Барнома — дастури компютерӣ

Ба дигарон равон намоед

Барнома яке аз афзорҳои асосии истифодабарандаи компютер ба ҳисоб меравад. Бесабаб барномаро дастури компютерии истифодабаранда намегӯянд.

Тамоми равандҳое, ки дар компютер ба вуқӯъ мепайванданд, таҳти иҷрои ин ё он барнома амалӣ мегарданд. Масалан, ба кор омодашавии системаи амалиётиро барнома идора мекунад. Худи системаи амалиётӣ — барнома аст. Ҳар гуна бозии компютерӣ низ барнома аст. Тамошои видео ё шунидани мусиқӣ низ бо ёрии ягон барнома амалӣ мегардад.

Гурӯҳи барномаҳое ҳастанд, ки онҳоро худи истифодабарандагон дар компютер насб менамоянд. Ин гуна барномаҳоро барномаҳои истифодабарандагон мегӯянд. Ба ин навъ барномаҳо бозиҳои компютерӣ, барномаҳои видеой, аудиоплеерҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Гурӯҳи дигари барномаҳое ҳастанд, ки онҳо ҳангоми насби системаи амалиётӣ ба таври худкор дар компютер насб мегарданд. Ин гуна барномаҳоро барномаҳои хидматӣ мегӯянд. Ҷузвдонҳои системавии Ҳамин компютер (Этот компьютер), Лавҳаи идорӣ (Панель управления), Роҳбалад (Проводник) ва ғайра аз қабили ҳамин навъи барномаҳо мебошанд.

Гурӯҳи сеюми барномаҳое ҳастанд, ки онҳо ба таври худкор худашон дар компютер насб мегарданд ва ҳангоми ба кор шурӯь кардани компютер, ба хотираи фаврии он кӯчида, «зери парда» фаъолият менамоянд. Ин гуна барномаҳоро барномаҳои системавӣ мегӯянд. Масалан, худи системаи амалиётӣ ба ин навъи барномаҳо мансуб аст.

Барнома аз парванда, қабл аз ҳама, бо қисми иловагии номаш фарқ мекунад. Қисми иловагии номи барномаҳо, маъмулан, «.ехе» мебошад. Ҳангоми оғози кори барнома, бевосита интерфейс — майдони кории он кушода мешавад. Ҳангоми оғози кори парванда бошад, аввал барномае ба кор

шурӯъ мекунад, ки ин парванда ба воситаи он сохта шудааст. Ва ниҳоят, парванда — маҳсули барнома буда, барнома — маҳсули барномасоз мебошад.

Ҳамин тариқ, барномаи компютерӣ — пайдарпайии дастурҳое мебошад, ки барои иҷрои компютер пешбинӣ шудааст. Мафҳуми «барномаи компютерӣ»-ро ба матни додашудаи худи барнома (рамзи барномавӣ) низ татбиқ мекунанд.

Барномаи компютерӣ — маҷмӯи дастурҳо ва додаҳое
мебошад, ки сахтафзори компютериро ба ҳисобкунӣ ё
идоракунии ҷузъи мушаххаси система ҳидоят менамояд.

Кулли барномаҳои компютериро якҷоя бо қоидаҳои истифодабариашон таъминоти барномавии компютер ё нармафзор меноманд. Таъминоти барномавии компютерро, ки аз миллионҳо барномаҳои гуногун иборат аст, асосан барномаҳои системавӣ, татбщӣ ва забоҳои барномарезӣ ташкил медиҳанд.

Ба барномаҳои системавӣ — системаҳои амалиётӣ, барномаҳои хидматӣ (утилитҳо), барномаҳои зиддивирусӣ, трансляторҳо, компиляторҳо, системаҳои ташхис, барномаҳои шабакавӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Ба барномаҳои татбщӣ бошад, виросторони матнӣ, графикӣ, рӯнамой, ҷадвалҳои электронӣ, системаҳои идоракунии пойгоҳи додаҳо, бастаи барномаҳои муҳосиботӣ, менеҷменти оморӣ, системаҳои худкорсоз, системаҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ ва ҳоказо дохил мешаванд.

