Гарминақлкунӣ дар табиат ва техника

Ба дигарон равон намоед

Ҳарорати қабати поёнии ҳаво ва сатҳи болоии хок барои инкишофи растаниҳо аҳамияти калон дорад. Ҳарорати қабати ҳавои ба сатҳи Замин наздик буда ва қабатҳои болоии хок бефосила тағйир ёфта меистад. Рӯзона хок бештар гармӣ фурӯ бурда гарм мешавад. Мавҷудияти наботот ба гарм ва хунук шудани хок таъсир мерасонад. Чунончи, аз нури Офтоб майдони шудгоршуда назар ба майдони растанидор бештар гарм мешавад. Шабона ин майдон нисбат ба майдони растанидор тезтар хунук мешавад.

Ҳамаи бодҳои атмосфера аз ҷараёнҳои бузурги конвексионӣ иборатанд (расми17 (а, б)).

Масалан, насими рӯзонаи баҳр ва шаббода, ки дар соҳилҳои баҳрҳо пайдо         мешаванд, ҳодисаи конвексионӣ аст. Бо сабабҳои пайдоиши насими рӯзонаи баҳр ва шаббода мо ҳангоми омӯзиши мавзӯи конвексия (§8) шинос шуда будем.

Барои дар оташдонҳо сӯхтани сӯзишворӣ ҳаво зарур аст. Он ба сӯхтани сӯзишворӣ ёрӣ медиҳад. Ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ ҳавои дохили оташдону дудбаро гарм ва васеъ мешавад. Аз ин рӯ зичии ҳавои тафсони дохили оташдон ва дудбаро назар ба ҳавои сарди берун хурд мешавад. Бинобар ин фишори ҳавои дохили оташдон ва дудбаро назар ба фишори ҳавои беруна паст мебошад. Дар сӯрохии даҳони оташдон фишори ҳавои сард назар ба фишори ҳавои тафсони дохили он зиёдтар мешавад (расми 18). Дар натиҷаи ин фарқияти фишор ҳавои хунук ба оташдон даромада ҳавои тафсонро тела дода, кашишро ба амал меоварад. Газҳо ҳар чӣ қадар гарм ва дудбаро чӣ қадар баланд бошад, фарқи байни фишори ҳавои тафсон ва ҳавои берунӣ ҳамон қадар калон шуда, қувваи кашиш низ меафзояд.

Дар зимистон хонаҳоро гарм ва дар тобистон бошад, сард кардан лозим аст. Дар тобистон асбоберо истифода мебаранд, ки онҳо ҳавои хонаро сард мегардонанд. Ҳам гармкунӣ ва ҳам сардкунии ҳавои хона ба конвексия асос ёфтааст.

Одатан асбобҳои сардкунӣ, масалан бодбезакро дар боло, назди сақфи хона мешинонанд, ки конвексияи табиӣ ҷараён гирад. Азбаски зичии ҳавои сард назар ба зичии ҳавои гарм калонтар аст, бинобар ин ҳавои хунук ба поён ҳаракат мекунаду ҳавои гарм ба боло. Дар натиҷа ҳавои хона салқин мешавад.

Асбобҳои гармкунанда-оташдонро бошад, баръакс аз поён мегузоранд. Дар бештари биноҳои калони ҳозиразамон дегҳои буғӣ мешинонанд. Дар он гардиши об ва гармшавии ҳавои хона бо роҳи конвексия ба амал меояд (расми 19).

Муҳаррикҳои дарунсӯзи автомобилу тракторҳоро бештар бо об хунук мекунанд (расми 20). Об моеъи хунуккунанда мебошад.

Об дар системаи хунуккунии муҳаррик бо сабаби конвексия ҳаракат мекунад. Оби гарм бо оби сарди радиатор танг карда, боло бароварда мешавад. Муҳаррик баробари ба он андохтани об ҳама вақт як қисми гармиашро ба об медиҳад. Об дар радиатор бо ҷараёни ҳавое, ки онро бодбезак ба вуҷуд меорад, хунук карда мешавад.

