Дастгоҳҳои сабти иттилоот

Ба дигарон равон намоед

Дискҳо. Тавре аллакай медонем, дар компютерҳои фардӣ вазифаи хотираи беруниро дискҳо ва дигар барандагони иттилоот иҷро мекунанд. Онҳо барои сабт намудан, аз як компютер ба дигар компютер нусхабардорӣ кардан ва дуру дароз ё муваққатан нигоҳ доштани иттилоот хизмат мерасонанд. Винчестер, диски магнитӣ- оптикӣ, компакт-диск, дискет ва ғайра ба гурӯҳи дискҳои компютерӣ дохил мешаванд.

Иттилоот тавассути дастгоҳи сабт (дискдон — ғункунандаи магнитӣ ё нурӣ) дар дискҳо сабт карда мешавад ё аз онҳо хонда мешавад. Одатан дискдонҳои дискет, компакт-диск ва винчестер дар блоки системавй ҷойгиранд. Дискетҳо ва компакт-дискҳо ба дискдонҳояшон озодона гузошта ва гирифта мешаванд. Вале, азбаски винчестер дар дохили блоки системавй васл карда шудааст, ин амалиётро бо он гузаронидан ғайриимкон аст.

Дискетҳоро вобаста ба диаметрашон ба ду намуд — 5,25-дюймагӣ (133 мм) ва 3,5-дюймагӣ (89 мм) ҷудо мекунанд. Дискетҳои 5,25- дюймагӣ ҳоло қариб истифода намешаванд. Доираи истифодаи дискетҳои 3,5-дюймагӣ низ хеле танг гаштааст. Ҳаҷми дискет ба намуди он ва зичии сабт — DD (Double Density — зичии дучанда), HD (High Density — зичии баланд) вобаста аст:

Намуди дискетҒунҷойиши дискет
5,25 дюйм3,5 дюйм
DD360 Кбайт720 Кбайт
HD1,2 Мбайт1,44 Мбайт

Дискетҳо бо қабати магнитӣ пӯшонида шудаанд. Сабту хондани иттилоот тавассути онҳо ба тарзи кори магнитофон шабоҳат дорад. Агар дар фитаи магнитӣ иттилоот дар пайроҳаи махсус сартосари фита сабт гардад, он гоҳ дар дискет вай дар якчанд пайроҳа дар шакли давраҳои консентрикӣ сабт мегардад. Ҳар як пайроҳа ба секторҳо тақсим карда шудааст. Ин имконият медиҳад, ки иттилоот дар диск бо порсияҳо (қисм ба қисм) нигоҳ дошта шавад. Ҳар як пайроҳа ва ҳар як сектори он рақами тартибии худро дорад.

Дискетҳоро барандагони дигари иттилоот — Zip ва Jaz-дискҳо (Zip & Jaz Iomega discs) иваз кардаанд. Онҳо то солҳои 2000-ум ҳамчун дискҳои зудамал ва калонҳаҷм (100 Мбайт — Zip, 1 Гбайт — Jaz) шинохта мешуданд ва сахтафзори асосии интиқоли иттилоот ба ҳисоб мерафтанд. Бо пайдоиши CD ва флэш-кортҳо доираи исти- фодабарандагони ин навъ дискҳо низ коста шуд.

Агар бо ёрии дискет иттилоотро такроран якчанд маротиба сабт кардан ва аз он хондан мумкин бошад, пас бо CD-ROM (Compact Disk — Read Only Memory) ин амалро иҷро кардан мумкин нест. CD-ROM танҳо барои хондани иттилооти дар CD —w- маҳфузбуда пешбинӣ шудааст. Азбаски иттилоот аз CD-ROM бо ёрии нур (лазер) хонда мешавад,

бинобар ин онро диски оптикӣ (нурӣ) низ мегӯянд. Ғунҷойиши ин дискҳо бениҳоят калон аст. Онҳо 640 Мбайт ва аз он ҳам зиёдтар иттилоотро ғунҷонида метавонанд. Ҳоло аксарияти барномаҳо, хусусан барномаҳои калони комплексӣ, бозиҳои компютерӣ, энсиклопедияҳо ва ғайра бо ёрии компакт-дискҳо паҳн карда мешаванд. Агар компютер дорои кортҳои садоӣ ва тасвирӣ бошад, он гоҳ бо ёрии аудиокомпакт-диск мусиқиро шунидан ва бо истифодаи видеокомпакт-диск видеофилмро тамошо кардан мумкин аст.

