Идентификаторҳо ва калимаҳои корӣ.
Индентификатор – ин пайдарпаии аз ҳарфҳои лотинӣ, рақамҳои даҳӣ ва рамзи хати поёнӣ (_) иборатбудае, ки бо рақам оғоз намешавад. Масалан: RUN run copy g103.
Ҳарфҳои калон ва хурди идентификаторҳо фарқ мекунанд. Ҳамин тариқ, дар мисоли болоӣ ду идентификатори аввал фарқкунанда мебошанд. Идентификатор метовонад то 32 рамз дарозӣ дошта бошад (қайд мекунем, ки дар компиляторҳои ҳархела дарозии номи идентификаторҳо метавонанд фарқ кунанд). Идентификаторҳо барои муайян намудани номи тағйирёбандаҳо, функсияҳо, классҳо, структураҳо ва нишонаҳо истифода бурда мешаванд.
Калимаҳои корӣ – ин идентификаторҳое мебошанд, ки номашон аз тарафи забон захира шудаанд. Калимаҳои кории забони С++ инҳоянд:
asm | double | new | switch |
auto | else | operator | template |
case | extern | protected | throw |
catch | float | public | try |
char | for | register | typedef |
class | friend | return | typeid |
const | goto | short | union |
continue | if | signed | unsigned |
default | inline | sizeof | virtual |
delete | int | static | void |
do | long | struct | volatile |
while |
На ҳамаи калимаҳои кории дар боло овардашуда барои омӯзиш заруранд. Мақсади овардани ҳамаи калимаҳои корӣ дар он аст, ки истифодаи онҳо ҳамчун номи идентификатор манъ аст.