Барои таъмини фосила дар атрофи расм, нависед:
- <IMG src=’imagefile.ext‘
2. HSPACE=n
ки дар ин ҷо n — андозаи фосила аз чап ва рости расм дар пикселҳо.
3. VSPACE=n
ки дар ин ҷо n — андозаи фосила аз боло ва поёни расм дар пикселҳо.
4. >.
Дар баъзе ҳолатҳо зарурияти ҷойгир кардани расм
дар сатр байни калимаҳо пайдо шуданаш мумкин аст.
Барои илова кардани расм миёни калимаҳо, нависед:
1. <IMG src=’imagefile.ext‘
ки дар ин ҷо IMG — теги инъикос кардани расм дар саҳифа, SRC — хосияти ин тег, ки кадом расм бояд инъикос шавад аниқ мекунад, imagefile.ext — роҳ, ном ва қисми изофагии номи файле, ки дар он расм нигоҳ дошта мешавад.
2. ALIGN=»d«
ки дар ин ҷо d метавонад яке аз ин қиматҳоро қабул кунад: texttop, top, middle, absmiddle, bottom, absbottom.
[3]. Хосиятҳои дигари теги IMG.
4. >.
Барои ҷойгир кардани расм ё ҷузъи дигари саҳифа дар марказ, нависед:
1. <CENTER>
2. Ҷузъе, ки онро дар марказ ҷойгир кардан мехоҳед.
3. </CENTER>
Масалан, баъди навиштани сатрҳои зерин:
<CENTER>
<IMG src=»/photo02.jpg«>
</CENTER>
расм дар марказ ҷойгир аст:
Барои кашидани хати горизонталӣ, нависед:
1. <HR
[2]. SIZE=»n«
ки дар ин ҷо n — баландии хат дар пикселҳо.
[3]. WIDTH=»w«
ки дар ин ҷо w — дарозии хат дар пикселҳо ё фоизҳо нисбати дарозии саҳифа.
[4]. ALIGN=»d«
ки дар ин ҷо d ба left, right, center баробар шуда метавонад, вобаста аз он ки хатро дар чап, рост ё миёнаи саҳифа кашиданиед.
[5]. COLOR=
«#rrggbb«
ки дар ин ҷо #rrggbb — ифодаи шонздаҳии ранг, ё
«color«
ки дар ин чо color — номи яке аз 16 ранги муайяншуда.
Мисолҳо.
<HR>:
</CENTER>
<HR SIZE=»5″ WIDTH=»300″>:
<HR SIZE=»5″ WIDTH=»70%» COLOR=»red» ALIGN=»center»>:
<HR SIZE=»15″ WIDTH=»50%» COLOR=»#aaddff» ALIGN=»right» NOSHADE>:
Барои муайян кардани расми заминаи (background image) саҳифа нависед:
1. Дохили теги BODY, пеш аз рамзи >
BACKGROUND=»imagefile.ext»
ки дар ин ҷо imagefile.ext — роҳ, ном ва қисми изофагии файле, ки дар он расми замина нигоҳ дошта мешавад.
Ҳакимов Раҳматҷон
Манба: oftob.com