Дохилкунӣ ва таҳрири матн

Ба дигарон равон намоед

Мафҳумҳои асосии виросторони матнӣ:

  • саҳифаи чопӣ ва интихобҳои (параметрҳои) он;
  • абзатс ва нишондодҳои он;
  • ҳуруф ва нишондодҳои онҳо;
  • форматбандии аломатҳо ва абзатсҳо.

Саҳифаи чопии компютерӣ амсоли варақи коғазе мебошад, ки дар он матни санад чоп карда мешавад. Саҳифа дорои интихобҳои зерин мебошад:

  • андозаи саҳифа, ҳошияи чапи саҳифа;
  • ҳошияи роста саҳифа, ҳошияи болоии саҳифа, ҳошияи поёнии саҳифа.

Андозаи саҳифаи чопӣ ба ҳосили зарби андозаи бар ва баландии он баробар аст. Ҳошияҳои чап, рост, боло ва поёни саҳифаи чопӣ он қисмҳои коғазро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо матн чоп карда намешавад. Андозаи ҳошияҳо бо мм ё см чен карда мешавад.

Матни санад аз маҷмуи абзатсҳо иборат буда, худи мафҳуми абзатс бо пахши тугмаи Enter алоҳаманд аст. Яъне ҳар гуна мавқеи матни санадро, ки дар он ҷо тугмаи Enter пахш шуда бошад, абзатс мегӯянд. Якчанд маротиба пай дар пай пахш кардани тугмаи Enter  якчанд абзатсро ифода менамояд.

Фосилаҳои байни сатрҳои абзатсро бо пункт чен мекунанд: 1 пункт « 0.35 мм. Барои муайян кардани фосилаи байни сатрҳои абзатс бештар аз мафҳумҳои 1 фосила, 1.5 фосила ва 2 фосила истифода мебаранд:

  • 1 фосила = 6 пункт «2.1 мм;
  • 5 фосила = 9 пункт «3.1 мм;
  • 2 фосила =12 пункт «4.2 мм.

Аксар виросторони матнӣ имконият медиҳанд, ки матни санад бо хуруфи (шрифт — font) гуногуни андозаашон тагйирёбанда тайёр карда шавад. Масалан, Arial, Arbat, Cambria, Calibri, AcademyC, Times New Roman, Verdana ва ғайра намунаи ҳуруфи компютериро ташкил медиханд.

Ҳуруф ин тарзи навишти аломатҳои алифбои забонҳои гуногун мебошад.

Ҳар як хуруф метавонад дар якчанд намуд зоҳир шавад. Маҷмӯи намудҳои зуҳури ҳуруфро гарнитура ҳуруф меноманд. Гарнитур чор намуди асосии зоҳиршавӣ — маъмул, ғафс, моил, зерхаткашида ва комбинатсияи байни онҳоро дарбар гирифта метавонад.

Маҷмӯи намудҳои зуҳури ҳуруфро гарнитури ҳуруф меноманд

Тарзҳои дохилкунӣ ва вироиш (таҳрир)-и матн.

Раванди воридсозии матн бо ёрии виростори матнӣ бисёр сода аст. Матни тавассути сафҳакалид дохилшуда ҳамон лаҳза дар майдони кории равзанаи виростор намудор мешавад. Мавқеи аломати навбатиро дар экран курсори матнӣ муайян месозад. Курсори матнӣ шакли хатти рости амудӣ — « I »-ро дорад. Барои ба абзатс интиҳо бахшидан кифоя аст, ки тугмаи Enter

пахш карда шавад.

Вироиши матн низ он қадар кори душвор нест. Барои ба матни мавҷуда илова намудани қисмати нав курсорро ба мавқеи зарурӣ кӯчонида, матни навро дохил кардан кифоя мебошад. Аслан, дар раванди дохилкунии матни санад эҳтимоли содир кардани ғалатҳо ҳамеша вуҷуд дорад. Барои ислоҳ намудани ғалатҳои содиршуда бояд дар доираи матни санад курсорро сайр дода, ба мавкеи зарурӣ гузорем ва ғалатҳоро ислоҳ кунем.

Пас аз қисман ё пурра дохил кардани матни санад онро дар диск ё дигар барандаи иттилоот сабт намудан зарур аст. Матни санадро таҳти ягон ном дар шакли парванда нигоҳ медоранд. Ҳангоми истифодаи навбатии парванда онро аз хотира бо ёрии номаш меёбанд.

Агар матнро бори аввал сабт карданӣ бошем, он гох кифоя аст, ки тугмаи Н-ро пахш намоем ё фармони менюи Парванда- нигаҳдорӣ ҳамчун (Файл -Сохранить как)-ро амалӣ гардонем. Дар ҳар ду маврид хам дар экран равзанаи робитавии Сабти санад (Сохранение документа) пайдо мешавад. Тавассути майдончаи Номи санад (Имя файла) ба чойи номи муваққатӣ корбар бояд номи аслии парвандаро дохил кунад. Майдончаи Навъи парванда (Тип файла) барои дар форматҳои гуногун сабт кардани парванда хизмат мерасонад. Номи ҷузвдони фаъоле, ки парванда дар он бояд сабт гардад, дар сатри сурогавии (сатри дуюм) равзана оварда мешавад. Зерҷузвдонҳо ва парвандаҳои дохили ин ҷузвдон дар майдони  кории равзана нишон дода мешаванд. Барои интихоби дигар ҷузвдон майдони ҷустуҷӯйи тарафи чапи равзана хизмат мерасонад. Бо ёрии он муайянкунии диск ва ҷузвдоне, ки дар он парвандаи мазкур бояд нигоҳ дошта шавад, хеле мувофиқ аст.

Ҷузвдони интихобшуда дар майдони кории равзана пайдо мешавад. Барои кушодани он тугмаи чапи мушро ду маротиба пахш кардан лозим аст. Сабти парванда бо пахши тугмаи амрии Сабт кардан (Сохранить) ҳусни анҷом меёбад. Дар натиҷа матни санад бо номи қайдшуда дар ҷузвдони муайяншудаи диски мушаххас нигоҳ дошта мешавад. Тугмаи Лағв (Отмена) барои матни санадро сабт накарда, аз нав ба ҳолати пештараи корӣ баргаштан хизмат мерасонад.

Маводҳои ҳамсон