Компютерҳои фардӣ

Ба дигарон равон намоед

Компютерҳои насли якум (солҳои 1940-50- ум) таҷҳизоти хеле бузург буданд. Барои ҷо ба ҷо гузоштани қисмҳои онҳо толорҳои васеъ лозим буд. Масалан, аввалин МЭҲ — ENIAC (Эниак, 1946) 30 тонна вазн дошта, зиёда аз 30 метр дарозӣ ва нархаш ба 1,5 миллион

доллар баробар буд. Барои хизматрасонии ин компютер даҳҳо нафар муҳандисону техникҳо заҳмат мекашиданд. Албатта, чунин муъҷиза танҳо дастраси корхонаҳои калон ва тавоно буда метавонист.

Ширкатҳое, ки ба истеҳсоли компютерҳо ва дигар таҷҳизоти электронӣ сару кор доштанд, барои ба даст овардани бозори харидорон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки маҳсулоташонро зудтар истеҳсол намоянд ва арзонтар фурӯшанд. Барои амалӣ гаштани ин мақсади онҳо дастовардҳои технологии замонавӣ мусоидат менамуданд.

Қадами аввалин дар хурдгардонии ҳаҷми компютерҳо ба ихтирои транзисторҳо (1948) вобастагӣ дорад. Транзисторҳо дар компютерҳо лампаҳои электрониро иваз намуда, ҳаҷм ва нархи онҳоро тағйир доданд. Масалан, соли 1965 ширкати Digital Equipment (Диҷитал экюпмент) мини-компютери PDP-8 (Пи-ди-пи 8)-ро истеҳсол намуд, ки ҳаҷми он баробари яхдон буда, нархаш 20 ҳазор долларро ташкил медод.

Соли 1958 Ҷек Килби усули дар як тахтаи (пластинаи) нимноқилӣ ҳосил намудани якчанд транзисторро кор карда

баромад. Соли 1959 бошад, Роберт Нойс — асосгузори ширкати Intel (Интел) усули мукаммалтареро фикр кард, ки мувофиқи он дар як тахтача ҳам транзисторҳо ва ҳам пайвастагиҳои байни онҳоро сохтан мумкин буд. Нақшаҳои электронии ҳосилшударо схемаҳои интегралӣ ё чипҳо мегуфтанд.

Соли 1970 корманди ширкати Intel Маршиан Эдвард Хофф нақшаи интегралиеро ҳосил намуд, ки он аз рӯйи вазифаҳояш ба протсессори марказии компютерҳои калон монанд буд. Ҳамин тариқ, аввалин микропротсессори Intel-4004 пайдо шуд, ки он якбора 4 бит иттилоотро кор карда баромада метавонист. Вале баъдтар, соли 1973 ширкати Intel микропротсессори 8-битаи Intel-8008 ва соли 1974 намунаи мукаммалтари он Intel- 8080-ро истеҳсол намуд. Пас аз як сол, соли 1975, аз тарафи ширкати MIT  дар асоси микропротсессори Intel-8080 аввалин микрокомпютери Алтаир-88000 сохта шуд, ки нархи он 500 доллар буд. Компютери Алтаир-8800-ро аввалин компютери фардӣ номидан мумкин аст, ки ҳаҷми он ба ҳаҷми телевизор баробар буд.

ЭЗОҲ: Ёдовар мешавем, ки бит (bit — binary digit — рақами дуӣ) воҳиди хурдтарини баҳисобгирии иттилоот буда, қимати он ба 0 ё 1 баробар аст. Пайдарпайии 8 битро байт (byte) мегӯянд. Дар як байт метавон яке аз 256 рамзи гуногунро рамзгузорӣ кард.

Албатта, имкониятҳои Алтаир-8800 хеле ночиз буданд. Ҳаҷми хотираи фаврии он ҳамагӣ 256 байтро ташкил менамуд. Ин компютер сафҳакалид ва экран надошт. Лекин пайдоиши онро дар тамоми ҷаҳон бо қаноатмандӣ пешвоз гирифтанд. Танҳо дар зарфи якчанд моҳи аввал даҳҳо ҳазор чунин мошин фурӯхта шуд. Харидорон компютерро худашон бо қисмҳои иловагӣ — сафҳакалид, монитор, блоки хотираи васеъкардашуда ва ғайра пурра мегардониданд. Худи ҳамон сол (1975) асосгузорони ширкати Micro oft (Майкрософт) Пол Аллен ва Билл Гейтс барои Алтаир-8800 тафсиркунандаи

(интерпретатори) забони BA IC (Бейсик)-ро сохтанд, ки вай робитаи байни корбар ва компютерро хеле осон гардонид.

