Гармигузаронӣ

Ба дигарон равон намоед

Гармигузаронӣ на танҳо аз як ҷисм ба ҷисми дигар, балки дар байни қисмҳои гуногуни ҳамон як ҷисм ҳам ба амал омада метавонад. Масалан, агар як нӯги милаи пӯлодинро дар оташ тафсонем, он гоҳ нӯги дигари он, ки дар дастамон аст, тафсида дастро месӯзонад.

Аз як ҷисм ба ҷисми дигар ё аз як қисми ҷисм ба қисми дигари он гузаштани гармиро гармигузаронӣ меноманд.

Гармигузаронӣ ҳамеша аз ҷисмҳои ҳарораташон баланд ба ҷисмҳои ҳарораташон паст ба амал меояд. Вақте ки ҳарорати ҷисмҳо баробар мешавад, гармигузаронӣ қатъ мегардад ва мувозинати гармӣ ба амал меояд.

Барои гармигузаронӣ ҷисмҳои ҳарораташон гуногун бояд бевосита ба тамос оварда шаванд. Дар ин маврид зарраҳои таркибии ҷисмҳо ба ҳам бархӯрда, боиси нақли энергия мегарданд, вале нақли худи зарраҳои модда ба амал намеояд.

Пас, ҳангоми гармигузаронӣ зарраҳои моддае, ки аз он ҷисм сохта шудааст, аз як нӯги ҷисм ба нӯги дигараш нақл намеёбанд.

Вобаста ба суръати интиқоли энергияи дохилӣ моддаҳоро аз ҷиҳати гузаронандагии гармӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: моддаҳое, ки гармиро бад мегузаронанд ва моддаҳое, ки гармиро хуб мегузаронанд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло якчанд таҷрибаро муоина мекунем.

Агар як нӯги чӯбро ба оташ дорем, вай аланга мегирад, аммо нӯги дигараш, ки аз оташ дур аст, дар ҳолати хунукӣ мемонад. Пас, чӯб гармиро бад мегузаронад.

Нӯги милаи борики шишагинро ба шӯълаи оташи чароғчаи спиртӣ дорем, он пас аз чанд вақт то сурхшавӣ метафсад, вале нӯги дигараш дар ҳолати хунукӣ мемонад. Пас, шиша ҳам гармиро бад мегузаронидааст.

Металлҳо бошанд, гармиро хуб мегузаронанд. Аз як нӯги ҷисми сахт ба нӯги дигари он нақл гардидани гармиро дар таҷрибаи зерин мушоҳида кардан мумкин аст. Як нӯги сими ғафси мисинро дар штатив маҳкам карда, ба он якчанд мехчаро бо мум мечаспонем

Ҳангоми дар шӯълаи чароғчаи спиртӣ гарм кардани нӯги озоди сим мум об мешаваду мехчаҳо оҳиста-оҳиста канда шуда афтидан мегиранд. Аввал мехчаҳои ба шӯълаи оташ наздикбуда канда мешаванд ва баъд мехчаҳои боқимонда бонавбат канда шуда афтидан мегиранд.

Нақли гармӣ дар сим чӣ гуна ба амал меояд?

Аввал суръати ҳаракати зарраҳои лаппандаи металл дар он нӯги сим, ки ба аланга наздик аст, меафзояд. Ҳарорати ин қисми сим баланд мешавад. Аз таъсири мутақобил суръати ҳаракати зарраҳои ҳамсоя афзуда, боиси баланд шудани ҳарорати қисмҳои баъдинаи сим мегардад. Ба ҳамин минвол суръати лаппиши зарраҳои минбаъда зиёд шудан мегиранд ва ғайра.

Таҷрибаҳои муоинашуда тасдиқ мекунанд, ки гармигузаронии моддаҳои гуногун ҳар хел аст. Инро боз дар таҷрибае санҷидан мумкин аст, ки дар он гармӣ дар шароити якхела аз ҷисмҳои гуногун мегузарад. Барои ин як нӯги симҳои мисину пӯлодин ва милаи шишагинро, ки  ғафсиашон якхела аст дар штативҳо маҳкам мекунем (расми 11). Ба милаҳо якчанд мехчаро бо мум мечаспонем ва нӯгҳои озоди онҳоро ба алангаи оташи чароғчаи спиртӣ медорем. Мебинем, ки мехчаҳо аз сими мисин нисбат ба сими пӯлодин хеле тезтар канда шуда меафтанд, вале аз шиша намеафтанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки мис нисбат ба пӯлод ноқили хуби гармӣ буда, дар айни ҳол мис ва пӯлод назар ба шиша гармиро хубтар мегузаронанд.