Раванди тахдяи барномаи компютериро — барномасозӣ ва шахси машғули ин фаъолиятро — барномасоз мегӯянд. Матни аввалаи барномаҳои компютерӣ бо ёрии барномаҳои махсус сохта мешаванд, ки онҳоро забоҳои барномарезӣ мегӯянд. Барои иҷрои барномаҳо дар компютер, матни тайёри онҳо аз тарафи протсессор ба рамзҳои мошинӣ (рамзи дуй) табдил дода мешаванд. Раванди аз забони барномарезӣ ба рамзи мошинӣ табдил додани барномаро компилятсия ё интерпретатсия меноманд.

Дар аксар забонҳои барномарезӣ матни додашудаи барномаҳо аз номгӯи дастурҳое иборат мебошанд, ки асоси онҳоро алгоритми мувофиқи ҳалли масъалаҳо ташкил додаанд. Чунин тарзи барномасозӣ — тарзи императивӣ ном дорад. Дар тарзи декларативии барномасозӣ бошад, танҳо тавсифҳои аввала ва пешдиди додаҳои коркардшаванда тасвир карда шуда, интихоби алгоритми мувофиқи ҳалли масъала ба зиммаи барнома-интерпретатори махсус вогузор карда мешавад. Ин гуна забонҳои барномарезиро забоҳои алгоритмӣ низ мегӯянд.

Эзоҳ: Алгоритм — тарзи иҷрои пайдарпайи амалҳоест, ки ҳалли масъаларо таъмин менамояд.

Барномаҳоро бо ду тарз — матнӣ ва графикӣ (визуалӣ) сохтан мумкин аст. Дар мавриди якум, рамзи барномавӣ бо усули дастӣ ҳарфчинӣ карда мешавад. Дар мавриди дуюм, фаъолияти вазифавии барнома ба воситаи унсурҳои интерфейси графикии истифодабаранда муайян карда шуда, матни барнома бошад, ба таври худкор тавлид меёбад. Матни барнома дар як вақт метавонад ҳам барои воридоти

тағйироти дастӣ дастрас бошад ва ҳамзамон аз барномасоз комилан пӯшида бимонад.

Матни барномаи компютерӣ бо ёрии системаи амалиётӣ аз хотираи беруна ба хотираи фаврии компютер интиқол дода шуда, аз тарафи протсессор то расидан ба интиҳои барнома, дастур аз паси дастур иҷро карда мешавад. Раванди кори барнома ё бо иҷрои охирон дастури он анҷом меёбад ва ё бо пайдошавии ягон ғалати нармафзорӣ ё хатогии сахтафзорӣ пеш аз муҳлат ба поён мерасад. Дар ҳар ду маврид ҳам СА ба таври худкор идоракунии кори компютерро ба зиммаи худ мегирад.

Саволҳо:

  1. Барномаи компютерӣ чист?
  2. Барномаҳои хидматӣ аз барномаҳои системавӣ ва барномаҳои истифодабарандагон чӣ фарқ доранд? Доир ба ҳар кадоми онҳо мисолҳо биёред.
  3. Барнома бо парванда чӣ умумият ва чӣ фарқ дорад?
  4. Таъминоти барномавии компютер гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст?
  5.  Барномасозӣ чист? Барномасоз кист? Забони барномарезӣ гуфта, чиро меноманд?
  6. Тарзи декларативии барномасозӣ аз тарзи императивии он бо кадом хосиятҳояш фарқ мекунад? Барномасозии матнӣ аз графикӣ чӣ?
  7. Барнома аз тарафи компютер чӣ тавр иҷро карда мешавад?

Супориш:

Матни мавзӯьро бодиққат мутолиа намоед ва доир ба барномаҳои компютерӣ нақли хаттӣ нависед.

Маводҳои ҳамсон