Вирусҳои компютерӣ. Барномаҳои зиддивирусӣ

Ба дигарон равон намоед

Вирусҳо барномаҳои ҳаҷман начандон калони зараррасон ва махсус тартибдодашудае мебошанд, ки ба раванди муътадили кори компютер дахолат намуда, ноаён (махфӣ ва ногаҳон) ба таркиби диску парвандаҳои системавии он дохил мешаванд ва барномаву санадҳоро қисман ё пурра несту хароб месозанд.

Соли 1986 аввалин вирус бо номи Brain «ихтироъ» шуд. Вай ба воситаи диск аз як компютери фардӣ ба дигар компютер гузашта, онҳоро «сироят» мекард. Дар натиҷа амали сироятёбӣ аз ин вируси компютерӣ характери оммавӣ гирифт.

Вирус — барномаи ҳаҷман хурде мебошад, ки ноаён ба таркиби объектҳои системавӣ ва татбиқии компютер ворид мешавад ва онҳоро қисман ё пурра хароб месозад.

Ҳоло қариб ҳар рӯз то 300 намуди нави вирусҳо, ки дараҷаҳои гуногуни сироятӣ доранд, пайдо мешаванд ва ба воситаи барандагони гуногуни иттилоот ва роҳҳои мухталиф ба муҳити компютерӣ паҳн карда мешаванд. Вирусҳои компютерӣ мисоли равшани таҳдиди ғаразноки амнияти иттилоотӣ мебошанд. Вирусҳои компютерӣ сарҳадҳои давлатиро намеписанданд. Онҳо дар байни якчанд соат ба тамоми ҷаҳон паҳн шуда метавонанд. Зарари вирусҳо табиати гуногун дорад. Натиҷаи фаъолияти онҳо — аз пайдо шудани ҳар гуна навиштаҷоти ногаҳонию бегона дар экрани монитор сар карда, то дуздӣ ва нобудсозии иттилоот мебошад. Зарари молиявии аз вирусҳо танҳо дар соли 2003 расида тақрибан 12 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Яке аз сабабҳои «диверсияҳои» иттилоотии имрӯза ҳарчӣ бештар истифода бурдани шабакаи компютерии Интернет мебошад. Ин, пеш аз ҳама, ба васеъшавии спектри хиз- матрасонӣ ва созишҳои электронӣ, ки асосан тавассути Интернет амалӣ гардонида мешаванд, вобаста аст. Ҳангоми кор бо почтаи электронӣ, барномаҳои ройгон, бозиҳои компютерӣ

ва ғайра вирусҳои компютери метавонанд озодона ворид гарданд.

Яке аз хосиятҳои асосии вирусҳои компютерИ аз он иборат аст, ки онҳо ҳангоми сирояткунИ ҳар дафъа нусхаашонро афзун мегардонанд ва ноаён ба таркиби парвандаву дискҳои компютер, хусусан ба сектори боркунандаи диски системавИ ворид мегарданд. Маҳз бо сабаби хосияти худафзуншавии ин барномаҳо ба онҳо вирус ном гузоштаанд.

Агар вирус аллакай ба хотираи компютер роҳ ёфта бошад, вай метавонад дар лаҳзаи дилхоҳи вақти барояш созгор фаъол гардад ва компютерро ба иҷрои ҳар гуна амалиёти барои истифодабаранда номаълум маҷбур созад.

Фаъолшавии вирус метавонад бо омилҳои гуногун — вақти муайяни ягон рӯз, рӯзи муайяни ҳафта, ҳангоми ба кор омода сохтани барномаҳо, кушодани парвандаҳо ва ғайра алоқаманд бошад.

Ҳангоми оғози кори барномаи сироятёфта вирус зуд идоракуниро ба ихтиёри худ мегирад. Баъд ба ҷустуҷӯи барномаву объектҳои нав шурӯъ намуда, бо роҳи афзойиш додани нусхаҳои худ ба сирояткунии онҳо камар мебандад. Пас аз он вирус идоракуниро аз нав ба барномаи аввала медиҳад. Барнома ба таври муқаррарИ гӯё кори худро давом медиҳад ва истифодабаранда аз таҳдиди пешомад бехабар мемонад.

