Компютери фардӣ

Ба дигарон равон намоед

Дар ибтидо компютерҳо ҳаҷман хеле бузург будаанд. Масалан, компютери ENIAC (соли 1946) 30 тонна вазн ва 30 метр дарозӣ доштааст. Баъдтар ширкатҳои компютер- истеҳсолкунанда бо истифода аз дастовардҳои нави технологӣ ба хурд гардонидани ҳаҷми компютерҳо шурӯъ карданд. Қадами аввалин дар хурдгардонии ҳаҷми компютер ба

ихтирои транзистор (соли 1948) вобаста аст. Транзисторҳо лампаҳои электрониро иваз карданд.

Соли 1958 Ҷек Килби усули дар як тахтачаи (пластинаи) нимноқилӣ насб намудани якчанд транзисторро кор карда баромад. Соли 1959 Роберт Нойс — асосгузори ширкати Intel (Интел), дар як тахтачаи беҳад хурд транзисторҳои хеле зиёдро ба ҳам пайваст, ки он «нақшаи интегралй» ё «чип» ном гирифт. Соли 1970 бошад, корманди ҳамин ширкат Маршиан Эдвард Хофф нақшаи интегралие ҳосил кард, ки он аз рӯйи вазифаҳояш ба протсессори марказии компютер монанд буд. Ин нақша микропротсессори Intel-4004 номида шуд, ки он 4 бит иттилоотро кор карда баромада метавонист.

Соли 1973 дар ширкати Интел микропротсессори 8-битаи Intel-8008 ва соли 1974 — Intel-8080 истеҳсол гардид. Дар заминаи Intel-8080 соли 1975 бо ташаббуси Генри Эдвард Робертс дар ширкати MITS компютери хурдҳаҷми Алтаир- 88000 сохта шуд, ки ҳаҷми он ба ҳаҷми телевизор баробар буд. Ин компютерро аввалин компютери фардӣ ҳисобидан мумкин аст. Имкониятҳои Алтаир-8800 хеле ночиз буд, он сафҳакалид ва экран надошт. Ҳаҷми хотираи фаврии он ҳамагӣ 256 байтро ташкил медод. Асосгузорони ширкати Microsoft (Майкрософт) Пол Аллен ва Билл Гейтс худи ҳамон сол барои Алтаир-8800 тафсиркунандаи (интерпретатори) забони Basic (Бейсик)-ро сохтанд.

Эзох: Тафсиркунанда — барномаи системавӣ буда, барои тафтиши ғалатҳо ва иҷрои дастурҳои барномаи дар забони алгоритмӣ сохташуда хизмат мерасонад.

Транзистор Нақшаи интеграли Алтаир 8800 IBM PC 5150

Компютери IBM PC.

Фавқулода зиёд паҳн гаш- тани компютерҳои фардӣ талаботро ба компютерҳои бузург ва миёна коҳиш дод. Ширкати IBM (Inter- national Business Machines Corporation), ки истеҳсол-

кунандаи пешбари компю- микрокомпютери IBM PC

терҳои бузург ба ҳисоб ме-

рафт, ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурӯъ кард. Соли 1981 дар заминаи микропротсессори 16-разрядаи Intel-8088 аввалин компютери IBM PC (Ай-Би-ЭМ Пи-Си) сохта шуд. PC мухтасари калимаҳои англисии personal computer (компютери фардй) мебошад. Ҳоло IBM PC стандарти компютерҳои фардӣ ба ҳисоб рафта, қариб дар тамоми ҷаҳон истеҳсол карда мешавад. Сохтани нармабзори ин компютерро ширкати Microsoft ба дӯши худ гирифтааст. IBM PC асосан дар ду шакл -рӯйимизӣ ва портативӣ (notebook — ноутбук) истеҳсол карда

мешавад.

Компютери кисагӣ (органайзери электронӣ ё палмтоп) яке аз намудҳои микрокомпютер ба ҳисоб меравад.

Онро PDA (Personal Digital Assistant) — «котиби рақамии фардй» низ мегӯянд.