ЭЗОҲ: Тафсиркунанда — барномаи системавӣ буда, барои тафтиши синтаксиси барномаи дар забони алгоритмӣ сохташуда ва иҷрои дастурҳои (операторҳои) он хизмат мерасонад.

Муваффақиятҳои ширкати MIT -ро дида, ширкатҳои дигар низ ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурӯъ намуданд. Акнун компютерҳои фардӣ дар дастаи пурра (блоки системавӣ, сафҳакалид, монитор) фурӯхта мешуданд. Талабот ба онҳо хеле зиёд буд. Дар як сол садҳо ҳазор компютер фурӯхта мешуд. Барои ин компютерҳо барномаҳои тиҷоратии соҳавӣ (шартномавӣ) низ пайдо шуданд. Масалан, соли 1978 барои таҳрир кардани матнҳо барномаи Word tar (Вордстар), барои коркарди ададҳо бошад, протсессори ҷадвалии Vi iCalc (Визикалк) сохта шуданд, ки онҳо мисолҳои ҳамин гуна барномаҳо мебошанд. Акнун аксар корхона ва ташкилот ҳисоббарориҳои худро на дар мошинҳои калон ё миёна (мини- МЭҲ), балки маҳз дар компютерҳои фардӣ (микро-МЭҲ) иҷро менамуданд.

Компютерҳои IBM PC. Дар охири солҳои 70-уми асри гузашта ба таври фавқулодда зиёд паҳн шудани компютерҳои фардӣ сабабгори коҳишёбии талабот ба компютерҳои синфҳои миёна ва калон гашт. Ширкати IBM (International Bu ine   Machine  Corporation), ки ширкати пешбари истеҳсолкунандаи компютерҳои калон ба ҳисоб мерафт, аз ин ҳодиса ба ташвиш афтод. Ин ширкат соли 1979 қарор дод, ки ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурӯъ намояд.

Вале роҳбарони ширкат ба аҳаммияти беандоза бузург доштани бозори ин соҳа баҳои сазовор надода, истеҳсоли компютерҳои фардиро ҳамчун як амалиёти хурд, аз қабили сохтани ягон ҷузъи нав, ба нақша гирифтанд. Барои он ки ба лоиҳаи мазкур маблағи зиёд сарф нашавад, ширкат ба гурӯҳи

масъул озодии гӯшношунидро фароҳам овард. Иҷозат дод, ки компютер аз «сифр» сохта нашуда, балки дастовардҳои ширкатҳои дигар дар он татбиқ карда шаванд. Хушбахтона, гурӯҳи корӣ аз ин фурсати хеле мувофиқ ва мусоид ба пуррагӣ истифода бурда тавонист.

Пеш аз ҳама, ба сифати микропротсессори марказии компютер микропротсессори навтарини 16-разрядаи Intel-8088 интихоб карда шуд. Истифода бурдани ин микропротсессор имконият дод, ки бо хотираи ғунҷоишаш 1 мегабайт (220 байт) кор бурда шавад. Компютерҳои фардии пешин танҳо бо ҳаҷми хотираи то 64 килобайт (1 килобайт = 210 байт) кор карда метавонистанд. Дар компютерҳои нав инчунин қисмҳои иловагии аз тарафи ширкатҳои дигар истеҳсолшуда истифода бурда мешуданд. Таъминоти барномавии компютер бошад, ба дӯши ширкати дар он вақт начандон калони Micro oft (Майкрософт) бор карда шуд.

Моҳи августи соли 1981 компютери нав бо номи IBM PC (Ай- Би-ЭМ Пи-Си) ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шуд ва он ба зудӣ маҳбуби истифодабарандагон гашт. PC мухтасари (аббревиатураи) калимаҳои англисии Per onal Computer мебошад, ки тарҷумааш компютери фардӣ аст. Пас аз ду соли пайдоиш IBM PC дар бозори ҷаҳонии компютерҳои фардӣ ҷойи аввалро ишғол намуд ва мавқеи компютерҳои 8-битаро тамоман танг кард.

Ҳоло IBM PC стандарти ҷаҳонии компютерҳои фардӣ ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 90 фоизи тамоми компютерҳои фардии истеҳсолшавандаро IBM PC ва компютерҳои ба он монанд ташкил медиҳанд.

