Ба ҳамдигар ҷазб шудан ва аз якдигар тела хӯрдани молекулаҳо

Ба дигарон равон намоед

Молекулаҳои модда ба ҳамдигар таъсир мерасонанд: онҳо дар масофаҳои муайян ба ҳамдигар ҷазб (кашида) шуда ё аз якдигар тела хӯрда метавонанд. Ин гуна додугирифти таъ­сир таъсироти мутақобил ё, мухтасаран, ҳамтаъсирот ном дорад. Ҳамтаъсироти молекулаҳо дар сурати ҳамчени андозаҳои хаттии онҳо будани масофаи байнашон зоҳир мегардад. Дар масофаҳои назар ба андозаи молекулаҳо зиёд ҳамтаъсироти молекулаҳо хеле суст аст.

Биёед, барои ба хубӣ дарк шудани ҳамтаъсироти молекулаҳо падидаҳои зеринро муойина кунем:

а) Агар шишаеро бишканем ва баъд пораҳои онро ба ҳам наздик барем, онҳо намечаспанд, «ошно намешаванд», зеро дар ин сурат мо адади хеле ками молекулаҳои гоҳи шикастани шиша ҷудошударо ба ҳам наздик бурда метавонем. Вале агар он пораҳоро то ҳарорати муайян гарм карда, баъд наз­дик барем, мечаспанд: дар ин сурат адади зиёди молекулаҳо то масофаҳои барои ҷазб зарурӣ наздик шуда метавонанд.

б) Порчаҳои чизҳои нарм — мисли пластилин ё лой бо ҳам бо осонӣ мечаспанд (дар ин маврид низ адади зиёди молекулаҳо то ба масофаҳои зарурӣ наздик шуда метавонанд). Ҳар як молекула молекулаҳои ҳамсояро ҷазб мекунад ва худ ҳам ба онҳо ҷазб мешавад.

в) Агар ҷумаки найчаи пайвасткунандаи ду зарфи ҳамҳаҷм — яке холӣ ва дигаре пурдудро (рас. 2.6) кушоем, нисфи ҳавои дудомез ба зарфи холӣ мегузарад. Аммо агар дар яке аз зарфҳо моеъ бошад, баъди кушодани ҷумак молекулаҳои моеъ ба зарфи холӣ намегузаранд. Чаро?

Сабаб ин аст, ки молекулаҳои ҳаво аз якдигар дур-дур ҷойгиранд ва байни худ хеле кам додугирифт мекунанд, онҳо метавонанд озодона ҳар сӯ равуо кунанд.

Барои моеъ сурати ҳол дигар аст: дар моеъ молекулаҳо ба сабаби бо молекулаҳои ҳамсоя ҷазби сахт доштан аз “оғӯш”-и якдигар канда намешаванд, яъне сӯйи зарфи холӣ рафта наметавонанд.

Ҳамин тариқ, молекулаҳои ҷисмҳои сахт ва моеъҳо низ монанди молекулаҳои газ ба молекулаҳои ҳамсояи худ ҷазб (кашида) мешаванд. Вале молекулаҳои газ назар ба молекулаҳои моеъҳову ҷисмҳои сахт нисбатан озодтаранд ва имкони бештари ба масофаҳои дуртар кӯчидан доранд, зеро газ моддаест, ки назар ба ҷисми сахт садҳо бор тунуктар аст, яъне назар ба моеъҳову ҷисмҳои сахт зичии садҳо бор кам дорад.

Дар заминаи гуфтаҳои боло на ҳама падидаҳоро ба тарзи сода маънидод кардан осон аст. Чунон ки гуфтем, агар тӯби пури ҳаворо бифишорем, ҳаҷмаш хурд мешавад. Валекин фишурдани моеъ ва ё ҷисми сахт осон нест. Барои шарҳ додани ин падида бояд тахмин кунем, ки молекулаҳо дар масофаҳои назар ба андозаҳои худ кӯтоҳтар аз якдигар тела мехӯранд.

  1. Сабаб чист, ки ҷисмҳои сахт ва моеъҳо худбахуд ба молекулаҳои алоҳида ҷудо намешаванд?
  2. Чаро пораҳои алоҳидаи шишаи шикаста ба ҳам пайваст намешаванд, вале пораҳои пластилин, бар хилофи шиша, бо осонӣ ба ҳам мечаспанд?
  3. Кадом падидаҳо далеланд, ки молекулаҳо ба якдигар на танҳо ҷазб мешаванд, балки аз ҳамдигар тела низ мехӯранд?

Маводҳои ҳамсон