Винчестер — диски магнитии ҳаҷман хеле калон буда, барои нигоҳ доштани иттилоот ва хондани он истифода мешавад. Винчестерро диски асосии (HDD — Hard disk drive) компютер ҳам мегӯянд. Дар он одатан системаи амалиётӣ, дастаи барномаҳои зуд- зуд истифодашаванда, виройишгарони матнӣ, трансляторҳои забонҳои барномарезй, ҷадвалҳои электронӣ ва ғайра нигоҳ дошта

мешаванд. Аз ҳамаи таҷҳизоти нигохдорандаи иттилоот, ба ғайр аз хотираи фаврӣ, винчестер имконияти зудтари дастрас намудани иттилоотро таъмин менамояд. Одатан ин нишондиҳандаи винчестер ба 7-20 миллисония (мс) баробар аст. Суръати сабт ва хондани иттилоот низ дар винчестер бисёр баланд (то 5 Мбайт c) аст.

Диски винчестерро соли 1973 ширкати IBM сохтааст. Номи аввалаи он 30/30 буд. Азбаски ин рақамҳо бо нишондодҳои қутр (калибр)-и силоҳи худкори машҳури ширкати Winchester мувофиқат мекард, бинобар ин вайро Винчестер ном мебурдагӣ шуданд.

Компютер метавонад якчанд винчестер дошта бошад. Ин имконият зудкории компютерро якчанд маротиба зиёд мегардонад. Винчестерҳо аз ҳамдигар бо нишондодҳои зеринашон фарқ мекунанд:

  • ғунҷойиш — миқдори иттилооти ҳифзшаванда;
  • зудкорӣ — вақти дастрасии иттилоот ва суръати хондану сабти он;
  • интерфейс — намуди нозире, ки диск бо он пайваст аст (асосан IDE/EIDE ва вариантҳои гуногуни SCSI: IDE — Integrated Device Electronics, EIDE — Extended IDE, SCSI — Small Computer System Interface).

Ҳаҷми винчестерҳои аввалин ба 5 Мбайт баробар буд. Қисми зиёди винчестерҳои компютерҳои ҳозира аз 800 Мбайт сар карда то 640 Гбайт ғунҷойиш доранд. Имрӯз винчестерҳои то 500 Мбайт ҳаҷмдошта куҳна шумурда шуда, винчестерҳои 160-320 Гбайта ба ҷумлаи молҳои серистеъмол дохил шудаанд.

Барои тасаввур кардани ғунҷойиши дискҳо бояд донем, ки агар дар як саҳифаи китоб ба ҳисоби миёна 2500 аломат ғунҷад, он гоҳ дар диске, ки як Гбайт ҳаҷм дорад, китоби 400000 саҳифадоштаро ғунҷонидан мумкин аст.

Суръати кори диск бо ду нишондод — вақти дастраскунӣ ва зудии хондану сабти иттилоот муайян карда мешавад. Винчестерҳои ҳозира метавонанд дар зарфи 1-2 мс иттилоотро дастраси корбар гардонанд. Дискҳои боз ҳам зудкортар ин вақтро то ба 0,3-0,5 мс табдил додаанд. Суръати хондану сабти иттилоот бошад, натанҳо ба худи диск, балки боз ба интихобҳои нозир (контроллер), намуди шина, зудкории микропротсессор ва ғайра

вобаста аст. Суръати миёнаи сабту хондани винчестерҳои ҳозира ба 40-50 Мбайт/с баробар аст.

Стример — таҷҳизотест, ки барои дар фитаҳои магнитӣ (magnetic tapes) нигоҳ доштани иттилоот хизмат мерасонад. Стримерҳоро бештар барои нигоҳ доштани нусхаҳои эҳтиётии иттилооти дар винчестер маҳфузбуда истифода мебаранд.

Иттилоот дар кассетаи (картриҷи) магнитӣ сабт карда мешавад. Стримерҳо дар истифода хеле одӣ буда, имконияти арзонтарини нигоҳдории иттилоотро доранд. Онҳо аз ҳамдигар бо ҳаҷм (аз 20 Мбайт то 40 Гбайт дар як кассета), навъ, интерфейс, суръати сабт ва хондан (аз 100 Кбайт/с то 5 Мбайт/с), эътимоднокии сабт ва ғайра фарқ мекунанд. Стримерҳо дар ду шакл — дохилӣ ва берунӣ истеҳсол карда мешаванд.

