Диаграммаҳо дар ҶЭ OpenOffice Calc

Ба дигарон равон намоед

Ҳар гуна ҷадвали электронӣ дар ин ё он сатҳ натиҷаҳои ҳисоббарориҳоро дар намуди диаграммаҳо инъикос карда метавонад. Вале ягонтои онҳо дар ин ҷода бо барномаи OpenOffice Calc баробар шуда наметавонад.

Барои додаҳоро дар шакли диаграмма тасвир намудан пе- шакӣ онҳоро ҷудо карда, банди Диаграммаи менюи Гузоштанро интихоб кардан лозим аст. Баъд, тавассути равзанаи Худформатбандии диаграмма (Автоформат диаграммы) як қатор амалиёт — аз қабили бақайдгирии қатори додаҳо, интихоби навъи диаграммаҳо, нишон додани номгӯи тирҳои координатаҳо ва ғайраро иҷро кардан лозим аст. Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми диаграммасозӣ баъзан аз ҷудокуниҳои бисёр ва чандкарата истифода бурдан лозим меояд. Барои якбора ҷудо кардани якчанд объекти дар мавқеъҳои гуногуни ҷадвал ҷойгиршуда (масалан, сатрҳои ғайриҳамсоя) тугмаи чапи мушро бо тугмаи Ctrl-и сафҳакалид якҷоя истифода бурдан лозим аст.

Мисол:

Пас аз ҷудокунии бисёркаратаи иттилооти ҷадвали якум барои Офиси 1, ба таври худкор диаграммаи додаҳои моҳҳои январ, март, апрел ва май сохта мешавад. Ҷудокунии бисёркаратаи маълумоти ҷадвали дуюм бошад, барои Офисҳои 2 ва 4 ба таври худкор сохтани диаграммаи додаҳои моҳҳои январ, март ва майро муҳайё месозад.

OpenOffice Calc имконият медиҳад, ки ҷузъҳои алоҳидаи диаграмма тағйир дода шаванд. Ҷудокунии диаграмма ё қисмҳои алоҳидаи он бо пахши тугмаи чапи муш иҷро карда мешавад. Дар ин маврид периметри диаграммаро ҳашт квадратчаи сабз иҳота мекунанд. Дар соҳаи ҷудошуда мушнамо шакли панҷараро мегирад. Маҳз дар ҳамин ҳолат тугмаи чапи мушро пахшкунон объекти ҷудошударо аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонидан мумкин аст. Барои ҳазфи объект бошад, аз банди Буридан (Вырезать)-и менюи зерматнӣ истифода мебаранд.

Агар ба диаграмма бо тугмаи рости муш таъсир расонем, он гоҳ менюи форматбандии диаграмма пайдо мешавад, ки тавассути он амалан қисми дилхоҳи диаграммаро таҳрир кардан мумкин аст. Масалан, муайянкунии сарҳади диапазонҳо дар тирҳои диаграмма, миқёсгирӣ, тағйирдиҳии шаффофияти соҳаи диаграмма, заминасозӣ, идоракунии инъикоси тӯр ва ғайра аз қабили он амалҳоеанд, ки онҳоро меню пешкаши исти- фодабаранда мегардонад. Агар диаграмма ҳамчун объекти пасипардагии ҷадвал (объекти нақшаи дуюм) гузошта шуда бошад, он гоҳ онро бо пахши тугмаи

муш ҷудо кардан мумкин нест. Барои ин аз афзори Ҷудокунӣ (Выделение)-и лавҳаи Функсияҳои расмкашӣ (Функции рисования) истифода бояд бурд.

Ҳангоми сохтани диаграммаҳои хаттӣ (графикҳо) аз аломатҳои гуногуни парвандаҳои расмдор ё

Галереяи расмҳо истифода мебаранд. Дар галереяи расмҳо теъдоди зиёди расмҳои ороишии сарҳадҳои катак, тасвираҳои заминавӣ, нишонаҳо (мар-

керҳо) ва объектҳои фазоӣ (сеченака) мавҷуданд. Навъи диаг- раммаро дар лаҳзаи вақти дилхоҳ (Формат+Навъи диаграмма) тағйир додан мумкин аст.

Тавассути равзанаи робитавии Навъи диаграмма (Тип диаграммы) намудҳои гуногуни диаграммаҳоро бо ёрии ду категория — дученака (2-М) ва сеченака (3-М) интихоб кардан мумкин аст. Диаграммаҳои сеченакаро

бо ёрии муш зери кунҷҳои гуногун тоб додан, хам кардан ва тамоми амалҳои ба ҷилои рангҳо вобастаро (самт, таъсирнокӣ, полойиш ва ғайра) ба танзим овардан мумкин аст.

Чор диаграммаи дар поён овардашуда, ки ҶЭ OO Calc дар онҳо таъсирҳои пурсамари дараҷаҳои гуногунро истифода бурдааст, дар асоси як маҷмӯи иттилоотӣ (мисоли болоӣ) сохта шудаанд.

Диаграммаи якум як навъ гистограмма буда, дар он тарзҳои гуногуни рангпуркунӣ ва заминасозӣ истифода шудааст. Вай ба намуди 2-М-диаграмма тааллуқ дорад. Диаграммаи дуюм диаграммаи муқаррарии даврӣ буда, ба намуди 3-М-диаграмма дохил мешавад. Диаграммаи сеюм силиндрӣ ном дошта, он низ ба яке аз намудҳои 3-М-гистограмма дахл дорад. Барои беҳтар намойиш додан вай каме тоб дода шудааст. Диаграммаи чорум графики нишонадори намуди 2-М-диаграмма ном дошта, тавассути галереяи расмҳо сохта шудааст.

Саволҳо:

  1. Чӣ тавр тавассути ҶЭ OpenOffice Calc маълумоти катакҳоро дар шакли диаграмма тасвир мекунанд?
  2. Равзанаи Худформатбандии диаграмма барои иҷрои кадом амалиёт пешбинӣ шудааст?
  3. Кадом вақт дар диаграммасозӣ аз амали ҷудокунии бисёркарата истифода мебаранд?
  4. Менюи форматбандии диаграммаро барои иҷрои кадом амалҳо истифода мебаранд?
  5. Галереяи расмҳо барои чӣ хизмат мерасонад?
  6. Диаграммаҳои ду ва сеченакаро бо ёрии ҶЭ OpenOffice Calc чӣ тавр месозанд?

Супориш:

1. Ҷадвале созед, ки ба ҷадвали поёнӣ монанд бошад. Барои ҳосилкунии маълумоти ҳармоҳа аз ададҳои тасодуфӣи фосилаи аз 30 то 50 истифода баред. Нишондиҳандаҳои семоҳа (кварталӣ) ва солона бояд натиҷаҳои умумии ҳармоҳаро дар бар гиранд. Ҳаҷми

фуруши квартали ва солонаро барои ширкат ва ҳар як офиси он ҳисоб кунед.

  1. Аз форматбандии шартИ истифода бурда он нишондиҳандаҳои квартали дуюмро, ки мувофиқан аз қимати миёнаи нишонди- ҳандаҳои квартали якуми офисҳо пастанд, бо замина ва чорчӯбаи хокистарранг ҷудо намоед. Дар квартали чорум бошад, нишондиҳандаҳоро бо замина ва чорчӯбаи осмонИ, ки мувофиқан аз қимати миёнаи солонаи офисҳо зиёданд, ҷудо намоед.

Диаграммаҳое созед, ки ҳиссаи ҳар як офисро дар ҳаҷми фурӯши солона ва қимати миёнаи ҳар як квартали ширкат инъикос намояд.

Маводҳои ҳамсон