Журнали ҳисоб

Ба дигарон равон намоед

Журнали ҳисоб — воситаи асосии бақайдгирии тамоми ҳисоббарориҳое мебошад, ки «Ҳисобкунак» онҳоро дар фосилаи сеанси ҷорӣ дар реҷаҳои корбарии «Маъмулӣ» ва «Муҳандисӣ» амалӣ гардонидааст. Афзори кушодани «Журнали қисоб» — тугмаи ® буда, дар тарафи рости қисми болоии равзанаи «Ҳисобкунак» ҷойгир шудааст.

Барои ҳар кадом реҷаи корбарӣ (маъмулӣ ва муҳандисӣ) «Ҳисобкунак» ҳисоббарориҳои иҷрошударо дар журналҳои алоҳида ба қайд мегирад. Вобаста ба фаъолнокии реҷаи ҷорӣ (маъмулӣ ё муҳандисӣ) дар дисплейи «Ҳисобкунак» журнали ба ҳамон реҷа мувофиқ фаъол мегардад. Дар мавриди ба журнал ворид намудани тағйирот, натиҷаи ҳисоббарории амали охирони интихобшуда дар соҳаи натицаҳои «Ҳисобкунак» (қисми болоии равзана) низ инъикос мегардад.

Дар расми поёнӣ як қисми дарунмояҳои журналҳои ҳисоб дар реҷаҳои маъмулӣ (аз чап) ва муҳандисӣ (аз рост) тасвир ёфтаанд. Барои азназаргузаронии тамоми дарунмояи журналҳо аз тасмаҳои тобдиҳии онҳо истифода бурдан лозим аст.

Килькулятор — I I X

Агарчи ҳангоми аз як реҷаи корбарӣ ба реҷаи дигар гузаштан тамоми ҳисоббарориҳои ҷории ҳисобкунак ҳазф гарданд ҳам, вале иттилооти дар журналҳои бақисобгирии реҷаҳои маъмулӣ ва муҳандисӣ маҳфузбуда пурра боқӣ мемонанд. Дарунмояи журнали ҳисобро танҳо ба воситаи афзори ill (сабади журнал) ҳазф намудан имконпазир аст, ки он дар тарафи чапи қисми поёнии журнал ҷойгир шудааст.

Журнали ҳисоб амсоли хотираи доимии ҳисобкунак мебошад. Иттилооти дохили он дар сеанси ҷорӣ барои такроран иҷро шудан ё тағйир ёфтан (додан) ҳамеша дастрас аст. Барои фаъол гардонидани раванди иҷрои амали мушаххас кифоя аст, ки аз журнали ҳисоб амали мазкурро интихоб ва пахш намоем. Амали интихобшуда ва натиҷаи кори он дар соҳаи натиҷаҳои ҳисобкунак дарҳол ҳамчун амали навбатии коркардшаванда (таҳрирӣ) намудор мегардад.

Саволҳо:

  1. Журнали ҳисоб чист?
  2. Журнали ҳисоб дар кадом реҷаҳои корбарии «Ҳисобкунак» мавриди истифода қарор дорад?
  3. Вазифаҳои журнали ҳисоб аз чӣ иборат аст?
  4. Дарунмояи журнали ҳисобро чӣ тавр ҳазф намудан мумкин аст? Истифода чй?

Супоришҳо:

  1. Тарзи корбарии журнали ҳисобро дар реҷаҳои маъмулӣ ва муҳандисии «Ҳисобкунак» аз худ намоед.
  2. Дар реҷаҳои маъмулӣ ва муҳандисӣ чортогӣ амалҳои гуногунро иҷро карда, дар журналҳои хдсоб ба қайд гиред.

Амалҳоро бонавбат аз журналҳо ба дисплейи ҳисобкунак кӯчонед, ба онҳо тағйирот ворид намоед ва дарунмояи журналҳоро ҳазф кунед.

Маводҳои ҳамсон