Вазни об чӣ миқдор аст?

Ба дигарон равон намоед

Ҳамаи мо медонем, ки об ҳам вазн дорад. Аммо вазни он вобаста ба ҳолаташ (шаклаш) ва миқдори намаку моддаҳои дигари дар он маҳлулшуда тағйир меёбад. Масалан, дар ҳарорати 4°С як литр оби борон — 1кг (1000г) вазн дорад. Агар ин ҳарорат зиёд карда шавад, вазни об кам мешавад. Аз ин рӯ, вазни як литр оби сард нисбат ба як литр оби гарм зиёдтар аст.

Вақте ки ҳарорати об то 0°С паст мешавад, он ба ях табдил меёбад. Чун медонем, ки вазни об ҳангоми яхбандӣ меафзояд, гумон мекунем як литри оби яхбаста аз як литр об бештар аст. Вале ин тавр нест. Зеро вақти ях бастан ҳаҷми об зиёд мешавад. Муқоиса кунед: 1л об дар ҳарорати 0°С — 999 грамм вазн дорад. Аммо 1л  ях ҳамагӣ 990 граммро ташкил мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки дар ин ҳолат литр на ченаки вазн, балки ченаки ҳаҷм аст.

Маводҳои ҳамсон