Идора кардани матн бо ёрии сафҳакалид ва муш

Ба дигарон равон намоед

Ба идоракунии матн амалҳои интихоб ва ҷудокунии матн, буридан ва нусхабардории матн, ҷойгузин ва миёнагузории матн, ҳазф ва ивазкунии матн ва дигар амалҳо дохил

мешаванд. Ҳамаи амалҳои номбурдаро ҳам бо ёрии муш ва ҳам бо ёрии сафҳакалид иҷро кардан мумкин аст.

Барои матнро идора карда тавонистан курсори матниро ба мавқеи амалиётгузаронӣ дуруст гузоштан лозим аст. Тарзҳои аз мавқеи ҷорӣ ба мавқеи дигар кӯчопидапи курсор чунин аст:

  • бо ёрии муш — мушнаморо ба мавқеи лозимии матн кӯчонида, тугмаи чапи мушро пахш кардан;
  • бо ёрии сафҳакалид — тугмаҳои идоракунии курсорро дуруст истифода бурдан. Самти тугмаҳои тирчадори сафҳакалид самти ҳаракати курсорро дар экран нишон медиҳанд. Миқдори пахшкуниҳои ин тугмаҳо ба микдори мавқеъҳои ҳаракати курсор ба ин ё он самт баробар аст:
<-кӯчопидапи курсор ба як мавқеъ ба самти чап
->кӯчонидани курсор ба як мавқеъ ба самти рост
tкӯчонидани курсор ба як сатр ба самти боло
4-кӯчонидани курсор ба як сатр ба самти поён
Homeкӯчонидани курсор ба аввали сатр (Home — ибтидо, хона)
Endкӯчонидани курсор ба охири сатр (End — интиҳо, охир)
PgUpкӯчонидани курсор ба як сафҳа (экран) ба боло (Page Up)
PgDnкӯчонидани курсор ба як сафҳа ба поён (Page Down)
Ctrl+Homeкӯчонидани курсор ба ибтидои матни санад
Ctrl+Endкӯчонидани курсор ба интиҳои матни санад

Таъйиноти тугмаҳои ёрирасон ва махсуси сафҳакалид:

Backspace — ҳазфи аломати тарафи чапи курсор (Backspace — бозгашт);

Delete — ҳазфи аломати тарафи рости курсор (Delete — ҳазфкунй);

Insert — ивазкунии аломати мавҷуда бо аломати воридшаванда.

Дар ҳолати ғайрифаъолии ин тугма аломати мавҷуда як мавқеъ ба тарафи рост мелағжад ва ҷойи онро аломати воридшаванда мегирад (Insert — миёнагузорй, иловакунй);

Enter — вазифаҳои зиёд дорад (Enter — дохилкуни): дохилкунии дастури компютерй, гузариш ба сатри нав, ба охир расонидани матни абзатс ва ғайра;

Esc- лағви иҷрои фармон (Esc — гурехтан, бекор кардан);

Tab — дар таҳрири матн: гузариш ба 8 мавқеъ; дар таҳрири ҷадвал: гузариш аз як майдон ба майдони дигар, аз як сутун ба сутуни дигар;

PrtSc — нусхагирии иттилооти мавҷудаи экран (Prtsc/PrintScreen — чопи экран) ва ба буфери мубодила интиқол додани он;

Ctrl,, Alt, Shift; — бо дигар тугмаҳо якҷоя пахш шуда, вазифаи

онҳоро тағйир медиҳанд (Ctrl, control — назораткуни, Alt — алтернативй, Shift — ҷойивазкунй);

— кушодани менюи асосии Microsoft Windows.

