Вектори индуксияи майдони магнитӣ

Ба дигарон равон намоед

Майдони электрикӣ бо бузургии векторӣ шадидияти майдони электрикӣ тавсиф мешавад. Барои тавсифи майдони магнитӣ бузургии махсуси физикӣ ҷорӣ кардан зарур аст. Ин бузургӣ вектори индуксияи магнитӣ ном дорад ва бо харфи В ишора карда мешавад.

Ақрабаки магнитӣ. Чуноне, ки дидем, агар рамкаи ҷараёндор дар майдони магнитӣ овехта шавад, онгоҳ он дар гирди меҳвари амудии аз нуқтаи овезиш гузаранда то лаҳзаи нисбат ба қутбҳои магнитӣ мавқеи муайян гирифтан тоб мехурад. Ақрабаки магнитӣ низ ҳамин гуна рафтор дорад.

Ақрабаки магнитӣ магнитчаи дарозруест, ки як нугаш қутби шимол( ишорагаш N) асту нуги дигараш қутби ҷануб ( ишораташ S) мебошад.

Самти вектори индуксияи магнитӣ. Таъсири гардишдиҳандагии майдони магнитиро барои муайян кардани самти вектори индуксияи магнитӣ истифода кардан мумкин аст. Ба сифати самти вектори индуксияи магнитӣ аз қутби ҷануб S ба қугби шимоли N-и ақрабаки магнитие қабул шудааст, ки он дар майдони магнитӣ озодона муқаррар мешавад. Ин самт ба самти мусбати нормале рост меояд, ки он ба контури сарбасти ҷараёндор кашида шудааст (расми 7).

Нормали мусбат суе самт дорад, ки пармачаи ростпечи дар расми 7 тасвирёфта ҳангоми ба рафти ҷараёни рамка гардиш додани дастааш ба он тараф ҳаракат мекунад.

Бо ёрии ақрабаки магнитӣ ё рамкаи ҷараёндор самти вектори индуксияи магнитиро дар ҳама гуна нуқтаи майдон муайян кардан осон аст. Дар расмҳои 8 ва 9 таҷрибаҳое тасвир ёфтаанд, ки бо ёрии ақрабаки магнитӣ иҷро карда шудаанд ва такрори таҷрибаҳои бо рамкаи симин гузаронидашуда мебошанд (ниг.Рас. 5 ва 6 ). Дар майдони магнитии ноқили рости ҷараёндор ақрабаки магнитӣ ба хати ба давра расанда кашидашуда ҷойгир мешавад (ниг. рас. 9). Ҳамвории давра амудан ба ноқили ҷараёндор воқеъ мешавад ва марказаш дар меҳвари ноқил мехобад. Самти векторӣ индуксияи магнитӣ бо ёрии қоидаи пармача муқаррар карда мешавад: агар пешрафти пармача бо ҷараёни дар ноқил ҷоришаванда ҳамсамт бошад, самти гардиши дастаи пармача самти векторӣ индуксияи магнитиро ифода мекунад.

Шумо самти вектори индуксияи магнитиии Заминро муайян карда метавонед, ба шарте, ки қутбнамо ном асбобро истифода карда тавонед.

Хатҳои индуксияи магнитӣ. Манзараи аёнии майдони магнитиро дар мавриде ҳосил кардан мумкин аст, ки агар хатҳои индуксияи магнитиро созем.

Хатҳои индуксияи магнитӣ хатҳое мебошанд, ки расандаҳои ба онҳо кашидашуда дар ин ё он нуқтаи майдон ба вектори индуксияи магнити В ҳамсамт мебошанд (расми 10).

Аз ин ру ҳатҳои индуксияи магнитӣ ба хатҳои шадидияти майдони электростатики монандӣ доранд.

Аз таҷрибаҳои дар боло қайд гардида хулосаи зерин бармеояд: хатҳои индуксияи магнитии ноқили рости ҷараёндор давраҳои ҳаммарказе мебошанд, ки дар ҳамворӣ нисбат ба ин ноқил амудан воқеъшуда мехобанд.

Маркази давраҳо дар меҳвари ноқил воқеъ буда, тирчаҳои хатҳои индуксия самти вектори индуксияи магнитиро ифода мекунанд (расми 11 ).

Рафти хатҳои индуксияи магнитии соленоид (ғалтаки ҷараёндор) дар расми 12 тасвир ёфтааст.

Агар дарозии соленоид назар ба диаметри он зиёд бошад, майдони магнитиро дар дохили он якҷинса пиндоштан мумкин аст. Хатҳои индуксияи магнитии ингуна майдон паралел мебошанд.

Манзараи хатҳои индуксияи магнитиро ≪намоён≫ гардондан -мушкил нест, ба шарте, ки оҳанрезаҳои майда майдаро истифода барем.

Дар майдони магнитӣ ҳар як донаи оҳанреза магнитнок шуда, чун ақрабаки магнитӣ рафтор мекунад. Агар миқдори зиёди ингуна ақрабакҳо дар руи варақи коғазин пошида шуда бошад, имкон медиҳад, ки самти майдони магнитӣ ва мавқеи хатҳои индуксияи магнитӣ саҳеҳтар муайян карда шаванд. Баъзе аз манзараҳои дар ингуна таҷрибаҳо ҳосилшуда дар расмҳои 13 — 16 тасвир ёфтаанд.

Майдони туфонӣ (гирдбодӣ). Хусусияти муҳими хатҳои индуксияи магнитӣ ин аст, ки онҳо на аввал доранду на охир.

Ин хатҳо ҳамеша сарбаст мебошанд. Хотирасон бояд кард, ки ин манзара дар майдони электростатики дигаргун мебошад: хатҳои қуввагии майдони электростатикӣ аз зарядҳои мусбат ибтидо мегиранду дар зарядҳои манфӣ интиҳо меёбанд. Яъне хатҳои қуввагии майдони электростатикӣ дар ҳама мавридҳо манбаъ доранд.

Майдонҳои хатҳои қуввагиашон сарбастаро майдонҳои туфонӣ (гирдбодӣ) меноманд. Майдони магнитӣ майдони туфонист.

Саволҳо:

  1. Контурчаи сарбасти ҷараёндор ва ақрабаки магнитӣ дар майдони магнитии якҷинса чӣ гуна рафтор мекунад?
  2. Чӣ гуна тарзҳои муайян кардани самти вектори индуксияи магнитиро медонед?
  3. Чиро хатҳои векторӣ индуксияи магнитӣ меноманд?
  4. Чӣ гуна майдонро майдони туфонӣ (гирдбодӣ) мегуянд?
  5. Майдони туфонӣ аз майдони потенсиалӣ чӣ фарқ дорад?

Маводҳои ҳамсон