Дастгоҳҳои дохилкунии иттилоот

Ба дигарон равон намоед

Дастгоҳҳои ба компютер ворид кардани иттилоот (input devices) хеле зиёд ва гуногунанд. Дар байни онҳо муҳимтаринашон сафҳакалид ва муш ба ҳисоб мераванд.

Сафҳакалид (keyboard — клавиатура) яке аз афзорҳои асосии дохилкунии иттилооти намудҳои ҳарфӣ ва рақамӣ мебошад. Ҳангоми пахши тугмаи дилхоҳи он аввал иттилооти аломатӣ ба рамзи дуй табдил дода мешавад ва баъд аз он рамзи аломати пахшкардашуда ба компютер ворид карда мешавад.

Ҳар як тугмаи сафҳакалид сарпӯшеро мемонад, ки зери он калиди миниатурӣ (механикӣ ё мембранавй) ҷойгир шудааст. Микропротсессори махсус, ки дар сафҳакалид васл гардидааст, вазъи ин калидҳоро ба ҳисоб мегирад ва пас аз ҳар як пахшкунию раҳо кардани онҳо ба компютер маълумоти заруриро интиқол медиҳад. Ин маълумот тавассути системаи амалиётӣ коркард мешавад.

Тугмаҳои сафҳакалидро мувофиқи вазифаҳояшон ба панҷ гурӯҳ ҷудо мекунанд: ҳарфӣ-рақамӣ, функсионалӣ, рақамии махсус, мудирияти курсор ва ёрирасон. Гарчанде барномаҳои гуногун вазифаи баъзе тугмаҳои сафҳакалидро бо тарзҳои ба худ хос тағйир дода тавонанд ҳам, вале дар аксарият мавридҳо онҳо амалҳои якхеларо иҷро мекунанд. Ҳоло қоидаҳои умумитарини истифодаи тугмаҳои сафҳакалидро дида мебароем.

Блоки ҳарфӣ-рақамӣ. Ин блок дар қисми мобайну поёнии чапи сафҳакалид ҷойгир аст. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран ҳарфҳои алифбои кириллй ё лотинӣ (вобаста ба реҷаи интихобшуда), рақамҳо ё аломатҳои махсус пайдо мешаванд.

Агар реҷаи кори сафҳакалид бо алифбои лотинӣ бошад, он гоҳ ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран аломатҳои дар қисми чапу болоии тугмаҳо ҷойгирбуда (ҳарфҳои лотинӣ ва баъзе аломатҳои китобатӣ) пайдо мешаванд. Ин қоида ба тугмаҳои сатри якуми блок (тугмаҳои рақамдор) дахл надорад. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин сатр (дар ҳарду реҷа) аломатҳои поёнии тугмаҳо

(асосан рақамҳо ва аломатҳои =) пайдо мешаванд. Барои ҳосил

кардани аломатҳои болоии сатр (аломатҳои махсус) тугмаҳои онҳоро дар якҷоягӣ бо тугмаи ёрирасони «шифт» (Shift — лағжондан,

тағйир додан) — Shift пахш намудан лозим аст. Истифодаи тугмаи

чап ё рости

Shift

аҳаммият надорад.

Якҷоя пахш намудани ду ё се тугма он гуна аст, ки тугмаҳои ёрирасонро пахш карда истода, дар айни замон тугмаи асосиро низ пахш кардан лозим аст. Дар чунин мавридҳо аз ангуштони ҳар ду даст истифода бурдан мувофиқ аст. Агар ҳангоми ғайрифаъол будани тугмаи |CapsLock| тугмаҳои ҳарфии блок дар якҷоягӣ бо тугмаи Shift| пахш карда шаванд, он гоҳ дар экран ҳарфҳои калони алифбои ҷорӣ ва дар мавриди фаъол будани ин тугма, баръакс, ҳарфҳои хурд ҳосил мешаванд.