Компютери IBM PC аз қисмҳои асосии зерин иборат аст:

1 блоки системавӣ, В экран, & сафҳакалид,   принтер (чопгар), ^ муш. Вобастагӣ ва алоқамандии ин қисмҳоро мухтасар дар намуди нақшаи зерин нишон додан мумкин аст:

Экран

Сафҳакалид

Чопгар

Блоки системави

Тавре аз расм дида мешавад, IBM PC ҳамчун таҷҳизоти ягона сохта нашуда, балки аз қисмҳои алоҳидаи мустақил иборат аст. Ин усули сохтани компютер имконият медиҳад, ки қисмҳои алоҳидаи вай дар вақти дилхоҳ такмил дода шаванд ва ҳатто таҷҳизоти нав ба он пайваст карда шавад. Чунин усули пайвастани қисмҳои компютерро ширкати IBM на танҳо махфӣ нигоҳ надошт, балки баръакс, онро дастраси ҳамагон гардонид. Ин ғоя, ки сабки кушодасохт (принсипи архитектураи кушода ё ошкор) ном дошт, дар радифи афзудани арзишҳои IBM PC худи ширкати IBM-ро аз яккаҳукмронӣ ба ин навъи компютер абадан маҳрум сохт. Агар IBM PC низ ба мисли дигар компютерҳои онвақта дар муҳити махфӣ сохта мешуд, он гоҳ пас аз 2-3 сол кӯҳна гашта, то имрӯз дар ёди ягон кас боқӣ намемонд.

Имрӯз номи IBM PC маънои онро надорад, ки ин ком- пютерро танҳо ширкати IBM сохтааст. Қисми зиёди чунин компютерҳо дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва дигар мамолики ҷаҳон истеҳсол карда мешаванд. Аз сабки кушо-

дасохти IBM PC беш аз ҳама истифодабарандагон бурд карданд. Онҳо имконият пайдо намуданд, ки компютерҳои шаклан ва иқтидоран гуногунро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд. Ҳоло IBM PC асосан дар ду намуд — рӯйимизӣ ва ҳамроҳ (NoteBook — Дафтарча) истеҳсол карда мешавад. Новобаста ба

намуди зоҳириашон компютерҳои IBM PC ҳамеша аз ҷузъҳои якхела иборатанд. Чун анъана дар онҳо блоки системавӣ, сафҳакалид ва монитор доимо мавҷуд аст. Вақтҳои охир ба дастаи асосӣ манипулятори «муш» ва чопгар (принтер) низ дохил карда шудаанд.

Вазифаи муш дохилкунии фаврии фармонҳо мебошад. Вай барои расмкашӣ дар экран низ воситаи хеле муфид ва созгор ба ҳисоб меравад. Бо ёрии чопгар бошад, матни санадҳо ва расму графикҳо дар коғаз чоп карда мешаванд.

Ба дастаи IBM PC ҳамчунин модемро низ дохил намудаанд, ки вай ба воситаи хати телефон алоқаи байникомпютериро таъмин менамояд. Модемҳо дохилӣ ва берунӣ мешаванд. Модемҳои дохилӣ дар блоки системавӣ ҷойгир буда, берунӣ — дар шакли таҷҳизоти алоҳида бо компютер пайваст карда мешавад.

Саволҳо:

  1. Кадом омилҳо сабаб гаштанд, ки ҳаҷми компютерҳо хурд ва нархашон паст гардад?
  2. Транзистор кай ихтироъ шудааст?
  3. Нақшаи интегралӣ чист?
  4. Микрокомпютери аввалин чӣ ном дошт?
  5. Чаро микрокомпютерро компютери фардӣ мегӯянд?
  6. Сабабҳои ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурӯъ намудани ширкати IBM кадомҳоянд?
  7. Аввалин компютери фардии ширкати IBM чӣ ном дошт?
  8. Дар компютерҳои IBM PC кадом микропротсессорҳо истифода шудаанд?
  9. Қисмҳои асосии IBM PC кадомҳоянд?
  10. Моҳияти сабки кушодасохт дар чист?
  11. Компютерҳои IBM PC-ро кадом мамлакатҳо ва дар чанд намуд истеҳсол менамоянд?
  12. Ба компютерҳои IBM PC кадом таҷҳизоти берунаро пайваст кардан мумкин аст?
  13. Модемҳои дохилӣ аз модемҳои берунӣ чӣ фарқ доранд?

Супориш:

  1. Аз матни мавзӯъ истифода бурда, ҳодисаҳои таърихиро дар шакли ҷадвал ба таври хронологӣ биёред.
  2. Нақшаи алоқамандии қисмҳои IBM PC-ро дар дафтаратон кашед ва онро маънидод намоед.

Дар синфхонаи компютерӣ оид ба ҳар як қисми IBM PC ба омӯзгор ва ҳамсабақон фикратонро баён созед.

Маводҳои ҳамсон