Оқибатҳои амалиёти сироятии вирусҳо хеле гуногуну рангин аст. Онҳоро аз рӯйи дараҷаи зарарашон ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:

  вирусҳои бехатар ба раванди кори компютер ҷиддан таъсир нарасонида, танҳо аз ҳисоби зудафзуншавиашон қисми озоди хотираи дискро ишғол менамоянд, ки дар натиҷа суръати кори компютер суст мегардад;

  вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон паст низ ба раванди асосии кори комютер таъсир намерасонанд. Онҳо ба экран ҳар гуна маълумоти нолозим ва тасвирҳои гуногунро инъикос намуда, торҳои асаби истифодабарандаи компютерро мехарошанд. Баъзеашон садою мусиқИ мебароранд, дигарашон вазифаи тугмаҳои

сафҳакалидро тағйир медиҳанд ва баъзеашон компютерро хомӯш мекунанд, вале онҳо иттилооти санаду барнома- ҳоро хароб намесозанд;

  вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон миёна сабабгори бозис- тӣ ва кори нодурусти компютеру барномаҳо шуда метавонанд. Онҳо иттилооти дар дискҳо маҳфузбударо қисман хароб месозанд. Аксари онҳо парвандаҳои навъи .com-ро барбод медиҳанд;

  фаъолшавии вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон баланд ба зуд аз кормонӣ ва нобудшавии барномаву додаҳо, тағйирёбӣ ё гумшавии парвандаву ҷузвдонҳо оварда мерасонад. Дар чунин ҳолатҳо винчестер ё дигар дискҳои компютерро аз нав формат кардан лозим меояд.

Аз рӯйи намуди сирояткунӣ ба объектҳо, муҳит ва мавқеи ҷойгиршавӣ вирусҳоро ба вирусҳои парвандаӣ, боркунанда, макровирусӣ ва шабакавӣ ҷудо мекунанд:

  вирусҳои парвандаӣ бо роҳҳои гуногун ба парвандаҳои иҷроӣ (.exe ё .com) дохил шуда, ҳангоми оғози кори онҳо фаъол мегарданд ва дар хотираи фаврӣ боқӣ мемонанд. Дар мавриди ба хотира ҷеғ задани парвандаи нав вирус зуд ба сирояткунии он машғул мешавад. Ҳифзи профи- лактикии вирусҳои парвандаӣ — ин аз истифодаи дискҳои шубҳанок ва аз санҷиши барномаҳои зиддивирусӣ ногузашта, даст кашидан аст;

  вирусҳои боркунанда нусхаҳои худро дар сектори омода- сози кори CD-и системавӣ зиёд менамоянд. Ҳангоми оғози кори системаи амалиётӣ вирусҳо ба хотираи фаврии компютер дохил мешаванд ва ба мисли вирусҳои парвандаӣ рафтор мекунанд. Ҳифзи профилактикӣ — ин истифода набурдани CD-и системавӣ аст;

  макровирусҳо сирояткунандагони асосии парвандаву санадҳои бо ёрии дастаи барномаҳои M  Office эҷодшуда мебошанд. Онҳо ҳамчун макрофармонҳо (макросҳо) дар таркиби санад ҷой мегиранд ва раванди корро бо он душвор мегардонанд. Баъди кушодани санади сироятёфта

вирусҳо дар хотираи компютер «сайр» менамоянд ва дигар санадҳои кушодашударо сироят мекунанд. Хатари сироят танҳо пас аз бастани парвандаи санад аз байн меравад. Ҳифзи профилактикӣ аз макровирусҳо танҳо нест кардани онҳо мебошад;

  вирусҳои шабакавӣ ба воситаи шабакаҳои компютерӣ паҳн гардида, метавонанд ҳамаи компютерҳои бо онҳо пайвастро сироят кунанд. Чунин вирусҳо бештар ба воситаи почтаи электронӣ ва шабакаи ҷаҳонии Интернет паҳн карда мешаванд. Масалан, 5 майи соли 2000-ум миллионҳо истифодабарандаи Интернет маълумоти дорои сарлавҳаи ҷолиб — I LOVE YOU-ро гирифтанд, ки онро як парвандаи вирусдор ташкил медод. Ин парванда пас аз фаъолшавӣ қисми иловагии номи тамоми парвандаҳои компютерҳоро дигаргун месохт ва тамоми системаи парвандаии онро вайрон менамуд. Бинобар ин ҳангоми кор бо Интернет ва почтаи электронӣ ягона ҳифзи профи- лактикӣ — ин эҳтиёткор будан аст.

Барномаҳои зиддивирусӣ. Барои аз вирусҳои компютерӣ тоза кардани парвандаву санадҳо барномаҳои махсуси зиддивирусӣ сохта шудаанд. Ин барномаҳо вирусҳоро ёфта, намудашонро муайян намуда, диску парвандаҳои сироятёфтаро «табобат» мекунанд. Барои кам намудани эҳтимолияти фалаҷшавии диску парвандаҳои компютер дар қатори дигар чорабиниҳои профилактикӣ бояд ба таври системавӣ аз барномаҳои зиддивирусӣ истифода бурд.