Агар реҷаи кори сафҳакалид бо алифбои кириллӣ бошад, он гоҳ ҳангоми пахши тугмаҳои ҳарфии ин блок дар экран аломатҳои дар қисми росту поёнии тугмаҳо (ҳарфҳои кириллӣ ва баъзе аломатҳои махсус) ҷойгирбуда пайдо мешаванд.

Барои аз як реҷа ба реҷаи дигари корӣ (аз алифбои кириллӣ ба лотинӣ ё баръакс) гузаштан комбинатсияи тугмаҳои ёрирасонро истифода бурдан лозим аст. Истифодаи навъи комбинатсия ба драйвери сафҳакалид вобаста аст. Баъзе драйверҳо пахши якҷояи тугмаҳои |ctrl| ва |shiftj, дигарашон At ва |shift| ва ғайраро талаб менамоянд.

Агар матн танҳо аз ҳарфҳои калон иборат бошад, он гоҳ бо пахши тугмаи ёрирасони |CapsLock| (кэпслок) ин корро ба осонӣ анҷом додан мумкин аст. Худи маънои caps lock низ бақайдгирии ҳарфҳои калон аст. Дар мавриди фаъол будани реҷаи ҳарфҳои калон дар сафҳакалид индикатори махсуси Caps Lock фурӯзон мегардад. Агар дар ин ҳолат тугмаҳои ҳарфии блок дар якҷоягӣ бо тугмаи Shift пахш карда шаванд, он гоҳ, тавре қайд кардем, дар экран ҳарфҳои хурд пайдо мешаванд. Яъне ин реҷа баръакси реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Пахши такрории тугмаи CapsLock реҷаи ҳарфҳои калонро бекор мекунад ва индикатори ҳамномаш низ хомӯш мегардад.

Дар маркази қисми поёнии блоки ҳарфй-рақамӣ тугмаи дарозтарини сафҳакалид — «фосила, ҷойи холӣ — пробел» ҷойгир аст. Новобаста ба реҷаи кори сафҳакалид ё пахши тугмаи Shiftj ин тугма ҳамеша як вазифа — фосилагузорӣ (партофтани мавқеи холӣ)- ро иҷро мекунад.

Тугмаҳои функсионалӣ. Сабаби функсионалй ном гирифтани ин тугмаҳо аз он иборат аст, ки онҳо вобаста ба системаи амалиётӣ ва барномаи татбиқии дар айни ҳол истифодашаванда метавонанд вазифаҳои (функсияҳои) гуногунро иҷро кунанд.

Тугмаҳои функсионалй одатан дар қисми болоии сафҳакалид, пеш аз блоки ҳарфй-рақамӣ ҷойгир шуда, бо ҳарфҳои F1, F2, …, F12 ишорат карда мешаванд. Баъзе барномаҳо вазифаи ин тугмаҳоро дар якҷоягӣ бо пахши тугмаҳои ёрирасони Ctrl| ё Altj ва ё Shiftj низ муайян месозанд. Дар аксарият барномаҳо пахши тугмаи |Fl| ба экран баровардани системаи маълумотдиҳандаро таъмин мекунад.

Тугмаҳои мудирияти курсор. Тугмаҳои -|, -|, t|, 4 Home|, End, PgUp|> pgDn| тугмаҳои мудирияти (идории) курсор (kursor) ном доранд. Ин тугмаҳо дар байни блокҳои ҳарфй-рақамӣ ва рақамии махсус ҷойгиранд. Ҳангоми пахши ин тугмаҳо курсор мавқеи худро дар экран тағйир медиҳад. Курсор — нишонаест, ки дар экран ба воситаи он мавқеи амалиётгузаронӣ муайян карда мешавад. Дар ҳар як барнома курсор метавонад шакли ягон фигураи геометрии мушаххасро қабул намояд. Масалан, одатан дар виройишгарони матнӣ он шакли хатчаи амудй, дар дигар барномаҳо шакли хатчаи милт-милткунандаи уфуқӣ, дар баъзеи дигарашон шакли мураббаъ ё секунҷа ва ғайраро дорад. Самти тугмаҳои тирчадори сафҳакалид самти ҳаракати курсорро дар экран нишон медиҳанд. Микдори пахши ин тугмаҳо миқдори мавқеъҳои ҳаракати курсорро ба ин ё он самт ба танзим меорад. Вазифаи ин тугмаҳо чунин аст:

<кучонидани курсор ба як мавкеъ ба самти чап
>кӯчонидани курсор ба як мавкеъ ба самти рост
^кӯчонидани курсор ба як сатр ба самти боло
vкӯчонидани курсор ба як сатр ба самти поён
Ношекӯчонидани курсор ба аввали сатр (Home — ибтидо, хона)
Endкӯчонидани курсор ба охири сатр (End — интиҳо, охир)
PgUpкӯчонидани курсор ба як сафҳа (экран) ба боло (Page Up)
PgDnкӯчонидани курсор ба як сафҳа ба поен (Page Down)

 Ҳангоми якҷоя бо тугмаҳои ёрирасони Ctrl, Alt| ва Shiftj пахш кардани тугмаҳои идоракунандаи курсор вазифаҳояшон тағйир меёбанд. Масалан, пахши якҷояи тугмаҳои Ctrl| ва Home| курсорро ба аввали матни санад, аммо пахши тугмаҳои Ctrl| ва End| ба охири матни он равона месозад.

Блоки рақамии махсус. Ин блок дар қисми рости сафҳакалид ҷойгир аст. Тугмаҳои он вобаста ба реҷаи кориашон метавонанд ду вазифаро иҷро кунанд: масалан, агар тугмаи NumLock| пахш шуда бошад, он гоҳ ин блок барои дохилкунии рақамҳои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва амалҳои арифметикии + — * / хеле созгор аст. Дар ин маврид индикатори ҳамноми тугма низ дар сафҳакалид фурӯзон аст. Ҳангоми хомӯш будани индикатор тугмаҳои ин блок вазифаи тугмаҳои идоракунии курсорро иҷро мекунанд.

Таъйиноти тугмаҳои ёрирасон ва махсус:

Del| ё Delete| — барои ҳазфи аломат ё фрагменти матни ҷудокардашудаи тарафи рости курсор (Delete — ҳазфкунӣ);

— барои ҳазфи аломат ё фрагменти матни

BackSpace ё

ҷудо кардашудаи тарафи чапи курсор (BackSpace — бозгашт);

Ins| ё Insert| — агар фаъол бошад, он гоҳ аломати мавҷуда бо аломати дохилшаванда иваз карда мешавад. Дар ҳолати акс, аломати мавҷуда ба як мавқеъ ба тарафи рост мелағжад ва ҷойи онро аломати дохилшаванда мегирад (Insert — миёнагузорӣ, илова кардан, ҳамроҳкунӣ);

Enter ё j| — вазифаҳои зиёд дорад. Масалан, барои дохил кардани

фармон, гузаштан ба сатри нав, ба охир расонидани матни абзатс ва ғайра хизмат мерасонад. Ин тугма (Enter — дохилкунӣ) дар ду блок — ҳарфИ- рақамӣ ва рақамии махсус такрор мешавад;

Esc| — лағви иҷройиши фармон, амалиёт ё тарки реҷаи ҷории барнома (Esc — гурехтан, пинҳон шудан, бекор кардан);

Tab — ҳангоми таҳрири матн — гузаштан ба мавқеи нави табулирони

(одатан якбора ба 8 мавқеъ). Дар баъзе барномаҳо пахши ин тугма гузаштан аз як майдон ба майдони дигар, аз як сутун ба сутуни дигар ва ғайраро ифода мекунад;

PrtSc| — барои чопи иттилооти ҷории экран ё нусхабардории иттилооти мавҷудаи экран ва ба буфери мубодила равон кардани он (Prtsc/PrintScreen — чопи экран);     

Ctrl, Altj, Shift| — ин тугмаҳо вазифаи аниқ ва ягона надоранд. Онҳо одатан бо дигар тугмаҳо якҷоя пахш карда шуда вазифаҳои онҳоро тағйир медиҳанд (Ctrl, control — идоракунИ, назораткунИ, Alt — интихоби алтернативИ, Shift — ҷойивазкунИ). Ин тугмаҳо ба мисли тугмаҳои Enter|, Del, Ins, Home, End ва ғайра дар сафҳакалид думаротибагИ такрор меёбанд.

