Даррафти моддаҳо ба ҳамдигар

Ба дигарон равон намоед

Даррафт (диффуз)-и моддаҳо ба ҳамдигар падидаи худбахуд ба якдигар даррафтан (яъне ба ҳамдигар фурӯ рафтан)-и ду модда аст. Ин падида ба сабаби ҳаракати ҳароратӣ кардани зарраҳои модда рӯй медиҳад ва мисолҳои бисёр дорад. Яке аз онҳо паҳн гардидани молекулаҳои атр аст дар фазои хона, ки баъди кушодани даҳони шишаи атрдор, дере, нагузашта ба димоғи нишастагони ҳама кунҷҳои хона мерасад. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки молекулаҳои атр бо молекулаҳои ҳавои хона бархӯрда-бархӯрда, ба ҳама ҷойи он хона мерасанд.

Таҷрибаи маъмули дигаре, ки бисёр аёнӣ ва омӯзанда мебошад, ин аст. Дар як истакон қадре моеъе мегирем, ки вазнинтар аз об бошад — ин гуна моеъ метавонад маҳлули обии зоди кабуд (ё худ даҳани фаранг) бошад. Дар рӯйи ин маҳлул қадре оби софро бо камоли оҳистагӣ мерезем, тавре мерезем, ки бо маҳлули зод омехта нашавад.

Баъд, агар истаконро ноҷунбонда, ба ҳоли худ гузошта, сарҳадди ҷудоии ҳарду моеъро муддати 10-15 рӯз мушоҳида кунем, мебинем, ки сарҳадди дар аввал ҳамвору аёни ҷудоии моеъҳо (рас. 2.4, а) бо мурури замон новозеҳ шуда, дар охир аз байн меравад, яъне моеъҳо худбахуд омехта мешаванд (рас. 2.4, в), ба ҳам он қадар омезиш меёбанд, ки гӯё онҳоро омехта бошем.

Шарҳ ин аст. Молекулаҳо қарор нестанд, онҳо мудом ҳаракати бенизом мекунанд, бо ҳамдигар бархӯрда-бархӯрда, самти ҳаракат ва ҷойи буди худро тағйир медиҳанд. Ин бархӯрдҳову кӯчишҳо боиси он мегардад, ки молекулаҳои ҳарду моеъ ба ҳама ҷойи ҳаҷми фарогирифтаи моеъҳо рафта метавонанд — дар натиҷа баъди муддате моеъҳо ба ҳамдигар дар мераванд, яъне онҳо худбахуд омезиш меёбанд. Аз ин гуна таҷрибаҳо як чизи дигар низ дарк мешавад — ин ки зарраҳо ба ҳама самтҳо густариш ёфта метавонанд. Вале дар мавридҳои гуногунзичӣ будани моддаҳои омезишёбанда ин падида аз соҳаи зичмодда ба соҳаи тунукмодда сурат мегирад.

Суръати даррафти моддаҳо бо ҳамдигар ба хусусиятҳои моддаҳо низ бастагӣ дорад. Ин падида аз ҳама зудтар, чи хеле ки аз мисоли аввал равшан аст, дар газҳо рӯй медиҳад, зеро газҳо моддаҳои тунуканд ва зарраҳошон имкони зиёдтари ҷунбуҷул кардан (имкони зудтар ҷунбиш хӯрдан) доранд.

Ин падида дар ҷисмҳои сахт низ имконпазир аст, вале бисёр оҳиста рӯй медиҳад, зеро ҷисмҳои сахт зичии зиёд доранд (ниг. §1.19) ва молекулаҳои онҳо ба сабаби бо якдигар сахт алоқаманд будан имкони хеле ками ҷунбиш хӯрдан доранд. Таҷрибае маъмул аст, ки гуфтаҳои болоро ба хубӣ нишон медиҳад. Бигзор ду хиштча дошта бошем — сурбӣ ва тиллоӣ. Агар яке аз паҳлуҳои ҳамвори хиштчаи сурбиро сайқал дода, ба рӯйи ҳамин гуна сатҳи сайқалии хиштчаи тилло монем ва дар рӯйи онҳо як бори чандкилоӣ бигзорем, хиштчаҳо дар муддати панҷ сол ба даруни ҳамдигар ба қадри 1мм фурӯ мераванд. Дар сурати зиёд будани ҳарорат суръати даррафти моддаҳо меафзояд.

Падидаи даррафти моддаҳо ба ҳамдигар нишон медиҳад, ки молекулаҳо бефосила ва бетартибона ҷунбиш мехӯранд.

Даррафти моддаҳо дар рӯйдодҳои алоқаманд бо зиндагии одамону ҳайвонот ва нумӯи рустаниҳо мақоми муҳим дорад. Маҳз ҳамин падида аст, ки оксигени нафаси мо аз шуш ба хун ва аз хун ба бофтаҳои баданамон мезаҳад.

Саволҳо

  1. Шумо даррафт (дифуз)-и моддаҳо ба ҳамдигар гуфта чӣ падидаро пеши рӯ меоред?
  2. Оё даррафт (диффуз)-и ду модда ба якдигар аз омезиши муқаррарии моддаҳо фарқ дорад?
  3. Шумо даррафти моддаҳоро ба ҳамдигар дар заминаи сохти молекулии онҳо чӣ шарҳ дода метавонед?
  4. Оксигени таркиби ҳаво ба воситаи масомаҳо (сӯрохҳои хурд-хурди пӯст) ба бадани инсон ворид мегардад. Оё ин падидаро ба падидаи даррафти оксиген дар масомаҳои пӯст мансуб донистан дуруст аст?

Супориш

  1. Таҷрибаи хонагие анҷом диҳед, ки дар сурати баландтар будани ҳарорат афзудани суръати даррафти моддаҳоро ба ҳамдигар нишон диҳад.

Лавозимот: Ду пораи тақрибан баробари ягон навъ ранги хушкида, ду истакони якхелаи пуроб, яхдон, соъат.

Мавзӯъи ба ҳамдигар даррафтани моддаҳоро дар шакли хаттӣ тавре баён кунед, ки аввал мисоли ба ҳамдигар даррафтани моеъҳо ояду баъд даррафти газҳо ва, дар охир, даррафти дисмҳои сахт ба ҳамдигар.

Сипас, баёни худро бо баёне, ки мо дар боло овардем, муқоиса кунед.

Маводҳои ҳамсон