӣ

Ба дигарон равон намоед

Тавре аз мавзӯи гузашта маълум гашт, таҳти маҳфуми барномарезӣ ё барномасозӣ раванди таҳияи барномаи компютерӣ фаҳмида мешавад. Маъмулан, омӯзиши фарҳанги барномарезӣ аз шиносоӣ бо забонҳои алгоритмӣ шурӯь мегардад. Пас, барномарезӣ яке аз рукнҳои алгоритмсозиро ташкил дода, худи барномаро ҳамчун алгоритми бо забони барои компютер дастрас навишташуда тасвир кардан мумкин аст. Барои сохтани алгоритм меъёрҳои муаяйнро ба инобат гирифтан ҳатмӣ аст.

Ба сифати мисол пайдарпайии дастурҳои матнии зеринро дида мебароем:

  1. Аз ҳамён пулро гирифтан.
  2. Аз тиреза ба берун нигоҳ кардан.
  3. Агар дар кӯча борон бошад, чатр гирифтан.
  4. Ба бозорча рафтан.
  5. Нон харидан.
  6. Ба хона баргаштан.
  7. Бақияпулиро ба ҳамён гузоштан.

Акнун бародари калонии худро ба сифати «протсессор»-и компютер тасаввур карда, ба «хотираи фаврӣ»-и он ҳамин маҷмӯи дастурҳо — «барнома»-ро ҷойгир менамоем. Пас аз ин барномаи мазкурро барои иҷро «сар дода», «натиҷа»-ро то итмоми барнома интизор мешавем. Миқдори вақти интизории мо аз «зуддии зарба»-и кори «протсессор» — суръати ҳаракати бародари мо вобаста аст.

Ҳангоми пай дар пай иҷро намудани ҳамаи 7 банди маҷмӯи дастурҳои тасвирёфта, пас аз гузаштани вақти муайян бародари мо аз бозорча бо нон бармегардад. Яъне, маҷмӯи дастурҳои мазкур воқеан алгоритми «нонхарӣ»-ро ташкил дода метавонистааст. Аз ин рӯ, онро барнома низ ҳисобидан мумкин аст. Аммо, барномаи мазкур — барномаи компютерӣ набуда, барои объекти биологӣ, яъне инсон

навишта шудааст. Дастурҳои барномаи компютерӣ аз рӯйи қоидаҳои махсус навишта мешаванд, ки мо бо онҳо дар синфҳои болоӣ шинос хоҳем шуд. Вале, бояд қайд кард, ки раванди барномасозии компютерӣ низ бо ҳамин тарзи пешниҳодшудаи пайдарпайии дастурҳои масъалаи «нонхарӣ» бисёр монанд аст.

Барномарезӣ — раванди таҳияи барномаҳои
идоракунии компютер буда, барои ҳалли масъалаҳои
гуногуни иттилоотӣ равона гардидааст.

Масъалаи асосии барномарезӣ аз сохтан ва истифодаи алгоритм ва сохтори додаҳо иборат аст. Аммо, агар мо ба мафҳуми барномарезӣ васеътар назар афканем, он гоҳ мебинем, ки раванди сохтан ва дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани барнома аз барномасоз фаъолиятҳои гуногунҷабҳаро талаб менамояд:

  • таҳлил ва гузориши масъала;
  • лоиҳакашии барнома;
  • алгоритмсозӣ;
  • коркарди сохтори додаҳо;
  • навиштани матни барнома;
  • озмоиши барнома (таҳриркунӣ ва тестгузаронӣ);
  • ҳуҷҷатнигории барнома;
  • танзимкунӣ (муайян намудани конфигуратсия);
  • азнавкоркунӣ ва ҳамоҳангсозӣ.

Бинобар он, имрӯз мафҳуми барномарезӣ васеъ гардида, ба системаи барномарезӣ табдил ёфтааст, ки бо ёрии он ҳам барномаҳои системавӣ ва ҳам татбщӣ сохта мешаванд.

Системаи барномарезӣ — таъминоти барномавии компютер буда, барои коркард, таҳрир ва иҷрои барномаҳое пешбинӣ шудааст, ки онҳо бо ёрии забони барномасозии муайян навишта шудаанд.

Ҳамин тариқ, асоси барномарезиро истифодаи забонҳои барномасозӣ ташкил медодааст, ки бо ёрии онҳо дастурҳои компютерӣ навишта мешудаанд.

Барои сохтани барномаҳо аз забонҳои барномасозии гуногун истифода мебаранд. Забонҳои барномасозии маъруфи ҳамакор забонҳои Паскал, Бейсик, Си, Фортран ва дигарон ба ҳисоб мераванд.

Замимаҳои барномавии муосир, ки онҳоро муҳити барномарезӣ низ мегӯянд, аз маҷмӯъҳои калони дастурҳои компютерии байни ҳам алоқаманд иборат мебошанд. Виросторони матнии муҳитҳои барномарезӣ метавонанд дорои вазифаҳои махсусгардонидашудаи зерин бошанд: шохисбандии (индексатсияи) номҳо, инъикоси ҳуҷҷатнигорӣ, равшансозии синтаксиси барнома, визуалигардонии раванди сохтани интерфейси истифодабаранда ва ғайра.

Бо ёрии виростори матнӣ барномасоз амалҳои ҳарфчинӣ ва таҳрири матни барномаи таҳияшавандаро анҷом медиҳад, ки онро рамзи аввалаи барнома меноманд. Забони барномасозӣ синтаксис ва семантикаи аввалияи рамзи барномавиро муайян мекунад.

Вақтҳои охир муҳитҳои интегратсионии коркарди барномаҳо тавлид ва рушд ёфта истодаанд. Ба ҳайати ин гуна муҳитҳои интегратсионӣ виросторони ҳарфчин ва таҳрир- кунандаи матни барномаҳо, ҷӯяндагон ва бартарафкунандагон (дебаггерҳо)-и хатогиҳои барномавӣ, барнома-тарҷумонҳои (трансляторҳои) забонҳои

барномасозии мухталиф, муттаҳидгарон — барои аз якчанд модул офаридани як барномаи яклухт ва дигар модулҳои хидматӣ дохил мешаванд.

Саволҳо:

  1. Барномарезиро шумо чӣ тавр тасаввур мекунед?
  2. Масъалаи асосии барномарезӣ аз чӣ иборат аст?
  3. Рамзи барномавӣ гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст?
  4. Барои сохтани барнома, ба кадом масъалаҳо барномасоз бояд аҳамияти бештар диҳад?
  5. Барои чӣ баъзе барномасозонро барномасози системавӣ ва баъзеи дигарашонро барномасози татбиқӣ ном мебаранд?
  6. Кадом забонҳои барномасозии маъруфро медонед?
  7. Вазифаи системаи барномарезӣ аз чӣ иборат аст? Вазифаи муҳитҳои интегратсионии коркарди барномаҳо чй?

Супоришҳо:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат мутолиа намоед ва дар мавзӯи «Системаҳо ва муҳитҳои интегратсионии барномасозӣ» нақли хаттӣ нависед.
  2. Дар шакли дастурҳои матнии алгоритми масъалаи «Нонхарӣ» ягон масъалаи дигари ҳаётӣ фикр намоед ва ҳалли онро бо ёрии дастурҳои матнӣ тасвир кунед.

Маводҳои ҳамсон