Термос

Нақли гармӣ аз ҷисми бештар гарм ба ҷисми хунук ба баробар шудани ҳарорати онҳо оварда мерасонад. Барои он ки ҷисм хунук ё гарм нашавад, нақли гармиро кам кардан лозим аст. Дар ин маврид тавре амал мекунанд, ки энергия бо ҳеҷ кадоме аз се намуди гарминақлкунӣ:        конвексия, гармигузаронӣ ва афканишот интиқол наёбад.

Барои гарм нигоҳ доштани об, хӯрок ва ё баръакс барои об нашудани ях ё яхмос термосро истифода мебаранд.

Дар расми 21 термос тасвир ёфтааст. Он аз зарфи шишагини дуқабата иборат аст (расми 22). Сатҳи берунии девори он (4) бо қабати металлии ҷилодор пӯшонда ва ҳавои байни қабатҳояш кашида гирифта шудааст. Фазои беҳавои байни қабатҳо гармиро намегузаронад, қабати ҷилодор бошад, бо туфайли инъикос ба нақли энергияи афканиш монеъ мешавад. Даҳони зарфро бо пӯк (2) ва даҳони термосро бо сарпӯши печдор (1) махкам мекунанд.

Гармигузаронию афканишотро низ дар техника, рӯзгор ва ҳаёти ҳамарӯза ба эътибор мегиранд. Масалан, гармигузарониро ҳангоми сохтани биноҳои истиқоматӣ ба эътибор мегиранд. Барои сохтани биноҳои истиқоматӣ аз маводи гармигузарониашон бад:   хишт, чӯб, маводи масомадор ва ғ. истифода мекунанд. Бо баробари фаро расидани фасли сармо одамон либос ва пойафзоли пашмин мепӯшанд.

Барои зиёд кардани нақли гармӣ аз маводи гармигузарониашон хуб истифода мекунанд. Масалан, радиатори автомобилҳо ва қисми гармкунии асбоби лаҳимкориро аз мис месозанд.

Фаслҳои баҳору тирамоҳ барои аз сармо муҳофизат кардани дарахтони мевадиҳанда дар боғҳо оташ гиронда дуд мекунанд. Ҳавои дудолуд назар ба ҳавои тоза гармии афкандаи заминро зиёдтар фурӯ бурда, дарахтони мевадиҳандаро аз сармо муҳофизат мекунад.

Саволҳо

  1. Доир ба истифодаи нақли гармӣ дар табиат, техника ва рӯзгор мисолҳо оред.
  2. Бо кадом мақсад дудкашҳои заводҳоро баланд месозанд?
  3. Одатан асбобҳои сардкуниро дар куҷои хона мешинонанд?
  4. Муҳаррикҳои дарунсӯзро бештар бо кадом моеъ хунук мекунанд?
  5. Термос бо кадом максад истифода бурда мешавад?

Машқи 3

  1. Мехҳои оҳанин ва мисин массаву ҳарорати якхела доранд. Ҳарду мехро ба оби хунук андохтанд. Кадоми онҳо зудтар хунук мешавад?
  2. Об дар чойҷӯши нав зуд ба ҷӯш меояд ё дар чойҷӯши кӯҳнаи деворҳояш карахшбаста?
  3. Чарост, ки либоси пашмин назар ба либоси пахтагин гармиро хубтар нигоҳ медорад?
  4. Дар гармии тобистон баъзеҳо телпак ва ҷомаи пахтагин мепӯшанд. Ин чӣ фоида дорад?
  5. Бинои чӯбин гармтар аст ё сангин? (ғафсии деворҳо якхела аст)
  6. Барои чӣ шӯълаи шамъ дар лаҳзаи бешамолӣ рафти амудӣ мегирад?
  7. Чаро камераи хунуккунандаи яхдонро дар қисми болоии он ҷойгир мекунанд?
  8. Оё термосро ба сифати яхдон истифода бурдан мумкин аст?
  9. Чаро дар рӯзҳои офтобӣ барфи чиркин назар ба барфи тоза зудтар об мешавад?
  10. Дар гармии тобистон одамро либоси сафед салқинтар мегирад ё либоси сиёҳ? Ҷавобатонро шарҳ диҳед.

Маводҳои ҳамсон