Тарзҳои интихоб ва ҷудокунии матн. Ҳар гуна қисми матнро, аз аломати алоҳида cap карда, то матни саросари санад, интихоб ва ҷудо кардан мумкин аст. Қисми матни санадро цитъаи матн мегӯянд. Тарзи интихоби қитъаи матн бо ёрии сафҳакалид:

  • курсорро ба ибтидои сатри якуми қитъа гузоштан;
  • тугмаи Ғ8-и сафҳакалидро пахш кардан;
  • бо ёрии тугмаҳои идоракунии курсор қитьаро ҷудо кардан.

Барои интихоб намудани ҷумла, калима ё аломати алоҳида, аввал курсорро аз пеш ва ё аз паси он мегузоранд ва баъд

тугмаи

Shift-ро якҷоя бо тугмаҳои идоракунии курсор пахш

мекунанд.

Тарзи интихоби қитъаи матн бо ёрии муш:

  • мушнаморо ба ибтидои сатри якуми қитъа гузоштан;
  • тугмаи чапи мушро пахшкунон мушнаморо то сатри зарурӣ ба самти поён лағжондан.

Барои интихоби калимаи алоҳида мушнаморо ба болои аломати дилхоҳи он гузошта, тугмаи чапро ду маротиба зуд- зуд пахш намуда, раҳо кардан лозим аст. Агар тугмаи чапи мушро се маротиба пахш карда, раҳо намоем, он гоҳ матни абзатсе интихоб карда мешавад, ки мушнамо ба болои ягон аломати он гузошта шуда бошад.

Барои интихоби қитъаҳои нисбатан калон аз хатти ҷудокунии мапгн истифода мебаранд. Хатти ҷудокунӣ — фосилаест, ки дар ҳошияи харафи чапи майдони кории санад ҷойгир буда, ҳангоми мушнаморо ба он гузоштан шакли

нишондиҳандаи намуди ^ -ро мегирад. Шакли Ж ё доштани мушнамо маънои ҳоло ба хатти ҷудокунӣ нарасиданро дорад. Агар ҳошияи чапи саҳифа дар экран нонамоён бошад, он гоҳ аз тасмаи тобдиҳии уфуқӣ истифода бурда, матнро ба тарафи рост, то намоён гаштани ҳошия, лағжонидан лозим аст.

Дар мавриди хатти ҷудокуниро дастрас кардан мушнамо

шакли t -ро қабул мекунад. Маҳз дар ҳамин лаҳза пахши яккаратаи тугмаи чапи муш ба интихоби як сатр (сатре, ки мушнамо дар муқобилаш истодааст), пахши дукарата — ба интихоби абзатс ва пахши секарата — ба интихоби матни саросари санад оварда мерасонад.

Тарзҳои нусхагирӣ, ҷойгузин ва ҳазфи матн. Амалиёти нусхагирй, ҷойгузин ва ҳазфи саросари матни санад ё қитъаҳои алоҳидаи онро бо тарзҳои гуногун иҷро кардан мумкин аст. Яке аз тарзҳои маъмули иҷрои ин амалиёт истифодаи буфери мубодилаи системаи амалиётии MS Windows ба ҳисоб меравад. Буфери мубодила (Буфер обмена — Clipbord) қисми махсуси хотираи фаврии компютер аст, ки дар он иттилоот муваққатан нигоҳ дошта мешавад. Хосияти асосии буфер дар он аст, ки иттилооти дар он маҳфузбударо такроран якчанд маротиба истифода бурдан мумкин аст. Илова бар ин, буфери мубодила имконият медиҳад, ки иттилооти тавассути як барнома сохташуда ё табдилёфтаро барномаи дигар низ истифода бурда тавонад. Ҳангоми ба буфери мубодила равон кардани иттилооти нав иттилооти пешинаи он лағв (бекор) мегардад.

Афзорҳои асосии корбари бо буфери мубодилаБуридан (Вырезать)

Нусхагири кардан (Копировать) ва Ҷогузори кардан (Вставить) мебошанд.

■ Натиҷаи амали пахши тугмаи        — ҳазфи қитьаи

интихобшуда аз матн ва ба буфери мубодила ҷойгир кардани он аст.

