Инъикоси сохтори парвандаӣ дар экран

Ба дигарон равон намоед

Дар компютер якбора як ё якчанд дискро насб кардан мумкин аст. Вале аксар компютерҳои фардӣ дорои як диски асосӣ (винчестер) мебошанд. Тамоми иттилооти дар компютер истифодашаванда маҳз дар винчестери он нигоҳ дошта мешавад. Таҳти мафҳуми иттилоот — барномаҳои системавӣ (системаи амалиётй), барномаҳои татбиқй, забонҳои барнома- созй, барномаҳои хидматй, барномаҳои зиддивирусй, ҷузвдон- ҳову парвандаҳои хусусии истифодабарандагони компютер ва дигар навъҳои иттилооти компютерӣ дар назар дошта шудааст.

Барои таъмини амнияти барномаҳо ва санадҳои зикршуда одатан онҳоро аз ҳамдигар ҷудо нигоҳ медоранд. Яке аз роҳҳои аз ҳамдигар ҷудо нигоҳ доштани иттилооти компютерй, маҷозан ба якчанд диски мантиқӣ (маъмулан ба 2 ё 3) тақсим кардани винчестер мебошад. Дискҳои мантиқии компютер бо ҳарфҳои лотинии «С:», «D:», «Е:», «Ғ:» ва ғайра номгузорӣ карда мешаванд.

Иттилооте, ки дар диски дилхоҳ сабт гардида, минбаъд бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, ҷисман дар ягон ҷузвдони диск нигоҳ дошта мешавад. Пас, ҷузвдон чист? Ҷузвдони системаи амалиётии Microsoft Windows объекти махсуси парвандаӣ буда, барои нигоҳ доштани зерҷузвдонҳо ва парвандаҳо пешбинӣ шудааст. Ҷузвдони компютерӣ дар экрани монитор дар шакли ҷузвдони канселярӣ инъикос карда мешавад.

Ҷузвдон объекти махсуси парвандаи буда, барои нигоҳ доштани зерҷузвдонҳо ва парвандаҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳар як ҷузвдони диски мушаххаси компютер метавонад якчанд зерҷузвдон ва парванда дошта бошад. Ҳар кадом

зерҷузвдон низ, дар навбати худ, метавонад соҳиби зерҷузвдонҳо ва парвандаҳои худ бошад. Сохтори нигаҳдории Чузвдонҳо ва парвандаҳои дискҳои компютер маҳз ҳамин тавр ташаккул меёбад. Сохтори мазкур намуди иерархии дарахтшакл дошта, сохтори парвандаӣ ном дорад.

Мисоли равшани сохтори парвандаӣ андешарониҳои дар мавзӯи гузашта баёнгардида шуда метавонад. Дар он чо мафҳуми диски компютерӣ ҳамчун барандаи иттилоот ба воситаи моҳияти мафҳуми «Хонанда», мафҳуми ҷузвдон ба воситаи моҳияти мафҳуми «Дарсҳо», мафҳуми зерҷузвдон ба воситаи моҳияти фанҳои мактабӣ — «Технологияи иттилоотӣ», «Физика», «Математика», «Суруд ва мусиқй», «Расмкашй» ва мафҳуми парванда ба воситаи моҳияти маводди дарсӣ — «Дафтари ТИ.бос», «Китоби TH.doc», «Нотаҳо.трЗ», «Китоби noraxo.wav», «Расми1.Ьшр», «Расми2.Ьшр», «РасмиЗ.Ьтр» ва «Рангҳо.ехе» хеле ҷаззоб пешкаш гардида буд.

Сохтори парвандаӣ гуфта, системаи нигаҳдории ҷузвдонҳо ва парвандаҳоро дар хотираи компютер меноманд.

