Иттилоот: намуд ва хосиятҳои он

Ба дигарон равон намоед

Мафҳуми иттилоот. Иттилоот мафҳуми хеле васеъ буда, охири асри гузашта устуворона ба таркиби луғавии забони муосири тоҷикӣ, ҳамчун синоними калимаи байналмилалии информатсия

ворид гаштааст. Мафҳуми информатсия аз калимаи лотинии «informatio» сарчашма гирифта, маънои маънидодкунӣ, фаҳмондадиҳӣ, баёнкунӣ, хабардоркунӣ ва ғайраро дорад. Калимаи иттилоот бошад, баромади арабӣ дорад. Калимаҳои дигари арабиасоси «хабар», «ахбор», «маълумот» ва ғайра баъзе паҳлӯҳои ин мафҳумро маънидод менамоянд. Сигнали ягон датчик ё бӯйи ягон таъомро низ иттилоот гуфтан мумкин аст.

Одамон иттилоотро ба ҳамдигар бо тарзҳои шифоҳӣ, хаттӣ ё дар намудҳои имову ишоратӣ ва ё аломатӣ мерасонанд. Инсон ҳар гуна иттилоотро аввал худаш дарк мекунад ва баъд онро ба дигарон мерасонад.

Мо иттилоотро аз китобҳои таълимию илмӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ва намойишномаҳои телевизиониву кинофилмҳо мегирем. Онро дар дафтар ё конспектҳоямон қайд менамоем.

Дар фаъолияти истеҳсолӣ мо иттилоотро дар намуди матну нақшаҳо, маълумотномаву ҳисоботҳо, ҷадвалҳо ва дигар намуди ҳуҷҷатҳо ба қайд мегирем, ё интиқол медиҳем. Чунин намуд иттилоотро бо ёрии компютер низ ба қайд гирифтан, кор карда баромадан ва интиқол додан мумкин аст.

Новобаста ба намуди тасвиршавӣ иттилоот ҳамеша маълумот дар бораи ягон шахс ё ягон чиз аст. Вай ҳодисаҳои дар ҳаёти мо аллакай рӯйдода ё рӯйдиҳандаро инъикос менамояд. Масалан, мо дирӯз кадом корҳоро анҷом додем ё пагоҳ бо чӣ корҳо машғул мешавем, мисолҳои иттилоот шуда метавонанд. Дар ин мавридҳо бояд иттилоот ҳатман дар ягон шакли мушаххас — ҳикоя, расм, мақола, шеър ва ғайра тасвир гардад ё ба қайд гирифта шавад. Асарҳои мусиқӣ ва тасвирӣ, китобу маҷаллаҳо, спектаклу кинофилмҳо — шаклҳои гуногуни тасвири иттилоотро ифода менамоянд.

Ҳамин тариқ, иттилоот дар ҳар шакле тасвир ёфта бошад, вай инъикоси дунёи воқеӣ ё хаёлӣ мебошад. Аз ин рӯ, иттилоотро ҳамчун инъикоси ҷаҳони моддӣ дар шакли аломатҳо тасвир ва сигналҳо ифода кардан мумкин аст. Вале ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки таърифи мутлақо аниқи иттилоот вуҷуд надорад. Вай ҳамчун мафҳумҳои нуқта ё ҳамворӣ дар геометрия ва ё адад дар математика мафҳуми ибтидоии информатика аст.

Иттилоот — ин маълумот дар бораи ягон ҳодиса, предмет, шахс, рӯйдод ва умуман муҳити атроф аст, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар ҳамон самти омӯзиш кам менамояд.

Бояд гуфт, ки иттилоот объекти моддӣ нест:

  1.  Ҳангоми аз як ҷой ба ҷойи дигар ирсол додани иттилоот вай дар ҷойи пешинааш низ боқӣ мемонад.
  2.  Барои ирсол додани иттилоот бояд вай тавассути ягон барандаи моддӣ тасвир карда шавад.
  3.  Новобаста ба намуди баранда миқдори иттилооти интиқолёфта бетағйир мемонад.

Тасвири моддӣ, энергетикӣ ва иттилоотии олам.

Инсоният дар тӯли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳои илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадомашон дар камолот ва худшиносии он нақши амиқ боқӣ гузоштаанд. Масалан, асри сангӣ ба пайдоиши аввалин олоти меҳнат сабаб гашт, ки заҳмати инсонро куллан дигаргун сохт. Асри биринҷӣ ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он дар дигаргуншавии моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ такони бузурге буд. Ва ҳамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодаи аробаю автомобил, асри барқ ба офариниш ва истифодаи энергияи беҳамтои барқӣ, асри ҳастаӣ (ядроӣ) ба инкишофи омӯзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ сабаб гаштаанд, ки онҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидаанд. Имрӯзҳо мо зуд-зуд дар хусуси асри иттилоотӣ сухан меронем.