  • Натиҷаи амали пахши тугмаи — нусхагирии қитъаи интихобшудаи матн ва ба буфери мубодила ҷойгир кардани он аст.
  • Натиҷаи амали пахши тугмаи —I — гузоштани қитъаи матни дар буфер маҳфузбуда ба мавқеи қайдшудаи санад аст.

Барои аз матн ҳазф намудани қитъаи интихобшуда кифоя

аст, ки дар сафҳакалид тугмаи Delete ё Backspace пахш карда

шавад. Умуман, бо ёрии тугмаҳои сафҳакалид на танҳо

амалиёти дар боло номбурда, балки амалиёти зиёди дигарро низ иҷро кардан мумкин аст. Илова бар ин як амалро метавон бо чанд тарз иҷро кард. Масалан, пахши якҷояи тугмаҳои поёнӣ иҷрои амлиёти зеринро таъмин менамоянд:

Ctrl! ва jc| — ба буфер равон кардани нусхаи қитъаи интихобшуда;

Ctrl ва Insert — ба буфер равон кардани нусхаи қитъаи интихобшуда;

Ctrl ва jxj — ба буфер равон кардани нусхаи қитъаи ҳазфшуда;

|Shift| ва {Delete — ба буфер равон кардани нусхаи қитъаи ҳазфшуда;

Ctri[ ва [vj — ҷогузории қитъаи матн аз буфер;

Shift ва [{insert — ҷогузории қитьаи матн аз буфер.

Барои қитъаи матнро аз як мавқеъ ба мавқеи дигари матн кӯчонидан кифоя аст, ки аввал қитъаро ҷудо кунем ва баъд тугмаи чапи мушро пахшкунон онро то мавқеи нави матн лағжонем.

Дар раванди кор бо қитъаҳои матн баъзан тасодуфан қитъаҳои зарурӣ ҳазф (нест, нобуд) мегарданд ё қитъаҳои нозарур ба матн ҳамроҳ мешаванд. Дар чунин мавридҳо набояд ошуфтаҳол гашт. Бояд дар хотир дошт, ки ҳар гуна амалиёти иҷрошудаи номатлубро имконияти зуд лағв кардан вуҷуд дорад. Барои бекоркунии амалиёти иҷрошуда тугмаи ‘ — Лагв ва барои аз нав барқарор кардани (бозгардони) амали

лағвшуда, тугмаи — Бозгардон хизмат мерасонанд. Ҳар дуи ин амалро ба воситаи тугмаҳои сафҳакалид низ иҷро кардан мумкин аст: Alt ва Backspace — лағв кардан, F4 — бозгардон.

Саволҳо:

  1. Идоракунии матн гуфта, иҷрои кадом амалҳо дар назар дошта шудааст?
  2. Дар идоракунии матн нақши курсор аз чӣ иборат аст?
  3. Оё шумо тарзҳои аз мавқеи ҷорӣ ба мавқеи дигар кӯчонидани курсорро медонед? Ин амалро бо ёрии муш осонтар иҷро кардан мумкин аст ё бо ёрии сафҳакалид? Чаро?
  4. Вазифаҳои тугмаҳои муш ва тарзи истифодаи онҳоро медонед? Тавзеҳ диҳед.
  5. Таъйиноти кадом тугмаҳои ёрирасон ва махсуси сафҳакалидро номбар карда метавонед?

Супоришҳо:

  1. Таъйиноти тугмаҳои ёрирасон, махсус ва идоракунии курсори сафҳакалидро дар шакли ҷадвал дар дафтар тасвир кунед.

Ягон парвандаи матниро кушоед ва амалҳои интихобу ҷудокунии матн, буридану нусхабардории матн, ҷойгузину миёнагузории матн, ҳазф ва ивазкунии матнро ҳам бо ёрии муш ва ҳам сафҳакалид якчанд маротибагӣ машқ кунед.

Маводҳои ҳамсон