Чӣ хеле ки аз таҷрибаҳои боло маълум гардид металлҳо хосияти хуби гармигузаронӣ доранд.

Моеъҳо ба ғайр аз металлҳои гудохташуда гармигузаронии бад доранд. Газҳо низ гармиро хеле бад мегузаронанд, зеро молекулаҳои онҳо аз ҳамдигар дур ҷойгир шудаанд. Ба ҳамдигар бархӯрдани молекулаҳо кам аст ва энергия аз як молекула ба молекулаи дигар хеле суст дода мешавад.

Пашм, пахта, тибит, мӯина ва ҷисмҳои ковок гармиро бад мегузаронанд, зеро дар байни нахҳояшон ҳаво мавҷуд аст. Вакуум, яъне фазои беҳаво гармиро хеле бад мегузаронад. Сабаб он аст, ки гармигузаронӣ, яъне нақли гармӣ аз як қисми ҷисм ба қисми дигари он тавассути молекулаҳо ё зарраҳои дигар ба амал меояд. Аз ин рӯ дар он ҷое, ки чунин зарраҳо каманд, гармигузаронӣ суст ба амал меояд.

Ҷисмҳое, ки гармиро бад мегузаронанд, хунукиро низ бад мегузаронанд, бинобар ин онҳо барои аз гармову сармо муҳофизат кардани ҷисм истифода мешаванд. Масалан, одамон дар фасли зимистон пӯстин пӯшида худро аз сармо муҳофизат мекунанд; деворҳои хиштин ҳавои хонаро аз хунукшавӣ нигоҳ медоранд; барои аз сармои қаҳратун муҳофизат кардани дарахтони мевадиҳанда бехи онҳоро бо хасу хошок, пору ва торф мепӯшонанд; дар таҳхонаҳо барои аз сармову гармӣ муҳофизат кардани сабзавоту меваҷот онҳоро бо хас, аррамайда ва хоки ковок мепӯшонанд; бо ин мақсад байни деворҳои мошинҳои меваву сабзавоткашон ва яхдонҳоро бо ҷисмҳои масомадор (намад, тахта, шиша ва ғ.) пур мекунанд.

Саволҳо

  1. Энергия аз як ҷисм ба ҷисми дигар бо кадом роҳҳо мегузарад?
  2. Аз сими металлӣ гармӣ чӣ тавр мегузарад?
  3. Оё ҳамаи ҷисмҳо гармиро як хел мегузаронанд?
  4. Ҷисмҳоеро номбар кунед, ки гармигузаронии хуб доранд.
  5. Ҷисмҳое, ки гармиро бад мегузаронанд, бо кадом мақсад истифода бурда мешаванд?
  6. Доир ба гармигузаронӣ аз таҷрибаҳои ҳаррӯзаатон мисолҳо биёред.

Озмойиш дар хона

  1. Ҳамаи ашёҳои дар хона воқеъбуда ҳарорати якхела доранд. Ба ҳар яке аз ин ашёҳо даст расонед (масалан, бо як даст ба дари хона ва бо дасти дигар ба дастаки оҳанини он). Оё дастони Шумо гармии якхеларо ҳис мекунанд? Чаро? Ба дафтаратон номи якчанд ашёи хонаро бо тартиби зиёдшавии гармигузарониашон нависед.
  2. Мушоҳида кунед: ҳангоми бо пиёлаи металлӣ чой нӯшидан лабонатон месӯзанд, вале пиёлаи фахфӯрӣ лабро намесӯзонад. Барои чӣ?
  3. Мушоҳида кунед: пеш аз он, ки ба истакони шишагин оби ҷӯш резанд, дар он як қошуқчаи металлӣ ҷойгир мекунанд. Шумо ин тадбирро чӣ тавр шарҳ медиҳед?

Маводҳои ҳамсон