Танзими сафҳакалид. Системаҳои амалиётии (СА) Windows ва Linux дорои имкониятҳои васеи танзимкунии муҳити кории худ мебошанд. Мақсад аз танзими система — ташкили муҳити мусоид ва

пурсамари корӣ аст. Тарзи танзимро дар мисоли СА MS Windows дида мебароем. Пешакӣ қайд мекунем, ки тарзҳои танзими система ва объектҳои он дар намунаҳои гуногуни СА Windows метавонанд аз ҳамдигар фарқи куллӣ дошта бошанд. Бинобар ин расмҳои поёнӣ ва микдори тугмаҳои равзанаҳои робитавии овардашуда метавонанд дар компютери шумо каме дигархелтар бошанд.

Объектҳои асосии танзимшавандаи Windows — воситаҳои идорӣ ва оройишии он мебошанд. Онҳоро бо ёрии менюи асосии система, афзорҳои лавҳаи мудирият (идоракунӣ), менюҳои матнӣ-динамикии объектҳо, ҷузъҳои идории равзанаҳои робитавй ва замимаҳои система ба танзим овардан мумкин аст. Ҳангоми истифодаи фармони Оғоз-Лавҳаи мудирият (Пуск-Панель управления) дар экран равзанаи ҷузъдони лавҳаи мудирият пайдо мешавад. Дар майдони кории ин равзана нишонаи объектҳои танзимшаванда оварда шудаанд. Ҳар як объект бо ёрии имкониятҳои равзанаи худ танзим карда мешавад.

Барои танзими сафхакалид дар равзанаи лавҳаи мудирият бояд

нишонаи                                        пахш карда шавад. Дар натиҷа равзанаи

робитавии Хосиятҳои сафҳакалид (Свойства: Клавиатура) кушода мешавад. Равзана аз ду тугмаи қабатӣ — Суръат (Скорость) ва Таҷҳизот (Оборудование) иборат аст. Ба воситаи тугмаи якум суръати такрори худкори аломатҳои сафҳакалид ва зудии лаппиши курсор дар экран ба танзим оварда мешаванд. Тугмаи дуюм барои интихоби навъи сафҳакалид ва ҳолату хосиятҳои он (стандартӣ будан ё набудан, тавассути бандар бо компютер пайваст шудан ё нашудан, муътадил кор кардан ё накардан) хизмат мерасонад. Ҳангоми фаъол будани тугмаи қабатии Таҷҳизот дар равзанаи

робитавии Хосиятҳои сафҳакалид тугмаи амрии Хосиятҳо пайдо мешавад, ки он барои ба танзим овардани хосиятҳои сафҳакалид имкониятҳои зиёдтарро фароҳам меорад.

Муш. Қайд кардан зарур аст, ки новобаста ба имкониятҳои хеле

зиёд доштани сафҳакалид, бо ёрии он дар экран тағйир додани қисми ягон фигураи геометрӣ ё тасвири графикии дигар хеле душвор аст. Вале иҷрои ин гуна амалиёт

тавассути дастгоҳи махсуси дохилкунии иттилоот, ки муш ном дорад, тамоман осон аст.

Аз имкониятҳои муш (mouse — мышь) қариб ҳамаи барномаҳои муосир фаровон истифода мебаранд. Гарчанде бо ёрии он дохилкунии иттилооти намуди матнӣ ва рақамӣ номувофиқ бошад ҳам, вале он барои дохил кардан ва тағйир додани иттилооти намуди графикӣ беҳамтост.