Дискҳои магнитӣ-оптикӣ ба мисли стримерҳо барои

нигахдории нусхаҳои эҳтиётии иттилооти гоҳ-гоҳ истифодашаванда хизмат мерасонанд. Онҳо дар истифода нисбат ба кассетаҳои магнитӣ беҳтаранд.

Корбарӣ бо онҳо ба мисли винчестер аст. Гарчанде суръати кории ин дискҳо аз винчестер сусттар бошад

ҳам, вале онҳоро аз дискдонҳояшон озодона гирифтан ва ба он гузоштан мумкин аст. Дискҳои магнитооптикӣ иқтидори ғунҷонидани аз 230 Мбайт то 4,6 Гбайт ва ҳатто аз он ҳам зиёдтари иттилоотро доранд.

Флэш-корт ба маҷмӯи хотираҳои электронии дархуди (компакт, зич) ба барқ новобаста мансуб буда, барои нигаҳдории иттилооти рақамӣ пешбинӣ шудааст. Онро корти хотира низ ном мебаранд. Кортҳои хотиравии муосир дар заминаи технологияи флэш-хотира (flash memory) — технологияи нимноқилй сохта шудаанд.

Гарчанде ғояи сохтани корти хотира ҳанӯз соли 1984 аз тарафи муҳандисони ширкати Toshiba пешниҳод шуда бошад ҳам, онҳо аввалин чунин кортро танҳо соли 1988 сохта тавонистанд. Мафҳуми «флэш» бо ҳодисаи фотодурахш (flash) алоқаманд аст.

Принсипи кори корти хотира бо принсипи кори хотираи фаврии компютер бисёр ҳам монанд аст. Вай таҷҳизоти хурд, зич, арзон, мустаҳкам, устувор, зудкор, бо ғунҷойиши васеъ, ба барқ новобаста, азнавсабтшаванда ва нигахдорандаи иттилоот мебошад. Бо он тамоми амалҳои маъмули корбарӣ бо дискҳоро, аз қабили навиштан, хондан ва ҳазфи иттилоот иҷро кардан мумкин аст. Камбудии ягонаи флэш-хотираҳо дар он аст, ки муҳлати истифодаи онҳо махдуд (10-20 сол) аст. Ин намуд хотираҳо дар шаклҳои хеле гуногун ва ҳаҷмҳои ҳархела истеҳсол мешаванд.

Кортҳои хотира имрӯз дар таҷҳизоти гуногуни электронӣ, аз қабили фотоаппаратҳои рақамӣ, телефонҳои ҳамроҳ, ноутбукҳо, аудионавозҳои рақамии портативй ва ғайра ҳамчун ҷузъи ҳатмӣ насб карда мешаванд. Вақтҳои охир флэш-кортҳо барои интиқоли иттилоот аз як компютери фардй ба дигар компютер ба таври васеъ истифода мешаванд. Бо пайдоиши онҳо барандагони пешини иттилоот — дискетҳо ва стримерҳо қариб аз истифода мондаанд. Мавқеи CD низ рӯз аз рӯз танг шуда истодааст. Тибқи пешдид барои ҳифзи иттилоот дар компютерҳои фардй технологияи флэш-хотира бояд ҷойгузини технологияи винчестерӣ гардад.

Саволҳо:

  1. Кадом дастгоҳҳои сабти иттилоотро медонед?
  2. Вазифаи дискҳо аз чӣ иборат аст?
  3. Дискетҳо аз рӯйи кадом технология сохта шудаанд? Онҳоро кадом навъи дискҳо иваз кардаанд?
  4. Барои чӣ винчестерро диски асосии компютер меноманд?
  5. CD-ROM аз дискҳои магнитӣ-оптикӣ, винчестер ва дискетҳо чӣ фарқ дорад? Стример аз винчестер чӣ?
  6. Технологияи флеш-кортсозӣ кадом аст?
  7. Оё флэш-хотира аз флэш-корт ягон фарқ дорад?
  8. Фарқи асосии флэш-корт аз дигар хотираҳои берунӣ дар чист?

Супоришҳо:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Номи дискҳои компютерро дар шакли ҷадвал биёред ва нишондодҳояшонро номбар кунед.
  3. Он диску дискдонҳои компютерро, ки дида метавонед, муоина кунед ва дар бораашон маълумот диҳед.

Дар бораи ҳар як дастгоҳи сабти иттилоот, ки бароятон дастрас аст, дар ҳаҷми нимсаҳифагӣ нақли хаттӣ нависед.

Маводҳои ҳамсон