Импулси ҷисм. Қонуни бақои импус

Ба дигарон равон намоед
  1. Ду ҷисми ҳачмашон якхелаи алюминӣ ва сурбӣ бо суръатҳои якхела ҳаракат мекунанд. Импулси ин ҷисмҳоро муқоиса кунед.
  2. Поезди массааш 2000 т растхатта ҳаракат карда, суръаташро аз 36 то 72 км/соат зиёд кард, Тағйироти импулсpo ёбед.
  3. Саққои массааш 100 г ба майдончаи уфуқӣ озод афтод. Дар лаҳзаи зарба суръати он 10 м/с буд. Тағйироти импулсро ҳангоми зарбаи мутлақан ночандир ва мутлақан чандир ёбед. Aгap зарбаи ночандир 0,05 с ва зарбаи чандир 0,01 с давом карда бошад, қувваи ҳангоми зарба ба саққо таъсиркунандаро ба ҳисоби миёна ёбед.
  1. Ҳаракати нуктаи материалӣ ба воситаи муодилаи
  1. ифода меёбад.. Массаи онро 2 кг пиндошта, импулс, инчунин қувваеро, ки ин тағйирёбии импулсро боис мегардад, пас аз 2 c ва пас аз 4 сонаяи оғози ҳисоби вақт ёбед.
  2. Тӯби массааш 100 г, ки бо суръати 20 м/с парида меомад, ба ҳамвории уфуқӣ бархурд. Кунҷи афтиш (кунҷи байни самти суръат ва перпендикуляр ба хамворӣ) 60° аст. Aгap зарба мутлақан чандир ва кунҷи инъикос ба кунчи афтиш баробар бошад, тағйироти импулс чӣ кадар мешавад?
  3. Нуқтаи материалии масеааш 1 кг бо суръати 10 м/с аз рӯи давра ва мунтазам ҳаракат мекунад. Тағйироти импулсро дар чоряк давр, нисфи давр ва як давр ёбед.
  4. Тири тӯпи массааш  ва суръаташ параллелан ба релсҳо парвоз намуда, ба платформаи қарористодаи регдоре, ки массааш  аст, бархӯрду ба рег дармонд. Платформа бо кадом суръат ба ҳаракат даромад?
  5. Ду ҷисми ночандири массаашон 2 ва 6 кг ба истиқболи якдигар ҳар яке бо суръати 2 м/с ҳаракат мекарданд. Модул ва самти суръати ҳap як ҷисмро пас аз зарба муайян намоед.
  6. Массаи автомати Калашников 3,8 кт, массаи тираш 7,9 г, массаи заряди борути патрон 1,6 г, суръати парида баромаданн тир 715 м/с аст. Суръатеро ёбед, ки автомат дар натиҷаи ақибзанӣ доро мешавад. Суръати миёнаи ғази борутро баробари нисфи суръати тир пиндоред.
  7. Шикорчӣ аз қаиқи дар ҳаракат буда ба самти ҳаракаташ аз милтиқ тир холӣ кард. Aгap қаиқ баъди ду маротиба паси ҳам тир холӣ кардан таваққуф карда бошад, он бо кадом суръат мерафт? Массаи шикорчӣ бо қаиқ 200 кг, массаи тир 20 г аст. Суръати паридани тирпора ва гази борут 500 м/с аст.
  8. Вагони массааш 20 т, суръаташ 0,3 м/с ба вагони массааш 30 т ва суръаташ 0,2 м/с расида мегирад. Суръати вагонҳо пас аз ба кор даромадани васлаки автоматӣ чӣ кадар мешавад?
  9. Аз қаиқи массааш 200 кг, суръаташ 1 м/с писарчаи массааш 50 кг ба самти уфуқ бо суръати 7 м/с чаҳид. Aгap писарча аз думи қаик муқобили ҳаракати он ҷаҳида бошад, суръати қаиқ пас аз ҷаҳиши ӯ чӣ қадар мешавад? Aгap пи- сарча аз пеши қаиқ ба самти ҳаракат ҷаҳад – чӣ?
  10. Аз тӯпи дар киштии массааш 750 т буда нисбат ба уфуқ таҳти кунҷи 60° муқобили самти ҳаракаташ тир xoлӣ карданд. Aгap тири массааш 30 кг нисбат ба киштӣ бо суръати 1 км/с парвоз карда бошад, суръати киштӣ чӣ қадар тағйир ёфтааст?
  11. Саққои билярд 1, ки бо суръати 10 м/с ҳаракат мекард, ба саққои оромистодаи 2 бархӯрд. Пас аз зарба саккоҳо, чӣ тавре ки дар расми 67 нишон дода шудааст, пароканда шуданд. Суръати сақкоҳоро пас аз зарба ёбед; массаҳо якхела.

Маводҳои ҳамсон