Тавре пештар қайд шуда буд, парвандаҳо ба ғайр аз ном боз соҳиби дигар тавсифҳо — ҳаҷм, сана, вақти сохта шудан ва ғайра мебошанд. Ному тавсифҳои парванда дар мавзеи махсуси сатҳи диск ба қайд гирифта мешаванд, ки он дар асл чузвдони компютерӣ аст. Агар номи парванда дар ягон чузвдон ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ мегӯянд, ки парванда дар дохили ин ҷузвдон чойгир аст. Барои дар ҳамон Чузвдон нигоҳ доштани нусхаи парванда онро бо дигар ном сабт кардан лозим меояд.

Ҳамаи чузвдонҳои диск, ба ғайр аз чузвдони асосии он, номи хусусии худро доранд. Рӯйхати ин номҳо дар худи диск ба қайд гирифта мешавад. Дар ин маврид диск низ ҳамчун чузвдон тасвир ёфта, ном, хачм ва дигар хосиятҳояш дар

ҷузвдони дискҳои компютер ба қайд гирифта мешавад. Агар номи ҷузвдони X дар ҷузвдони Y ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ X зерҷузвдон ва Y ҷузвдони волидӣ номида мешаванд.

Ҳар як диск як ҷузвдони асосӣ (решавй) ва миқдори дилхоҳи ҷузвдонҳои дигар дошта метавонад. Дар ҷузвдони асосӣ парвандаҳо ва ҷузвдонҳои дигар (ҷузвдонҳои қабати якум) ҷойгир карда мешаванд. Дар ҷузвдонҳои қабати якум бошад, парвандаву ҷузвдонҳои қабати дуюм ва ғайра ҷойгир карда мешаванд. Ҳамин тариқ, бо зиёд шудани миқдори ҷузвдонҳои диск сохтори дарахтшакли чузвдонҳои компютер пайдо мешавад.

Истифодабарандаи компютер дар ҳар як лаҳзаи вақт бо яке аз ҷузвдонҳои диск сару кор дорад, ки онро чузвдони чорӣ мегӯянд.

Ҳангоми аз хотираи компютер (винчестер) чустуҷӯ кардани ягон чузвдони мушаххаси сохтори парвандаӣ пайдарпайии номҳои чузвдонҳои онро аз ҳамдигар бо ёрии

аломати «\» ҷудо мекунанд. Масалан, барои ёфтани зерҷузвдони «Технологияи иттилоотӣ», ки он дар ҷузвдони «Дарсҳо» ҷойгир буда, ҷузвдони номбурда, дар навбати худ, дар дохили ҷузвдони «Хонанда» маҳфуз аст, раванди ҷустуҷӯ ин гуна ифода карда мешавад: «Хонанда\Дарсҳо\Технологияи иттилоотӣ». Чунин тарзи ҷустуҷӯро номи пурраи ҷузвдон ё роҳи дарёфты ҷузвдон мегӯянд.

Ҷузвдони асосӣ (решавӣ)-и диски компютер номи мушаххас надорад. Он бевосита дар намуди хатти моил «\» ишора карда шуда, дар тарафи рости номи диск нишон дода мешавад. Масалан, ҷузвдони решавии диски «D:»-h компютер ин тавр ёфта мешавад: «D:\». Агар мо ҷузвдони системавии «Санадҳои ман» (Мои документы)-и диски «С:»-и компютерро ёфтанӣ бошем, он гоҳ бояд ҷустуҷӯро дар намуди «Санадҳои ман» анҷом диҳем.

Саволҳо:

  1. Сохтори парвандаии системаи амалиётиро чӣ гуна тасаввур мекунед?
  2. Тарзи нигаҳдории ҷузвдонҳо ва парвандаҳои дискҳои компютер шабеҳи кадом ашёи табиат аст?
  3. Тавсифҳои парвандаҳо гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст? Онҳо дар куҷо ба қайд гирифта мешаванд?
  4. Ҷузвдони решавии диски компютерӣ чист? Ҷузвдонҳои қабати якум, дуюм ва ғайра чй?
  5. Зерҷузвдон аз ҷузвдони волидӣ чӣ фарқ дорад?

Супориш: 1. Сохтори парвандаии компютерро аз назар гузаронед ва онро дар дафтар дар шакли нақша тасвир кунед.

Маводҳои ҳамсон