Виростори графикӣ

Ба дигарон равон намоед

Виростори графикӣ — воситаи сохтан, корбурд, таҳрир, пешниҳод, интиқол ва чопи иттилооти графикӣ мебошад.

Компютер дар ибтидои пайдоишаш ба истифодабаранда имконияти сохтани объектҳои графикиро пешниҳод карда наметавонист. Он замон дар экрани компютер танҳо аломатҳо — ҳарфҳо, рақамҳо ва рамзҳои махсусро инъикос намудан имконпазир буд.

Баъдтар, одамон кӯшиш карданд, ки компютерро ҳамчун афзори расмкашӣ истифода баранд. Дар ибтидо онҳо ба компютер кашидани объектҳои одӣ — нуқта, хати рост ва давраро ёд доданд. Имрӯз компютер ба сохтани ҳар гуна тасвирҳои мураккабтарин қодир аст. Сохтани тасвирҳои компютерӣ ба зиммаи барномаҳои махсусе гузошта шудааст, ки онҳоро виросторони графикӣ меноманд.

Виростори графикӣ муҳити амалие мебошад, ки барои таҳия ва таҳрири тасвирҳои графикӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре аз мавзӯи гузашта маълум гашт, виросторони графикӣ, вобаста ба тарзи ташаккулдихди тасвирҳо, ба виросторони растрӣ, векторӣ ва сеченака ҷудо мешаванд.

Виростори графикаи растрӣ рамзсозии тасвирро бо усули ба пикселҳо тақсим намудани тасвир ва ба ҳар як пиксел бахшидани рамзи рангӣ амалӣ мегардонад. Барномаҳои графикии MS Paint, Microsoft Photo Editor, Adobe Photo Shop, Fractal Design Painter, Micrografx Picture Publisher — виросторони графикаи растрӣ ба ҳисоб мераванд.

Виростори графикаи векторӣ барои сохтани тасвир аз объектҳои примитивии геометрӣ — нуқта, хатҳои рост ва каҷ, росткунҷа, секунҷа ва давра истифода бурда, андозаҳои объектҳоро бо ёрии формулаҳои математикӣ хдсоб менамояд. Барномаҳои графикии Corel Draw, Adobe Illustrator, Fractal Design Expression, Macromedia Freehand, AutoCAD — мисоли равшани виросторони графикаи векториро ташкил медиҳанд.

Виростори графикаи сеченака унсурҳои муштараки растрӣ ва вектории графиксозиро дар фазои сеченака татбиқ

менамояд. Барномаҳои графикии Fractal Design Painter, Fractal Design Expression, Micrografx Picture Publisher, Macromedia Freehand, AutoCAD пурра метавонанд вазифаи виросторони графикаи сеченакаро иҷро намоянд.

Ҳамин тариқ, графиксозии компютерӣ яке аз самтҳои зудрушдёбанда ва муосири технологияи иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, виросторони графикӣ бошанд, ба абзори асосии натанҳо рассомон ва зебоисозон (дизайнерон)-и касбӣ табдил ёфтаанд, балки онҳо дастраси ҳар як истифодабарандаи одии компютери фардӣ гаштаанд.

Татбиқи одитарини технологияҳои графиксозии компютериро дар маводи нашрии рӯзномаву маҷаллаҳо, варақаву буклетҳо ва дигар барандагони иттилооти графикӣ ба осонӣ дарёфтан мумкин аст. Тибқи таҳлилҳои оморӣ қариб 90% вақти барномасозони касбиро, ки ба эҷоди барномаҳои татбиқии истифодаи умум машғуланд, графиксозии компютерӣ мегирад. Бе истифодаи графикаи компютерӣ ягон барномаи чандрасонаӣ кор карда наметавонад. Корхонаҳои рекламавӣ, матбааҳо ва нашрияҳо низ фаъолияти эҷодии худро дар заминаи барномаҳои графикӣ ба роҳ мондаанд.

Зарурати истифодаи васеи воситаҳои графикии муосир ба рушди бемайлони Интернет алоқамандӣ дорад. Дар ин раванд нақши торнигори ҷаҳонӣ (www), ки дар шабакаи саросарӣ даҳҳо миллион вебсафҳаҳоро бо ороишҳои нотакрор пайваст намудааст, хеле назаррас мебошад.

