Воситаҳои коркарди иттилооти ададӣ

Ба дигарон равон намоед

Воситаҳои техпикии коркарди иттилооти ададӣ.

Ихтирои компютер — дастоварди инқилобии инсоният дар самти пешбурди техникаи ҳисоббарор ва татбиқи иттилооти ададӣ ба ҳисоб меравад. Компютер натанҳо нигахдоранда ва барандаи иттилоот, балки воситаи коркард ва дастрасии он мебошад.

Компютер асосан барои ҳалли масъалаҳои ҳисоббарорӣ пешбинӣ шудааст. Аммо, имрӯз онро дар идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, нигаҳдорӣ ва коркарди маълумоти оморӣ ва ҳалли масъалаҳои дигар соҳаҳои хоҷагии халқ истифода мебаранд. Гарчанде бо ёрии компютер иттилооти навъҳои гуногунро кор карда бароянд ҳам, вале нақши азалии он дар коркарди иттилооти ададӣ тағйирнопазир аст.

Таърих гувоҳ аст, ки инсон дар тамоми давраҳои мавҷудияти хеш ба тачдизоти ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ доштааст. To пайдоиши компютер, ҳазорҳо сол муқаддам, одамон

барои ҳисоббарорӣ аз ангуштони худ ва воситаҳои одитарин — еангчаҳо, чӯбчаҳо, ресмонҳои гирехдор ва тасмаҳои сӯрохдор истифода мебурдаанд.

Баъдтар, бо зиёдшавии ҳаҷми ҳисоббарориҳо, одамон ба ҷустуҷӯи усулҳои нави иҷрои амалҳо ва ихтирои афзорҳои асили ҳисоббарорӣ шурӯъ намуда, дар натиҷа, аввал чӯт ва пас аз он арифмометрро ихтироъ кардаанд.

Аввалин арифмометрро соли 1642 олими фаронсавӣ Паскал ихтироъ намудааст, ки он бо ададҳои даҳӣ амалҳои ҷамъ ва тарҳро иҷро карда метавонистааст.

Соли 1694 олими немис Лейбнитс арифмометре сохтааст, ки он на танҳо амалҳои арифметикӣ — ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро иҷро карда метавонистааст, балки иқтидори аз решаи квадратӣ баровардани ададҳоро низ доштааст.

Қадами асосӣ ва ҳалкунандаи рушди техникаи ҳисоббарор ба асри XIX рост омадааст. Олими англис Беббиҷ соли 1830 лоиҳаи мошини таҳлилиеро рӯйи кор овардааст, ки сохтор ва принсипи кори он ба комшотерҳои муосир бисёр монанд будааст. Бо сабаби аз ғояҳои пешқадами аср қафо мондани воситаҳои техникии ҳамон замон, мошини таҳлилии Беббиҷ ба пуррагӣ омода шуда натавонистааст.

Орзуҳои Беббиҷ тақрибан пас аз 100 сол амалӣ гаштаанд. Соли 1946 дар ИМА аввалин компютер бо номи «Eniac» сохта шудааст.

Қадами хеле муҳимро дар пешбурди техникаи компютерӣ ва татбиқи иттилооти ададӣ олими амрикоӣ Ҷон фон Нейман гузоштааст. Ӯ дар як мақолаи худ пешниҳод намудааст, ки дар баробари ба хотираи компютер дохил кардани иттилооти ададӣ, барномаи идоракунӣ ва коркарди ин иттилоот низ ба хотира дохил карда шавад. Фон Нейман дар он мақола бо забони бисёр сода ва равон тарзи кори компютер — таҷҳизоти ҳамакори ҳисоббарорро баён намудааст, ки он баъдтар нуцтаи назари (принсипи) фон Нейман ном гирифтааст.

Мувофиқи нуқтаи назари фон Нейман хотираи компютер аз якчанд катаки рақамдор иборат буда, дар онҳо дастурҳои барномавӣ ва иттилооти ададӣ нигоҳ дошта мешаванд. Катакҳои хотира бояд ба таври хеле одӣ дастраси дигар қисмҳои компютер — арифметикӣ-мантиқӣ, идоракунӣ ва

дохилкунӣ-хориҷкунӣ бошанд.

Барномаи компютерӣ ба воситаи қисми дохилкунӣ ба хотираи компютер ворид карда мешавад. Қисми идоракунӣ аз катаки муайяни хотира дастури якуми барномаро мегирад ва иҷрои онро ташкил менамояд.

Дастури компютерӣ метавонад ба иҷро кардани ягон амали арифметикӣ, мантиқӣ ё аз хотира дастрас кардани додаҳои рақамӣ, ё ба хотира сабт намудани натиҷа, ё ба воситаи қисми дохилкунӣ ба хотира ворид намудани додаҳо ва ё аз хотира ба қисми хориҷкунӣ содир намудани натиҷаҳо ҳидоят намояд.

