Компютер — мошини ҳамакор

Ба дигарон равон намоед

Имкониятҳо ва хосиятҳои комтотер.

Компютеу пеш аз ҳама як намуд мошин аст. Он ~:ш бо дигар мошинҳои дар рӯзгори хонаву мактаб, нақлиёту истеҳсолот ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт истифодашаванда хеле монанд аст. Масалан, компютер низ чун дигар мошинҳо бо ёрии шабакаи барқӣ ё аккумулятор кор мекунад. Он низ аз якчанд қисми ба ҳам алоқаманд иборат аст ва барои иҷрои ягон мақсади муайян хизмат мерасонад. Маҳз дар чунин шакл тасвиркунии компютер онро бо автомобил, телевизор, дарзмол, мошини сартарошӣ ё плитаи хӯрокпазӣ хеле монанд месозад. Вале дар баробари монандӣ компютер боз дорои хосиятҳои махсусе мебошад, ки вайро аз дигар мошинҳо ба куллӣ фарқ мекунонанд.

Хосияти аз ҳама асосии компютер — ин суръати беандоза баланди ҳисоббарории он мебошад. Худи мафҳуми компютер низ бо ҳамин хосияташ бештар алоқаманд аст: computer — ҳисоббарор. Тасаввур кунед, ки компютерҳои аввалин дар як сония метавонистанд садҳо ҳазор ададро бо ҳам ҷамъ созанд. Компютерҳои ҳозиразамон бошанд, метавонанд дар як сония миллиард ва аз он зиёдтар ададро ҷамъ намоянд. Аслан, вақте сухан дар бораи зудкории компютер меравад, ҳатто аз ченаки сония низ истифода намебаранд. Дар чунин мавридҳо аз ченакҳои микросония ё наносония истифода мебаранд.

1 сония = 1 миллион микросония = 1 миллиард наносония

Компютерҳо дар баробари хеле зудкор буданашон боз таҷҳизоти беандоза боэътимод ба ҳисоб мераванд. Масалан, шахсе, ки бо ёрии қаламу коғаз баъзе ҳисобкуниҳоро анҷом доданӣ аст, метавонад дар давоми як соат як ё якчанд ғалат содир намояд. Пас аз якчанд соати корӣ ӯ аз ҷиҳати хастагӣ метавонад ба содир намудани миқдори зиёдтари ғалатҳо роҳ диҳад. Фарқи компютер аз инсон дар он аст, ки вай ҳисоббарориҳоро зудтар ва аниқтар иҷро менамояд ва якчанд соат ё ҳатто рӯзҳо бетанаффус кор карда, “аз хастагӣ шикоят намекунад.”

Дигар арзиши хеле муҳими компютер аз он иборат аст, ки вай имконияти қабул кардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани иттилооту фармонҳоро дорад. Ин хосияти компютер онро ба мошини беҳамто ва бемисл табдил медиҳад. Оё шумо ягон мошини дигарро номбар карда метавонед, ки вай чунин хосиятро доро бошад? Магар мошини муқаррарии чопгари механикӣ ё барқӣ метавонад пагоҳ матни имрӯз чопнамудаашро ба хотир орад? Албатта, ҳеҷ гоҳ на! Аммо компютер ба ин кор қодир аст. Вай бо ёрии як ё якчанд фармон метавонад чунин матнро даҳҳо маротиба ва барои даҳҳо шахси гуногун барқарор намояд.

Хосияти марказӣ ва муҳимтарини компютер — ин таҷҳизоти электронӣ будани он аст. Маҳз ба ҳамин сабаб ва асосан барои дар ҳисоббарориҳо истифода шуданаш онро дар ибтидо мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ном мебурданд. Компютер ҳамаи супоришҳоро бо ёрии барномаҳо ба таври худкор, яъне бе иштироки одам иҷро менамояд. Идоракунии аксарияти мошинҳои ғайри-МЭҲ бошад, асосан ба уҳдаи инсон гузошта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки компютерҳои даврони мо на танҳо механизмҳои ҳисоббарории одӣ, балки мошинҳои ҳамакор (универсалӣ) мебошанд. Ҳамакории компютерҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо бо иттилооти табиати гуногундошта (матнӣ,

графикӣ, савту садоӣ, чандрасонаӣ) ва масъалаҳои ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт дахлдошта сару кор доранд.

Заминаҳои пайдоиши компютер. Ба саволи «Компютери аввалинро кӣ сохтааст?» ҷавоб додан хеле душвор аст. Гап дар он аст, ки компютер ихтирои як шахс нест. Компютер таҷассумгари ғояҳои олимон ва муҳандисони давру замонҳои гуногун ба ҳисоб меравад, ки онҳо дар пешбурди техникаи ҳисоббарор садсолаҳо заҳмат кашидаанд. Пешрафти техникаи ҳисоббарорро ҳамеша талабот ба ҳисоббарориҳои фаврӣ ва аниқ муайян месохт. Ин талабот омиле буд, ки он доимо техникаи ҳисоббарорро мукаммал мегардонид. Ин раванд ҳоло ҳам рӯзмарра буда, аҳаммияти аввалаи худро гум накардааст.

Маълум аст, ки пеш аз телевизорҳои рангаи аълосифати имрӯза телевизорҳои одии сиёҳу сафед (монохромӣ) ихтироъ шуда буд. Аммо пас аз гузашти муддате ҳатман ин телевизорҳо низ ба телевизорҳои боз ҳам олитар иваз хоҳанд шуд. Айнан ҳамин тавр компютерҳои ҳозиразамонро танҳо зинаи аввали офариниши компютерҳои баркамол ва ақлонӣ ҳисобидан мумкин аст. Вале мо бояд бидонем, ки заминаҳои пайдоиши компютерҳои имрӯза кадомҳоянд.