Ин гуна компютерҳо микропротсессори бениҳоят сарфакор ва хотираи камҳаҷм доранд. PDA то 200 грамм вазн дошта, бо ёрии экрани начандон калонаш идора карда мешавад. Дастурҳоро бо ёрии ангуштони даст ё қалами махсус (стилус) ворид мекунанд. Қисми зиёди компютерҳои кисагӣ вазифаи телефони

ҳамроҳро низ иҷро мекунанд. Онҳо бо модули иртиботй

36

муҷаҳҳаз буда, имконияти аз нуқтаи дилхоҳ бо шабакаи Интернет пайваст шуданро доранд. PDA барои нигаҳдории суроғаҳо, рақами телефонҳо ва бозиҳои компютерӣ низ созгор аст.

Компютери шабакавӣ (netbook — нетбук) солҳои 90-уми асри XX рӯйи кор омада, барои бо шабакаҳои компютерӣ кор кардан пешбинӣ шудааст. Барои ин намуди микрокомпютерҳо

хотираи дискӣ ва дисқцон он қадар муҳим нест. Системаи амалиётй, барномаҳо ва ҳар гуна иттилоотро худи компю- тер ба таври худкор аз шабака ҷустуҷӯ карда, мавриди исти-

фода қарор медиҳад.

Планшет намуди дигари микрокомпютер ба ҳисоб рафта, аз рӯйи иқтидор дар байни нет- бук ва PDA қарор до- рад. Планшет аз теле- фони ҳамроҳ ҳаҷман калонтар аст, вале тарзи истифода, во- ридкунии иттилоот ва

якхелаанд. Сафҳакалид ва тугмаҳои системавиро бо таъсири ангушт ё стилус дар экран намудор ва мавриди истифода қарор додан мумкин аст. Норасоии ягонаи планшет дар номусоид будани сафҳакалиди электрониаш аст. Планшет аз ҷиҳати нарх, вазн, ҳаҷм ва масоҳат нисбат ба дигар компютерҳои фардӣ барои истифода созгортар мебошад. Дар назар аст, ки планшет ба яке аз ҷузъҳои асосии ҷузвдони хонандагон табдил ёбад.

Смартфон як навъ телефони ҳамроҳ буда, баъзе имконият ва хосиятҳояш ба компютери фардӣ хеле монанд аст. Ин

дастурҳо дар ҳар ду маврид қариб

дастгоҳ низ ба мисли компютер хотира дошта, таҳти ягон системаи ама- лиётй, масалан Android,

IOS, Symbian, MS Windows ва ғайра кор карда метавонад. Аз ин рӯ, бо ёрии он на танҳо

гуфтугӯи теле-фонй, расмгирӣ ё радиошунавй, балки дилхоҳ амалеро анҷом додан мумкин аст, ки онҳо аслан хосси компютер мебошанд. Дастрасӣ ба Интернет ва хадамоти гуногуни шабакавӣ вазифаи муқаррарии смартфон ба ҳисоб меравад. Ба воситаи сафҳакалиди маҷозӣ ва экрани сенсории смартфон матнҳои начандон калонро дар шакли паёмакҳо бо ёрии почтаи электронӣ равон ва қабул кардан мумкин аст.

Кӯшишҳои хурдгардонии андозаи компютерҳои фардй, ки охири асри гузашта оғоз шуда буд, ҳоло низ давом дорад. Масалан, ширкати Lonvo бо номи Ideacentre Stick 300 компютере пешниҳод намудааст, ки андозаи он ба андозаи флэшкорт баробар буда, ба дилхоҳ монитор, телевизори муосир, муш ва сафҳакалид имконияти пайваст шуданро доро мебошад. Ширкати Quanta (Тайван) бошад, дар пойгоҳи СА MS Windows 10 компютере сохтааст, ки он ҳам дорои имкониятҳои зикршуда буда, андозааш ба андозаи барқ- пуркунаки (зарядник) телефони ҳамроҳ мебошад.

Саволҳо:

  1. Кадом омилҳо сабабгори хурд гаштани ҳаҷми компютерҳо шудаанд?
  2. Транзистор каӣ ихтироъ шудааст? Нақшаи интегралӣ чй?
  3. Микрокомпютери аввалин чӣ ном дошт?
  4. Дар аввалин компютери IBM PC кадом микропротсессор истифода шудааст?
  5. Намудҳои муосири компютерҳои фардӣ кадомҳоянд? Супориш:
  6. Матни мавзӯи дарсиро бодиққат хонед ва дар мавзӯи «Компютерҳои фардии муосир» дар ҳаҷми як саҳифа ҳикоя нависед.

Маводҳои ҳамсон