Иттилооти графикӣ

Ба дигарон равон намоед

Иттилооти графикӣ — маълумотест, ки дар шакли нақша, ангора, тасвир, график, диаграмма, аломат (рамз, иероглиф) пешниҳод шудааст. Фарқи асосии иттилооти графикӣ аз итгилооти матнӣ дар он аст, ки барои иттилооти графикӣ сохтани алифбои графикӣ ғайриимкон аст. Маҳз ҳамин фарқият боиси тафриқаи байни матни хаттии стандартӣ ва фаъолияти мусавварасозии муосир гаштааст.

Гарчанде ин ду навъи иттилоот ва соҳаҳои мувофиқи онҳо моҳиятан ба ҳам наздик бошанд ҳам, вале алифбои матнӣ, ҳамчун воситаи универсалии матнсозӣ, бо миқдори маҳдуди аломатҳои худ имконият фароҳам овардааст, ки ба воситаи он миқдори номаҳдуди матнҳои гуногун ташаккул дода шаванд. Дар соҳаи фаъолияти мусавварасозӣ бошад, ҳамин гуна номгӯи қатъии ҷузъҳо (аломатҳои алифбо) умуман вуҷуд дошта наметавонад. Воқеан, итгилооти графикӣ нисбат ба иттилооти матнӣ табиатан мафҳуми мураккаб мебошад.

Иттилооти графикӣ яке аз намудҳои иттилооти дидорӣ (визуалӣ) ба ҳисоб меравад. Ба иттилооти графикӣ — расмҳо, мусаввараҳо, осорҳо, лавҳаҳои тарғиботӣ, нақшаҳо, графикҳо, диаграммаҳо, харитаҳои географӣ, ангораҳо ва ғайра дохил мешаванд, Ю1 онҳоро объекгҳои графикӣ низ мегӯянд. Объектҳои графикӣ аз нуқтаҳо, хати рост, хати каҷ ва хати бурида (пунктир) иборат мебошанд. Онҳоро бо ёрии

қалам, мӯқалам, бӯр, фломастер, ранг ва дигар воситаҳои расмкашӣ дар болои коғаз, картон, тахтаи синфӣ, матоъ, санг, чӯб ва ғайра тасвир намудан имконпазир мебошад.

Иттилооти графикӣ инсониятро аз замонҳои қадимтарин то

даврони муосир пайваста думболагир намуда, якҷоя бо он рушд ёфтааст. Осорҳои аввалини иттилооти графикиро, ки бо ёрии сангҳои нӯгтез, ангиштсанг ва дигар афзорҳо иҷро гардидаанд, дар деворҳои ғорҳо, тахтасангҳо, боло ва танаи кундаҳо ва дигар барандагони иттилоот дарёфтан мумкин аст. Дар даврони мо бошад, барои офаридани иттилооти графикӣ одамон аз техникаи рақамӣ истифода мебаранд.

Дар экрани монитори компютер ончунон расмҳо, нақшаҳо ва мусаввараҳоро ҳосил намудан мумкин аст, ки онҳо аз гунаҳои коғазини бо ёрии қалам, ранг ва афзорҳои нақшакашӣ офаридаашон ягон зарра фарқе надоранд. Ин навъи иттилооти графикиро графикаи (графиксозии) рақамӣ ё компютерӣ мегӯянд.

Объектҳои тавассути графикаи рақамӣ (компютерӣ) офаридашударо натанҳо дар экрани компютер, балки дар коғаз низ чоп кардан мумкин аст. Ҳоло сифати расмҳои бо ёрии чопгарони ранга чопшавандаро ба сатҳи аксҳои бо ёрии дастгоҳҳои аккосӣ иҷрошуда боло бурдан имконпазир гаштааст.

Графикаи компютерии муосирро ба таври зайл табақабандӣ мекунанд:

  • Графикаи илмӣ — соҳаи графикаи компютерӣ, ки барои сохтани мусаввараҳои аз нуқтаи назари илмӣ тафсиршаванда пешбинӣ шудааст.
  • Графикаи конструкторӣ (таҷзияшаванда) — соҳаи графикаи компютерӣ, ки барои омодасозии нақшаҳои техникии дастгоҳҳои таҳияшаванда пешбинӣ шудааст. Ин навъи графика — афзори кории муҳандис-конструкторҳо, кормандони системаҳои худкори лоиҳакашӣ ва навоварони соҳаи техника мебошад.
  • Графикаи тавзеҳӣ — соҳаи графикаи компютерӣ, ки барои расмкашии озод (ихтиёрӣ) пешбинӣ шудааст.
  • Графикаи бадеӣ ва тарғибӣ — соҳаи нави графикаи компютерӣ, ки барои офаридани қитъаҳои (роликҳои) рекламавии телевизионӣ, филмҳои мултипликатсионӣ, бозиҳои компютерӣ, дарсҳо ва рӯнамоҳои видеоӣ пешбинӣ шудааст.
  • Аниматсияи компютерӣ — соҳаи графикаи компютерӣ, ки барои офаридани тасвирҳои ҳаракаткунанда пешбинӣ шудааст.
  • Графикаи фракталӣ — соҳаи зудрушдёбанда ва ояндадори графикаи компютерӣ, ки дар заминаи геометрияи фракталӣ (шаклҳои якхелаи геометрӣ) тасвирҳои сатҳи олӣ ҳосил карда мешаванд.

Замимаҳои графикаи компютерӣ низ ба мисли соҳаҳои татбиқи онҳо гуногунанд. Барои ҳар як соҳаи графикаи компютерӣ таъминоти барномавии махсус таҳия гардидааст, ки онҳоро бастаҳои барномаҳои графикӣ меноманд. Вобаста ба тарзи ташаккулёбии тасвирҳо графикаи компютериро ба графикаҳои растрӣ, векторӣ ва сеченака тақсим менамоянд.

  • Графикаи растрӣ — барои коркарди нашрияҳои электронӣ (чандрасонаӣ) ва полиграфӣ пешбинӣ шудааст (Paint, Microsoft Photo Editor, Adobe Photo Shop, Fractal Design Painter, Micrografx Picture Publisher). Рамзсозии тасвир дар графикаи растрӣ бо усули ба нуқтаҳои хурд (пикселҳо) тақсим намудани тасвир амалӣ гардонида шуда, ба ҳар як пиксел рамзи ранги он бахшида мешавад.
  • Графикаи векторӣ — барои сохтани тасвирҳои тарғиботӣ, ороишӣ (дизайнерӣ) ва нашриявӣ пешбинӣ шудааст (Corel Draw, Adobe Illustrator, Fractal Design Expression, Macromedia Freehand, AutoCAD). Дар графикаи векторӣ барои сохтани тасвир аз объектҳои примитивӣ (сода) — хати рост, хати каҷ, нуқта, росткунҷа, секунҷа, давра истифода гардида, андозаҳои онҳо бо ёрии формулаҳои математикӣ хдсоб карда мешаванд.

■ Графикаи сеченака — барои сохтан ва коркарди тасвирҳо дар соҳаҳои барномарезии муҳандисӣ, амсиласозии компютерии объектҳои воқеӣ, мултипликатсия, кинемотография ва бозиҳои компютерӣ пешбинӣ шудааст. Дар графикаи сеченака унсурҳои ҳам графикаи растрӣ ва ҳам векторӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Саволҳо:

  1. Кадом навъи иттилоотро иттилооти графикӣ меноманд? Вай аз иттилооти матнӣ чӣ фарқ дорад?
  2. Тасвирҳо чӣ тавр офарида мешаванд?

З.Оё одамони қадим низ аз иттилооти графикӣ бархӯрдор буданд? Чӣ тавр?

  1. Графикаи компютериро чӣ гуна маънидод кардан мумкин аст? Шарҳ диҳед.
  2. Барои чӣ графикаи компютериро табақабандӣ мекунанд?
  3. Кадом навҳои графикаи компютериро номбар ва маънидод карда метавонед?
  4. Аз рӯйи тарзҳои ташаккулёбии тасвирҳо графикаи компютериро ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд? Кадомқо?
  5. Графикаи растрӣ аз векторӣ ва сеченака чӣ фарқ дорад?

Супоришҳо:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат мутолиа намоед ва бо ёрии виростори матнии MS WordPad ҷадвале созед, ки дар он навъҳои графикаи компютерӣ ва барномаҳои графиксоз мувофиқан дар сатру сутунҳои зарурӣ ҷой дода шуда бошанд. Барои ҷадвали сохташуда матни мувофиқ интихоб намуда, санадро пурра гардонед ва парвандаи онро бо номи «Графикаи компютерӣ» сабт кунед.
  2. Парвандаи «Графикаи компютерӣ»-ро кушоед ва ба матни он ягон тасвир ё расмро илова карда, аз нав дар хотира нигоҳ доред.

Маводҳои ҳамсон