Ҳоло дар баробари муш таҷҳизоти дигар — трекбол, трекпойнт, лавҳаи сенсорӣ ва ғайра рӯйи кор омадаанд, ки онҳо аслан ивазкунандаи баъзе вазифаҳои муш ба ҳисоб мераванд. Азбаски ба воситаи ҳамаи ин таҷҳизот ин ё он ҷузъи экран нишон дода мешавад, бинобар ин онҳоро дар якҷоягӣ механизм- нишондиҳандаҳо мегӯянд.

Дар компютерҳои фардии руйимизй аз муш бештар истифода мебаранд. Муш манипулятор (афзори зудҳаракаткунанда)-ест, ки зери кафи дасти инсон баҳузур меғунҷад. Ранги муш одатан хокистарранг аст. Он ду ё се тугма дорад. Ҳангоми дар ҳамворӣ (болои миз ё қолинчаи пластикӣ) ба ин ё он тараф ҳаракат додани муш дар экран мувофиқан аломате ба ҳаракат медарояд, ки онро нишондиҳандаи муш ё мушнамо (mouse pointer) мегӯянд. Муш маҳз барои идора кардани нишондиҳандааш хизмат мерасонад. Мушнамо вобаста ба барномаи ҷорӣ ё амалиёти иҷрошаванда метавонад шаклҳои гуногунро қабул намояд. Одатан он дар экран дар шакли тирчаи ба тарафи чап моилбуда — пайдо мешавад. Агар ҳангоми ҳаракат муш ба канорҳои ҳамворӣ наздик шавад, он гоҳ кифоя аст, ки онро бардошта ба ҷойи мувофиқтаре гузорем ва корро давом диҳем.

Мушҳоро аз рӯйи сохташон ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:

  • механикӣ;
  • нурӣ;
  • механикӣ-нурӣ.

Дар таги мушҳои механикӣ одатан саққочае ҷойгир аст, ки ҳангоми дар ҳамворӣ ба ҳаракат даровардани муш он чарх мезанад. Ҳангоми чархзании саққоча бо ёрии датчикҳои (хабаррасон)

махсуси муш доир ба самти ҳаракати он ба экран сигнал равон карда мешавад ва дар натиҷа дар экрани компютер мушнамо ба ҳаракат медарояд.

Мушҳои нурӣ механизми мураккаб ба ҳисоб рафта, бо видеокамераи миниатурӣ ва таҷҳизоти махсуси нурафкан ҷиҳозонида шудаанд. Таҷҳизоти нурафкан ба самти ҳаракати муш ранги сурх меафканад. Видеокамера бошад, бо суръати аз 1500 то 6000 кадр дар як сония рӯйи ҳамвории муш ҳаракаткунандаро расмгирӣ менамояд. Микропротсессори махсус ду кадри охирини расмҳоро муқоиса намуда, аз рӯйи онҳо самти ҳаракати мушро муайян мекунад, ки он сабабгори ба ҳаракат омадани мушнамо дар экран мегардад.

Мушҳои механикӣ-нурӣ хосиятҳо ва имкониятҳои ҳарду навъи мушҳои тафсиршударо доро мебошанд.

Тугмаи асосии муш тугмаи чапи он ба ҳисоб меравад. Аз тугмаи росташ дар мавридҳои махсус истифода мебаранд. Бо роҳи танзим вазифаи тугмаҳои чапу ростро (масалан, барои шахсони чапдаст) иваз кардан мумкин аст.

Амалиёти асоситарини бо ёрии муш анҷомёбанда:

  1. Интихоби объект — нишондиҳандаи мушро ба болои нишонаи объект гузоштан ва тугмаи чапро зуд пахш (click) карда сар додан. Ранги нишонаи объекти интихобшуда равшантар мегардад.
  2. Иҷрои амалиёт — нишондиҳандаи мушро ба болои нишонаи объект гузоштан ва тугмаи чапро зуд-зуд ду маротиба пахш (double click) карда сар додан.
  3. Ҷойивазкунии объектҳо — нишондиҳандаи мушро ба болои нишонаи объект гузоштан, тугмаи чапро пахшкунон нишонаро ба мавқеи нави экран кӯчонидан (drag) ва тугмаро сар додан.