Пас аз иҷрои як дастури барнома қисми идоракунӣ ба иҷрои дастури навбатӣ гузашта, бо ҳамин тарз пай дар пай дастурҳои барномаро ба таври худкор иҷро менамояд ва масъалаи гузошташударо ҳал мекунад.

Аввалин компютери дар асоси принсипи Ҷон фон Нейман амалкунандаро бо номи «Edsac» соли 1949 дар Англия Морис Уилкс ихтироъ намудааст. Компютерҳои муосир аз компютерҳои дар асоси принсипи мазкур сохташуда бо он фарқ мекунанд, ки дар ин ҷо қисмҳои арифметикӣ-мантиқӣ ва идоракунии компютер бо ҳам муттаҳид гардонида шуда, номи ягонаи протсессори марказиро гирифтаанд.

Воситаҳои барномавии коркарди иттилооти ададӣ.

Дар баробари пайдоиш ва рушди мошинҳои электронии ҳисоббарор усулҳои компютерии коркарди иттилооти ададӣ низ оғоз ёфта, рушд кардааст. Ба воситаҳои барномавии коркарди иттилооти ададӣ — асосан ҷадвалҳои электронӣ ва барнома-ҳисоббароракҳо (калкуляторҳо) дохил мешаванд.

Агар дар ҷадвалҳои маъмулӣ ҳисоббарориҳоро бо итгилооти ададӣ дастӣ иҷро кунанд, пас дар ҷадвалҳои электронӣ онҳо ба таври худкор анҷом дода мешаванд. Барои сохтан ва истифода бурдани ҷадвалҳои электронӣ синфи барномаҳои махсус пешбинӣ шудаанд, ки онҳоро протсессорҳои ҷадвалӣ меноманд.

Таърихи пайдоипш ҷадвалҳои электронӣ бо зуҳур кардани протсессори ҷадвалии VisiCalc сарчашма мегирад. Барномаи VisiCalc соли 1978 аз тарафи Даниэл Бриклин ва Боб Фрэнкстон барои компютерҳои фардии Apple II сохта шудааст. Он солҳо ин барномаро ширкатҳои гуногун дар худкорсозии раванди ҳисоббарориҳои молиявии худ истифода мебурдаанд.

Имрӯз протсессорҳои ҷадвалӣ дар фаъолияти иқтисоддонҳо, менеҷерҳо, риёзидонҳо, муҳандисон ва мутахассисони дигар соҳаҳо ба афзори асоситарини ҳисоббарорӣ табдил ёфтаанд. Барномаҳои мазкур имконият медиҳанд, ки ҳисоббарориҳои душвори такроршаванда ва якранг бо истифода аз формулаҳои мувофиқ худкор гардонида шаванд.

Яке аз барномаҳои маъмултарини синфи протсессорҳои ҷадвалӣ — ҷадвали электронии Microsoft Excel ба ҳисоб меравад. Барномаи дигари маъруф ва озодасос — OpenOffice Calc мебошад, ки аз рӯйи имкониятҳояш аз MS Excel ягон монданӣ надорад.

Барои ҳисоббарориҳои начандон зиёд аз калкуляторҳои электронӣ истифода мебаранд, ки онҳо аз рӯйи намуди экранӣ ва вазифаҳояшон ба калкуляторҳои муқаррарӣ бисёр монанданд. Калкуляторҳои электронӣ дар таркиби ҳама гуна системаҳои амалиётӣ мавҷуданд. Масалан, KCalc дар Linux ва Calculator дар MS Windows аз қабили ҳамин гуна барномаҳо ба ҳисоб мераванд.

Саволҳо:

  1. Кадом воситаҳои техникӣ ва барномавии коркарди иттилооти ададиро медонед?
  2. Мошини таҳлилии Беббиҷ аз арифмометрҳои Лейбнитс ва Паскал чӣ фарқ дошт?
  3. Мохдяти принсипи фон Нейман аз чӣ иборат аст?
  4. Компютерҳои муосир аз компютерҳои дар асоси принсипи фон Нейман сохташуда чӣ фарқ доранд?
  5. Оё шумо аз калкуляторҳои маъмулӣ истифода бурдаед? Аз барнома-калкуляторҳо ва ҷадвалҳои электронӣ чй?

Супориш:

Барномаи «КСа1с»-ро тавассути Linux ё «Calculator»-po тавассути Windows ба кор дароред ва афзорҳои равзанаҳои онҳоро аз назар гузаронида, нақли хаттӣ нависед.

Маводҳои ҳамсон