Инсон дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ ба таҷҳизоти ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ дошт. То пайдоиши аввалин намунаҳои таҷҳизоти ҳисоббарорӣ, ҳазорҳо сол муқаддам одамон барои эҳтиёҷоти хоҷагии худ ҳангоми

ҳисоббарориҳо аз ангуштон, сангчаҳо, чӯбчаҳо, ресмонҳои гиреҳдор, тасмаҳои сӯрохдор ва ғайра истифода мебурданд.

Бо зиёдшавии ҳаҷми ҳисоббарориҳо инсон ба ҷустуҷӯи тарзҳои нави иҷрои онҳо ва ихтирои асбобҳои ҳисоббарорӣ шурӯъ намуд. Яке аз асбобҳои қадима ва хеле машҳур чӯт (счёт) ба ҳисоб меравад. То имрӯз касе аниқ гуфта наметавонад, ки чӯт кай ва дар куҷо пайдо шудааст. Таърихшиносон бар он ақидаанд, ки чӯт тақрибан 2000-5000 сол муқаддам дар Хитойи қадим ё Мисри қадим ва ё Юнони қадим сохта шудааст. Аз ин асбоби ҳисоббарорӣ то ҳол низ дар бисёр мамлакатҳо истифода мебаранд.

Пас аз пайдоиши чӯт дар тӯли якчанд садсолаи дигар низ асбобҳои ҳисоббарорӣ хеле сода буданд. Вале дар ибтидои асри XVII мутахассисони соҳаҳои физика ва астрономия ба зарурати ҳисоббарориҳои мураккаб ва калонҳаҷм рӯ ба рӯ гаштанд. Барои ҳамин ҳам ин аср асри татбиқи васеи илми математика дар дигар соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Талабот ба мошинҳое, ки ҳаҷми калони ҳисоббарориҳоро дар муддати кӯтоҳ, бо саҳеҳияти баланд иҷро карда метавониста бошанд, рӯз то рӯз меафзуд.

ҷамъ ва тарҳро иҷро карда метавонист. Вале бояд зикр намуд, ки ҳам чӯт ва ҳам мошини Паскал имкониятҳои маҳдуди ҳисоббарорӣ доштанд. Набудани асбоби

ҳисоббарорие, ки супоришҳоро зуд ва аниқ иҷро мекарда бошад, ба он овард, ки қисми зиёди таҷрибаҳои гузошташуда ё умуман иҷро нашуда мемонданд ё барои иҷрояшон моҳҳо ва

Соли 1642 математики 19-солаи фа- ронсавӣ Блез Паскал (1623-1662) дар ҷа- ҳон аввалин шуда мошини ҳисоббарории механикиро (арифмометр) ихтироъ на- мудааст, ки он бо ададҳои даҳӣ амалҳои

ҳатто солҳо лозим меомад.

Барои сохтани асбоби мукаммалтар

зиёда аз 50 сол лозим шуд. Соли 1694 ма-

тематики барҷастаи немис Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс (1646-1716) мошини ҳисоббарории навбатиро сох- тааст. Имкониятҳои ҳисоббарории мо- шини Лейбнитс аз мошини Паскал дида зиёдтар ва аз рӯйи сохт низ мураккабтар буд. Мошини Лейбнитс на танҳо чор амали арифметикӣ — ҷамъ, тарҳ, зарб ва

тақсимро иҷро карда метавонист, балки он аз решаи квадратӣ низ ададҳоро бароварда метавонист. Вале ин мошин низ талаботи рӯзафзуни ҳисоббарориҳои математикиро қонеъ гардонида натавонист. Тақрибан пас аз 100 сол боз масъалаи сохтани мошини ҳисоббарории мукаммалтар пеш омад.

Саволҳо:

  1. Компютер бо дигар мошинҳо чӣ монандӣ дорад?
  2. Хосиятҳои фарқкунандаи компютер аз дигар мошинҳо дар чист?
  3. Компютерҳои ҳозиразамон тақрибан дар як сония чӣ қадар амалро иҷро карда метавонанд?
  4. Боэътимодии компютер чӣ маъно дорад?
  5. Компютер вазифаҳои дар наздаш гузошташударо чӣ тавр иҷро мекунад?
  6. Одамони қадим аз кадом таҷҳизоти ҳисоббарорӣ истифода мебурданд?
  7. Чӯт кай ва дар куҷо сохта шудааст?
  8. Саҳми Б. Паскал дар пешбурди соҳаи ҳисоббарорӣ дар чист?
  9. Арифмометри Г. Лейбнитс аз арифмометри Б. Паскал чӣ фарқ дошт?

Супориш:

  1. Вазифаҳо ва хосиятҳои компютерро бо вазифаҳо ва хосиятҳои телевизор, мошини барқии чопкунӣ ва автомобил муқоиса намоед.
  2. Бо ёрии ресмон, сангчаҳо ва тасмаҳои аз варақ сохташуда асбобҳои ҳисоббарорӣ созед.
  3. Мавзӯъро бодиққат хонед ва доир ба фаъолияти эҷодӣ ва мошинҳои ҳисоббарории Блез Паскал ва Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс ҳикоя нависед.

Маводҳои ҳамсон