Барномаҳои компютерӣ

Ба дигарон равон намоед

Тавре маълум гашт, барои ҳалли масъалаи дилхоҳ дар компютер дастуру супоришҳои дар шакли махсус тайёркардашуда зарур будааст. Маҷмӯи дастуру супоришҳои (амру фармонҳои) компютериро одатан барномаи компютерӣ мегӯянд. Барномаи компютерӣ бояд ҳамаи марҳалаҳои ҳалли масъаларо ба таври возеҳ, аниқ ва қатъӣ фаро гирад. Миқдори дастурҳои барномавӣ бояд охирнок бошад. Компютер дастури якуми барномавиро иҷро карда, ба таври худкор, паӣ дар пай, ба иҷрои дастурҳои навбатӣ мегузарад.

Пайдарпайии охирноки дастурҳои барои компютер пешбинишударо барномаи компютерӣ мегӯянд.

Дар асл компютер танҳо дар асоси барномаҳои дар забони мошинӣ навишташуда (рамзҳои дуй) кор мекунад. Ин гуна барномаҳо якранг буда, барои инсон бисёр дилгиркунандаанд. Бинобар ин барномасозон қариб тамоми барномаҳои компютериро бо ёрии забонҳои алгоритмӣ тартиб медиҳанд.

Дар таркиби нармабзори компютерӣ барнома-тарҷумонҳое ҷой дода шудаанд, ки онҳо ба таври худкор ин гуна барномаҳоро аз забонҳои алгоритмӣ ба забони мошинӣ тарҷума мекунанд. Пас аз иҷрои барнома онҳо матни барномаву натиҷаҳоро аз нав ба забони алгоритмӣ бармегардонанд. Барнома-тарҷумонро транслятор (translator — тарҷумон) мегӯянд.

Раванди навиштани барномаҳои компютериро барномасозӣ мегӯянд

Нармафзорҳои муосир миллионҳо барномаи гуногунро дар бар мегиранд. Баъзеи ин барномаҳоро барномаҳои системавӣ, қисми дигарашонро барномаҳои татбиқй, сеюминашонро забонҳои барномарезӣ ва ғайра номгузорӣ кардаанд.

Истифодабарандаи компютер метавонад аз барномаҳои тайёр баҳра бардорад ё худаш чунин барномаҳоро созад. To имрӯз маҷмӯи (бастаи, пакети) калони барномаҳои гуногун рӯйи кор омада, дар ҳалли масъалаҳои мухталиф мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бо ёрии барномаҳо ҳам бозиҳои ҷанги кайҳониро идора кардан ва ҳам масъалаҳои душвортарини математикиро ҳал намудан мумкин аст. Онҳо дар гузаронидани амалиёти бонкй, молиявй, тайёр кардани санадҳо, намоишномаҳо ва ғайра ба таври васеъ истифода мешаванд. Ҳоло соҳаеро ном бурдан мушкил аст, ки дар он барномаҳои компютерӣ татбиқ наёфта бошанд.

Маҷмӯи барномаҳои дар компютер истифодашавандаро таъминоти барномавии компютер ё нармабзор меноманд.

Вобаста ба вазифаҳои барои компютер пешбинишуда дастурҳои дар барномаҳо овардашуда метавонанд сода ё мураккаб бошанд. Масалан, барои он ки дар экрани компютер калимаи «Тоҷик» пайдо шавад, кифоя аст, ки ду-се дастур истифода шавад. Вале барои сохтани ягон бозии электронии одӣ истифодаи ҳазорон дастур лозим меояд.

Яке аз хосиятҳои муҳимми барномаҳо ва раванди барномасозӣ аз он иборат аст, ки як масъаларо як маротиба барномарезӣ карда, аз он дилхоҳ маротиба истифода бурдан мумкин аст. Барои ин кифоя аст, ки барномаи сохташударо дар ягон барандаи иттилоот, масалан диск, сабт, нусхабардорӣ ва ё паҳн кунем.

Саволҳо:

  1. Барномаи компютерӣ чист? Барномасозӣ чй?
  2. Таъминоти барномавии компютерро кадом гурӯҳҳои барномаҳо ташкил медиҳанд?

Супоришҳо:

  1. Мавзӯъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.

Доир ба таъминоти барномавии компютер нақли хаттӣ нависед.

Маводҳои ҳамсон