Иттилооти ададӣ

Ба дигарон равон намоед

Тавре медонем, калимаи «иттилоот» арабиасос буда, бештар ба калимаи байналмилалии «информатсия» — «information» наздик аст ва дар забони тоҷикӣ ба маъноҳои хабар, маълумот, баён ва ғайра истифода бурда мешавад.

Инсон иттилоотро ба воситаи тамоми узвҳои ҳисси худ аз муҳити атроф қабул карда, оид ба хосиятҳои ашёи он ҳар гуна маълумот мегирад. Маълумоти дастраснамудаи инсон метавонад нав ё куҳна бошад. Агар маълумоти дастраснамуда нав бошад, он гоҳ дониши инсон доир ба хосиятҳои ашёи афзун гашта, номуайяниҳои зеҳнии ӯ кам мешавад.

Иттилоот — маълумоти нав дар бораи ашёи муҳити атроф буда, коҳишдиҳандаи сатҳи номуайянии дониш доир ба хосиятҳои ашё мебошад.

Мафҳуми иттилоот пеш аз ҳама бо равандҳои иттилоотӣ — амалҳои дарёфт, қабул, нигахдорӣ, захирасозӣ, табдил, истифода, сабт ва ирсол алоқаманд буда, шартан ба намудҳои ададӣ, матнӣ, графикӣ, савту садоӣ ва чандрасонаӣ тақсим карда мешавад.

Дар ибтидо компютер, ки «мошини электронии ҳисоббарор» ном дошт, танҳо барои коркарди иттилооти ададӣ истифода мешуд. Гарчанде ҳоло компютер намудҳои гуногуни иттилоотро кор карда баромада тавонад ҳам, аммо мавқеи иттилооти ададӣ барои он хосса мебошад. Зиёда аз ин, тамоми намудҳои дигари иттилоот, пеш аз коркарди компютерӣ, ба намуди ададӣ (рақамӣ) табдил дода мешаванд.

Пас, иттилооти ададӣ чист? Иттилооти ададӣ, пеш аз ҳама, як намуди иттилоот мебошад. Вай аз рӯйи хосиятҳои умумиаш бо намудҳои дигари иттилоот монанд буда, аз рӯйи

вазифаҳояш аз онҳо фарқ мекунад. Иттилооти ададӣ — маҷмӯи додаҳои рақамӣ буда, ифодагари тавсифҳои миқдории объектҳои муҳити атроф мебошад.

Дар расми зерин миқдори доираҳо ба воситаи адади 6, миқдори тирчаҳо ба воситаи адади 4, қимати ифодаи римии XII ба воситаи адади 12 ва миқдори кунҷҳои секунҷа ба воситаи адади 3 ифода карда шудаанд.

Ба тавсифҳои миқдории объектҳои муҳити атроф — синну соли одамон, вазни ашё, миқдори объектҳо, захираҳои канданиҳои фоиданок, масоҳатҳои ҷангалзорҳо, нархномаҳои мағозавӣ, нишондодқои таҷҳизотҳо ва ғайраро дохил кардан мумкин аст.

Додаҳои рақамӣ — иттилооти ададиест, ки бо ёрии рақамҳо рамзбандӣ гардидаанд.

Дар хотираи комтгютер ҳар гуна итгалоот бо ёрии рамзҳои дуӣ — дар шакли занҷирҳои сифрҳо ва воҳидҳо (якҳо) нигоҳ дошта

мешавад. Дар расми тарафи рост раванди мазкур дар мисоли рамзбандии иттилооти графикӣ (мураббаъчаҳои сиёҳу сафед), матнӣ (ҳарфҳои А, Б, В) ва ададӣ (адади 254) хеле хуб тасвир карда шудааст.

Рамзбандии дуӣ чӣ тавр пайдо шудааст? Таърихан рамзбандии дуӣ ин тавр пайдо шудааст: одамон барои ба масофаҳои дур интиқол додани иттилоот, зиёда аз 100 сол муқаддам телеграфро ихтироъ кардаанд. Барои интиқол

додани итгалоот онҳо аз сим истифода мебурданд ва ададҳову ҳарфҳоро ба воситаи ду аломат — «нуқта» ва «тире» (• -) рамзбандӣ мекарданд, ки он алифбои Морзе ном гирифт.

Азбаски саҳеҳ ҷудо намудани сигналҳои дароз (тире) ва кӯтоҳ (нуқта) кори бисёр душвор аст, бинобар он, алифбои Морзе дар компютер татбиқ нагардид. Ба ҷойи он одамон усули боз ҳам содатарро фикр намуданд: сигнал ҳаст (1) ва сигнал нест (0). Ададҳои даҳӣ бошанд, дар ин маврид, дар компютер бо ёрии ададҳои дуӣ рамзбандӣ мегарданд:

0-0 (сифр),

1 -1 (як),

  • 10 (сифр-як),
  • 11 (як-як),
  • 100 (як-сифр-сифр),
  • 101 (як-сифр-як),
  • 110 (як-як-сифр),
  • 111 (як-як-як),

8 -1000 (як-сифр-сифр-сифр),

  • 1001 (як-сифр-сифр-як),
  • 1010 (як-сифр-як-сифр).

Ададҳои калонтарро компютер ба таври худкор ба рамзҳои дуӣ бармегардонад. Масалан, 1998 — 11111001110, 1999-11111001111,2000-11111010000.

Тавре маълум аст, хурдтарин воҳиди тасвири итгилоотро бит (сифр ва як) ва гурӯҳи ҳашт битро — байт мегӯянд. Ба воситаи як байт ададҳои даҳии аз 0 то 255, ба воситаи ду байт — аз 0 то 65535 ва ба воситаи се байт — аз 0 то 16 000 000-ро рамзбандӣ кардан мумкин аст.

Дарёфти иттилооти ададӣ — ин ба даст овардани маълумот ва додаҳои рақамӣ дар бораи хосиятҳо, сохтор ва алоқамандии миқдории объектҳои муҳити атроф мебошад. Ба хосиятҳои асосии иттилооти ададӣ — саҳеҳӣ, мукаммалӣ, муҳимӣ, рӯзмаррагӣ, дастрасӣ, кӯтоҳӣ ва фаҳмоӣ дохил мешаванд.

Ҳамин тариқ, бо пайдоиши мошинҳои электронии ҳисоббарор усулҳои компютерии коркарди иттилооти ададӣ низ оғоз ёфтааст. Яке аз ҳадафҳои асосии созандагони компютер — ихтирои ончунон таҷҳизоте будааст, ки он

мебоист ҳисоббарориҳои якхеларо бо суръати баланд иҷро карда тавонад. Дар воқеъ, дар рӯзгори мо компютерҳое рӯйи кор омадаанд, ки онҳо метавонанд ҳисоббарориҳои мураккабтаринро бо суръати бениҳоят баланд ва бо ҳаҷми калони додаҳои ададӣ иҷро намоянд.

Саволҳо:

  1. Иттилооти ададӣ чист? Он аз иттилооти матнӣ ва графикӣ чӣ фарқ дорад?
  2. Додаҳои рақамӣ чист?
  3. Рамзбандии дуӣ чӣ тавр пайдо шуда, дар амал татбиқ гардидааст?
  4. Кадом хосиятҳои иттилооти ададиро номбар карда метавонед?

Супориш:

Матни мавзӯъро мутолиа кунед ва таҳти номи «Иттилооти ададӣ» дар компютер нақли хаттӣ нависед.

Маводҳои ҳамсон