Барои татбиқи графикаи компютерӣ теъдоди зиёди виросторони графикие рӯйи кор омадаанд, ки ҳар кадомашон нисбат ба якдигар имконият, бартарӣ ва норасоиҳои ба худ хосро доро мебошанд. Ин барномаҳо метавонанд тавассути ягон системаи амалиётии мушаххас мавриди истифода қарор дода шаванд. Принсипи графиксозӣ (расмкашӣ, ороишдихД)-и ин барномаҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. Инъикоси тасвирҳои бо ёрии онҳо сохташуда низ метавонанд ҳам дар экран ва ҳам дар коғаз моҳиятан аз ҳамдигар фарқ дошта бошанд.

Хусусиятҳои форматҳои графикӣ. Тавре медонем, дар санадҳо иттилооти дилхоҳ дар шакли пайдарпайии байтҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳар як байт метавонад қиматеро аз

фосилаи 0 to 255 қабул намояд. Тарзи тасвири иттилоотро бо ёрии пайдарпайии байтҳо формати парванда меноманд. Пас формати графикӣ — тарзи тасвири иттилооти графикӣ мебошад. Тарзҳои ифода намудани тасвирҳои графикӣ ба имкониятҳои амалиётии виростор, чопгар ва ҳаҷми хотираи компютер таъсиргузор мебошанд.

Дар формати растрии графиксозӣ андозаи тасвири дар экран инъикосшаванда ҳам аз рӯйи самти уфуқӣ (аз чап ба рост) ва ҳам амудӣ (аз боло ба поён) ба росткунҷачаҳои хеле хурди пиксел (pixel — picture element — ҷузъи расм) номидашаванда тақсим карда мешавад. Ҳар қадар миқдори пикселҳои тасвир зиёд бошад, мувофиқан андозаи онҳо ҳамон қадар хурдтар гардида, дар экран тасвир дақиқтар инъикос меёбад. Масалан, имконияти ғунҷойиши монитори 15-дюйма ба 1024×768 пиксел баробар аст. Ҳар як пиксели тасвир дар парвандаи графикии мувофиқ рамзбандӣ шуда, маълумот оид ба ранги ҳар кадоми онҳо ба қайд гирифта мешавад.

Дар формати вектории графиксозӣ бошад, тасвир бо истифода аз формулаҳои математикӣ тавассути шаклҳои одии геометрӣ сохта мешавад. Дар ин формат зарур аст, ки навъ ва координатҳои пойгоҳии ҳар як шакл, масалан координатҳои охирҳои порча ё марказу диаметри доира, бояд пешакӣ маълум бошад.

Формати фракталии графиксозӣ низ ба мисли формати графикаи векторӣ ҳисобшаванда мебошад, вале дар ин формат рамзбандии иттилоот истифода бурда намешавад. Тасвир ба воситаи системаи муодилаҳо сохта мешавад. Қимати коэффитсиентҳои муодилавиро тағйир дода, шакли тасвирро ба куллӣ дигаргун сохтан мумкин аст.

Дар графикаи растрӣ (raster — панҷара) тасвир аз маҷмӯи нуқтаҳои ранга иборат аст. Тасвири компютерии объекти растрӣ бошад, дар шакли ҷадвал ифода карда мешавад. Дар буриши сатру сутунҳои ҷадвал катакҳо ҳосил мешаванд, ки онҳо аслан нуқтаҳои алоҳидаи тасвир (пикселҳо) мебошанд. Сатру сутунҳо ва катакҳои ҷадвал ба тӯри нуқтаҳо монанд аст.

Графикаи растрӣ имконият медиҳад, ки хусусиятҳои асосии расм — равшанӣ, шаффофӣ ва амиқии ранг нигоҳ дошта шавад. Бо ёрии он тамоми навъҳои рангҳои тасвирро, ки ба рангҳои табиӣ бисёр наздиканд, ифода кардан мумкин аст. Масалан, тасвирҳои скан ва аккосишуда, тасвирҳои растрӣ мебошанд.

Тасвирҳои растриро бо ёрии барномаҳои мувофиқи графикӣ ба тасвирҳои векторӣ ва баръакс, векториро ба растрӣ, табдил додан мумкин аст. Дар ин гуна мавридҳо форматҳои гуногуни парвандаҳои графикаи растрӣ рӯйи кор меоянд, ки ҳар кадомашон тарзи махсуси рамзгузории иттилооти графикиро истифода мебаранд.