Барномаи зиддивирусӣ барои аз вирусҳо «табобат» кардани объектҳои компютерӣ пешбинӣ шудааст.

Азбаски зиддивирусҳо ҳам ба мисли вирусҳо хеле зиёду гуногунанд, бинобар ин онҳоро аз рӯйи вазифа ва тарзи ҷустуҷӯю табобати санадҳо ба намудҳо ҷудо мекунанд:

  полифагҳо — машҳуртарин барномаҳои зиддивирусӣ ба ҳисоб мераванд. Масалан, барномаи Antiviru  Toolkit Pro

полифаг аст. Вазифаи полифагҳо аз тафтиши сектори боркунандаи диски системавӣ, санҷидани хотираи фаврӣ, ҷузвдону парвандаҳо, ҷустуҷӯи вирусҳои маълум ва нав иборат аст. Барои ҷустуҷӯи вирусҳои маълум, вай усули ҷустуҷӯ аз рӯйи ниқобро истифода мебарад. Ниқоби вирус рамзи барномавии он аст. Агар зиддивирус ҳангоми тафтиш дар таркиби парванда рамзи ягон вирусро дарёбад, он гоҳ онро ҳамчун парвандаи сироятёфта ба қайд мегирад. Барои ҷустуҷӯи вирусҳои наву номаълум бошад, зиддивирус дар парвандаи тафтишшаванда алгоритми «сканиронии эвристикӣ», яъне таҳлили пайдарпайи фармонҳоро истифода мебарад. Агар дар парванда фармонҳои шубҳанок вохӯранд, он гоҳ полифаг онро ҳамчун парвандаи сироятёфта ба қайд мегирад. Полифагҳо тамоми тафтиши парвандаҳоро дар оғози кори онҳо анҷом медиҳанд;

  усули кори нозирон (ревизорҳо), масалан, зиддивируси Adinf, аз баҳисобгирии суммаи назоратии иттилооти парвандаҳои диск иборат аст. Суммаи назоратӣ дар пойгоҳи додаҳои зиддивирусӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми оғози кори компютер нозир додаҳои пойгоҳи зиддивирусиро бо қимати аслии иттилооти парвандаҳои диск муқоиса мекунад. Агар миқдори иттилооти ягон парвандаи дар пойгоҳ маҳфузбуда бо қимати аслии он мувофиқат накунад, он гоҳ нозир ин парвандаро ҳамчун парвандаи тағйирдодашуда ё сироятёфта ба қайд мегирад;

  муҳосирачиён (блокировшикҳо) — барномаҳои зиддиви- русие мебошанд, ки вазъи хатарнокро дар диск пай бурда, барои пешгирӣ аз паҳншавии он чораҳо меандешанд ва оид ба хатари вирусӣ ба истифодабаранда маълумот медиҳанд. Масалан, яке аз хатарҳои маъмули вирусӣ — ин сабт дар сектори боркунандаи диск ба ҳисоб меравад. Ин гуна хатар метавонад ҳангоми аз диск ба компютер насб намудани системаи амалиётии нав таҳдид намояд, агар диски мазкур сироятнок бошад. Вале ба воситаи барномаи BIO   etup системаи BIO -ро чунон танзим намудан

мумкин аст, ки ба сектори боркунандаи диск сабти ҳар гуна иттилооти нолозим ғайриимкон гардад.

Саволҳо:

  1. Вируси компютерӣ чист?
  2. Чӣ тавр вирусҳо ба диску парвандаҳои компютер сироят мекунанд?
  3. Аз рӯйи дараҷаи зараррасонӣ вирусҳоро ба чанд намуд ҷудо мекунанд? Онҳо кадомҳоянд?
  4. Зиддивируси компютерӣ гуфта чиро мефаҳмед? Полифагҳо аз нозирҳо чӣ фарқ доранд? Аз муҳосирачиён чӣ?
  5. Боз кадом намуди зиддивирусҳо ба шумо маълуманд?

Супориш:

  1. Мафҳумҳои вирусу зиддивирусро маънидод намоед ва тарзи кори онҳоро мухтасар дар дафтар нависед.

Аз зиддивируси мавҷудаи компютер истифода бурда, иттилооти диски винчестерро санҷед.

Маводҳои ҳамсон