Дар ҳақиқат асри XXI асри информатика ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди иттилоот баҳравар мегардад. Саҳми иттилоот дар қабули қарорҳои идоракунии истеҳсолот, ҷамъият, тафаккур ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра ба дараҷае меафзояд, ки он ба қатори ду омили ҳаётан муҳими дигар — модда ва энергия шомил мегардад. Омилҳои сегона, яъне модда-энергия-иттилоот ба зумраи он ғизоҳое табдил меёбанд, ки инсони қарни нав мазмуну мундариҷаи ҳаёт ва фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро дар такя ба онҳо ба низом медарорад.

Намудҳои иттилоот. Гарчанде инсон иттилоотро амалан бо тамоми узвҳои ҳиссиёти худ қабул намояд ҳам, вале ҳоло вай коркарди компютерии на ҳама намудҳои иттилоотро азхуд намудааст. Масалан, идроки эстетикӣ ё муносибати байни

одамон аз зумраи он қазияҳоеанд, ки коркарди компютерии онҳоро вақт интизор аст. Дар замони мо компютер дар коркарди намудҳои зерини иттилоот ба таври васеъ истифода бурда мешавад:

  •  иттилооти матнӣ;
  •  иттилооти ададӣ;
  •  иттилоот дар бораи таърихи рӯз ва вақт;
  •  иттилооти савту садоӣ;
  •  иттилооти графикӣ, аниматсия ва видеофилмҳо;
  •  иттилооти махсуси дуӣ.

Дар ибтидо компютер танҳо барои коркарди иттилооти ададӣ хизмат мерасонид. Вале ба зудӣ маълум гашт, ки имкониятҳои компютер хеле васеъ будааст. Аз тарафи дигар, набояд фаромӯш кард, ки имкониятҳои компютер беохир нест. Вай дар он соҳаҳое самараи хуб дода метавонад, ки истифодааш дар онҳо амалан собит гаштааст. Соҳаҳои татбиқи имрӯзаи технологияҳои компютерӣ намудҳои дар боло овардашудаи иттилоот ба ҳисоб мераванд. Мутаассифона, тараққиёти минбаъдаи техникаи компютерӣ танҳо ба коркарди ҳаҷми зиёдтари ҳамин намудҳои иттилоот меовараду халос.

Хосиятҳои иттилоот. Дарёфти иттилоот — ин ба даст овардани далел, маълумот ва додаҳо дар бораи хосиятҳо, сохтор ё алоқамандии объектҳо ва рӯйдодҳои муҳити атрофи мо мебошад. Мазмуни моддии иттилоот имкон медиҳад, ки хосиятҳои асосии он — саҳеҳӣ, мукаммалӣ, муҳимӣ, рӯзмаррагӣ (актуалӣ), аниқӣ, дастрасӣ, кӯтоҳӣ ва фаҳмоӣ равшан карда шаванд.

  1.  Иттилоот саҳеҳ (муътамад) ҳисоб карда мешавад, агар вай вазъи аслро мутлақо дуруст тасвир намояд. Иттилооти носаҳеҳ боиси хатофаҳмии рӯйдод ва қабули қарорҳои нодуруст мегардад.
  2.  Иттилоот мукаммал (пурра) шумурда мешавад, агар вай барои фаҳмиши вазъи асл ва қабули қарори дахлдор кифоя бошад. Нопуррагии иттилоот монеаи қабули қарорҳо ва сабаби роҳдиҳӣ ба хатоҳо мегардад.
  3. Муҳимии (арзандагии) иттилоот дар он зоҳир мегардад, ки бо ёрии он кадом масъалаҳо ҳал карда мешаванд.
  4.  Иттилоот рӯзмарра (замонавӣ, актуалӣ) ҳисобида мешавад, агар вай дар шароити доимо тағйирёбанда воқеиятро дуруст инъикос намояд.
  5.  Иттилоот фаҳмо (возеҳ, аён) шумурда мешавад, агар вай тарзе ифода шуда бошад, ки дастраси истифодабаранда бошад.
  6.  Иттилоот аниқ ҳисобида мешавад, агар вай дараҷаи беҳтари наздикии вазъи аслии объект, раванд ё рӯйдодро инъикос намояд.

Саволҳо:

  1. Иттилоот гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Мафҳумҳои иттилоот ва информатсия чӣ алоқамандӣ ва чӣ тафовут доранд? Ба фикри шумо кадоми онҳо мазмунан васеътар аст? Фикри худро маънидод кунед.
  3. Барои чӣ асри XXI-ро асри информатика ва ТИ меноманд?
  4. Кадом намудҳои иттилоот ва хосиятҳои онро медонед?

Супориш:

  1. Дар бораи мафҳуми иттилоот, намуд ва хосиятҳои он маълумот диҳед.
  2. Соҳаҳоеро номбар кунед, ки дар онҳо компютерро истифода мебаранд.

Доир ба тасвири моддӣ, энергетикӣ ва иттилоотии олам маълумоти зиёдтар ҷамъ кунед ва андешаҳоятонро дар шакли ҳикоя нависед.

Маводҳои ҳамсон