Интихоб ва тағйирдиҳии объект

Ба дигарон равон намоед

Ҳангоми тасвирсозӣ баъзан лозим меояд, ки шакл, андоза, ранг ва ё тарзи ҷойгиршавии қисми муайяни мусаввара тағйир дода шавад. Он қисми мусаввараро, ки нишондодҳои хосиятҳояш бояд тағйир дода шаванд, объекти тағирдиҳии виростори графикӣ меноманд.

Барои тағйир додани вазъ, ранг ва андозаи объекти графикӣ — ҷузъи объекти кулли графикӣ (мусаввара), дар тасмаи абзори виросторони графикӣ афзорҳои зиёди корбарӣ пешбинӣ шудаанд. Масалан, афзорҳои рангтағйирдиҳандаи виростори графикии Paint дар блоки Рангҳо (Цвета)-и тасмаи абзори барнома ва афзорҳои андозаву вазътағйирдиҳандаи он — дар блоки Тасвир (Изображение) муттаҳид гардонида шудаанд.

Объекти тағйирдиҳии виростори графикии Paint — ҳар гуна ҷузъи алоҳидаи мусаввараи бо ёрии он сохташуда, буда метавонад. Ба сифати мисоли корбарӣ расмеро дида мебароем, ки шумо мебоист онро ҳангоми иҷрои супоришҳои мавзӯи гузашта омода мекардед (расми дуюм, мобайнӣ).

Тавре аз сохтори расм баръало дида мешавад, парандаи тасвирёфта бо ёрии чор объект (ҷузъ, шакл)-и стандартии геометрӣ — росткунҷаи мураббаъ, секунҷаҳои росткунҷа ва баробартараф ва инчунин давра таҳия гардида, бо рангҳои гуногун ороиш дода шудааст. Объекти дилхоҳи мусаввараи мазкур тағйирпазир аст.

Ба амалҳои маъмулии шаклтағйирдиҳии объекти графикӣ — тағйир додани андоза, ранг, таҳти ягон кунҷ тоб додан, буридани қисми он, ҷойгузин ва нусхабардории объект ба ҳисоб мераванд. Барои татбиқ намудани ҳар кадоми ин амалҳо аввалан ҳатман бояд қисми тағйирпазир ё кулли объектро ҷудо ва баъдан амали заруриро ба иҷро расонидан лозим аст.

Афзорҳои асосии шакл, андоза ва рангтағйирдиҳандаҳо — «Ҷудокунак», «Буранда», «Андозагирак», «Тобдиҳак», «Рангпуркунак», «Поккунак» ва ғайра ном доранд. Ҳар кадоми ин афзорҳо, дар навбати худ, метавонанд боз ба зерафзорҳо тақсим шаванд.

Акнун ба сифати объектҳои тағйирдиҳии мусаввараи «Паранда» — секунҷаҳои баробартарафи пахдӯии (аз тарафҳои чап ва рости қатори дуюм) мусаввараро интихоб карда, бо истифода аз ҷудокунаки Росткунҷасоҳа (Прямоугольная область)-и гурӯҳи афзорҳои «ҷудокунакҳо» онҳоро бо навбат ҷудо мекунем. Баъд, бо истифода аз гурӯхҳои афзорҳои андозагиракҳо (Изменить размер) ва тобдиқаҳо (Повернуть) андоза, мавқеъ ва вазъи секунҷаҳоро тағйир медиҳем.

Тавре мебинем, афзорҳои истифодашуда имконият додаанд, ки мусаввара аз ҳолати аввала (расми якум) ба ҳолати зарурӣ (расми шашум) оварда шавад. Акнун, ҳамин афзорҳоро истифода бурда, аз қисми муайяни мусаввараи мазкур, бо ёрии усулҳои ҷудокунӣ, буридан, нусхагирӣ ва гузоштан объектҳои тамоман нав (ду расми охирон)-ро ҳосил мекунем.

 Саволҳо:

1.0бъекти тағйирдиҳии виростори графики гуфта, чиро меноманд?

  1. Кадом амалҳои маъмулии шаклтағйирдиҳии объектҳои графикиро номбар карда метавонед?
  2. Афзорҳои асосии объекттағйирдиҳандаи Paint чӣ ном доранд?
  3. Шакл, андоза, ранг ва тарзи ҷойгиршавии қисми муайяни мусаввараро чӣ тавр тағйир додан мумкин аст?

5.Чӣ тавр объекти графикиро таҳти кунҷи додашуда тоб додан мумкин аст?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи барномаи графикии «Paint»-po кушоед ва тарзи корбарии афзорҳои асосии шакл, андоза ва рангтағйир- диҳандаҳо — «Ҷудокунак», «Буранда», «Андозагирак», «Тобдиҳак», «Рангпуркунак», «Поккунак» ва ғайраро машқ кунед.
  2. Бо истифода аз афзорҳои дар банди якум зикршуда ва амалҳои маъмули корбарӣ бо объектҳои графикӣ расмҳои дар матни мавзӯъ овардашударо бо тарзи эҷодӣ аз нав ҳосил кунед.
  3. Расмҳои сохташударо бо рангҳои гуногун ороиш диҳед ва ба онҳо навипггаҷотҳои мувофиқ ҳамроҳ карда, бо номи «Расмҳои чоруми ман дар Paint» дар хотираи компютер нигоҳ доред.

Маводҳои ҳамсон