ФорматМиқдори максималии бит/ликселМиқдори максималии рангҳоАндозаи максималии тасвир, пиксел
BMP2416 777 21665535 х 65535
GIF825665535 х 65535
JPEG2416 777 21665535 х 65535
PCX2416 777 21665535 х 65535
PNG48281 474 976 710 6562 147 483 647 х 2 147 483 647
TIFF2416 777 216Ҳамагӣ 4 294 967 295

Аз форматҳои зикршуда дар Интернет форматҳои GIF ва JPEG истифода мешаванд. Формати GIF (graphics interchange format — формати мубодилаи графикӣ) яке аз форматҳои маъмули графикӣ ба ҳисоб рафта, аз сахтафзорҳои компютерӣ вобастагӣ надорад. Ин формат барои фишурдани тасвирҳои растрӣ пешбинӣ шудааст.

Формати JPEG (joint photographic experts group — гурӯҳи муштараки ташхисгарони акс) барои самаранок истифода бурдани тобишҳои рангӣ хизмат мерасонад. Дар ин формат зиёда аз 16 миллион ранг истифода бурда мешавад, ки ин миқдор барои анҷом додани саҳеҳтарин амалҳои тасвирсозӣ кифоя мебошад.

Ҷузъҳои графикаи векторӣ, тавре медонем, объектҳои геометрӣ мебошанд. Объектҳои ин графикаро шаклҳои одии геометрӣ (примитивҳо — росткунҷа, доира, эллипс, сплайн, хат, нуқта) ва шаклҳои ба воситаи примитивҳо сохташуда ташкил медиҳанд. Сплайн — хати каҷест, ки бо ёрии он дигар шаклҳои геометрӣ сохта мешаванд. Масалан, ҳарфҳои навъи ТгуеТуре ва PostScript ба воситаи сплайнҳо сохта шудаанд.

Графикаи векторӣ нисбат ба дигар намудҳои графикаҳо бартариҳои зиёде дорад. Бартарии асосии ин графика дар он аст, ки бо ёрии вай шакл, ранг ва мавқеъи объект дар фазо бо ёрии формулаҳои математикӣ ифода карда мешавад. Бартарии дигари он дар сарфаи ҷой ҳангоми сабти тасвир дар диск мебошад. Дар диск на худи тасвир, балки маълумоти формулавии он нигоҳ дошта мешавад. Дар графикаи векторӣ шарҳи тавсифҳои рангӣ тамоман ба андозаи тасвир таъсир

намерасонанд.

Объектҳои графикаи векториро бо осонӣ табдил, тағйир ва интиқол додан мумкин аст. Ин амалҳо ба сифати тасвир ягон таъсир намерасонанд. Амалҳои миқёсгирӣ, тобдиҳӣ ва каҷкунии объектҳо ба воситаи ду ё се табдилдиҳиҳои одии векторӣ иҷро карда мешаванд. Графики векторӣ қитъаҳои

графики растриро низ дар бар гирифта метавонад.

Раванди вироиш дар формати графикаи векторӣ аз илова намудани объектҳои нави тайёр ба тасвир ва тағйирдиҳии андоза ва намуди зоҳирии онҳо иборат аст.

Ҳангоми сохтани объекти векторӣ параметрҳои он (андоза, мавқеъи ҷойгиршавӣ, кунҷи тобдиҳӣ)-ро виростори графикаи векторӣ ба таври худкор муайян менамояд.

Саволҳо:

  1. Виростори графикӣ чист? Вазифаҳои он аз чӣ иборат аст?
  2. Барои чӣ виросторони графикиро ба виросторони растрӣ, векторӣ ва сеченака ҷудо мекунанд?
  3. Тарзи тасвирсозӣ дар виросторони графикаи растрӣ ба чӣ асос ёфтааст? Дар виросторони графикаҳои векторӣ ва сеченака чй?
  4. Кадом барномаҳои графикии растриро номбар карда метавонед? Якчанд барномаи графикии векторӣ ва сеченакаро низ номбар кунед.
  5. Оё рушди Интернет бо татбиқи воситаҳои графикӣ ягон алоқамандӣ дорад? Тавзеҳ диҳед.
  6. Форматҳои растрии графиксозӣ аз форматҳои векторӣ ва фракталӣ чӣ фарқ доранд?

Супориш:

Аввал матни мавзӯъро бодиққат хонед ва баъд парвандаи «Графикаи компютерӣ»-и худро кушода, онро ва фишурдаи мазмуни мавзӯи нав — «Виростори графикӣ» пурра намоед ва аз нав дар хотираи компютер нигоҳ доред.

Маводҳои ҳамсон