Танзими муш. Агар интихобҳои ҷории муш, тарзи ҳаракати он дар қолинча ё нишондиҳандааш дар экран моро қонеъ нагардонад, метавонем хосиятҳояшро тағйир диҳем. Барои ин кифоя аст, ки дар

истифода барем.

равзанаи лавҳаи мудирият аз нишонаи муш

Дар натиҷа равзанаи робитавии Хосиятҳои муш (Свойства: Мышь) кушода мешавад. Дар ин равзана панҷ (дар баъзе вариантҳо то ҳашт) тугмаи қабатӣ пешбинӣ шудааст:                  Таҷҳизот (Оборудование),

Тугмаҳои муш (Кнопки мыши), Мушнамоҳо (Указатели) Интихобҳои мушнамо (Параметры указателя), Ҷойгузин (Перемещение), Чархак (Колесико).

Бо ёрии ин тугмаҳои қабатӣ, ки пас аз пахши ҳар кадомаш равзанаи робитавии Хосиятҳои муш намуди ба худ хосро соҳиб мешавад, муайян кардани тугмаи асоси (чап ё рост)-и муш, интихоб кардани бузургии фосилаи байни пахшкуниҳои дукарата ва

секаратаи ин тугма, интихоб намудани шакли мушнамо дар экран, муайян кардани ҳассосияти мушнамо нисбат ба ҳаракаташ дар қолинча, тағйир додани суръати реаксияи мушнамо ва дигар интихобҳо ва имкониятҳои мушро ба танзим овардан мумкин аст. Пас аз муайянкунии интихобҳо тугмаи амрии Ок| ё Применить

(Татбиқ карда шавад)-ро дар равзана пахш кардан зарур аст.

Саволҳо:

  1. Вазифаҳои сафҳакалид кадомҳоянд?
  2. Тугмаҳои сафҳакалидро шартан ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?
  3. Блоки ҳарфӣ-рақамӣ дар кадом қисми сафҳакалид ҷойгир аст ва кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?
  4. Пахши якҷояи ду ё се тугма чӣ маъно дорад?
  5. Чӣ гуна аз ҳарфҳои хурди алифбои ҷорӣ ба ҳарфҳои калони он гузаштан мумкин аст?
  6. Кадом усулҳои аз реҷаи алифбои лотинӣ ба кириллӣ ва баръакс гузаштанро медонед?
  7. Тугмаҳои функсионалӣ кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд?
  8. Тугмаҳои идории курсор кадомҳоянд? Онҳо дар кадом қисми сафҳакалид ҷойгиранд?
  9. Вазифаҳои муш кадомҳоянд?
  10. Кадом манипуляторҳо метавонанд баъзе вазифаҳои мушро иваз намоянд?
  11. Амалиёти умумие, ки бо ёрии муш иҷро карда мешаванд, кадомҳоянд?
  12. Равзанаи хосиятҳои сафҳакалид аз кадом тугмаҳои қабатӣ иборат аст? Равзанаи хосиятҳои муш чӣ?
  13. Функсияи тугмаҳои чап ва рости мушро чӣ гуна иваз кардан мумкин аст?

Супоришҳо:

  1. Вазифаи тугмаҳои идории курсор ва тугмаҳои ёрирасону махсуси сафҳакалидро дар шакли ҷадвал тасвир кунед.
  2. Тугмаҳои сафҳакалиди компютерро пахш кунед ва бинед, ки дар экран чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.
  3. Дар синфхонаи компютерӣ амалиёти асоситарини кор бо мушро иҷро кунед.
  4. Аз менюи асосии MS Windows истифода бурда хосиятҳои сафҳакалид ва мушро тағйир диҳед.

Тавассути равзанаи хосиятҳои муш функсияи тугмаҳои чапу рости муш, фосилаи байни пахши дукаратаи тугмаи асосӣ ва шаклҳои нишондиҳандаи мушро ба танзим оред.

Маводҳои ҳамсон