КОМПЮТЕР

Ба дигарон равон намоед

Компютер воситаи коркарди иттилоот. Кашфи инқилобии асри XX ихтирои компютер ба ҳисоб меравад. Компютер ҳам барандаи иттилоот ва ҳам воситаи дастрасӣ ба он аст. Компютер метавонад тавассути хатҳои алоқаи телефонй, радиой, нурй, кайҳонӣ ва шабакавӣ бо истифода аз иттилоот ба кори дастгоҳи дилхоҳи истеҳсолӣ таъсир расонад.

Компютер таҷҳизотест, ки тавассути иҷрои пайдарпайи дастурҳои барояш фаҳмо ба таври худкор иттилоотро аз як шакл ба шакпи дигар табдил медиҳад.

Офариниши компютер бо олитарин комёбиҳои инсон, аз қабили кашфи оташ, ихтирои чарх, бунёди механизмҳои буғй, азхудкунии қувваи барқ ва истифодаи энергияи ҳастаӣ (ядроӣ) дар як поя қарор гирифтааст. Агар мошинҳои маъмулӣ имкониятҳои ҷисмонии инсонро васеъ гардонида бошанд, компютер неруи зеҳнии ӯро баланд бардоштааст.

Компютер аз қисмҳои ба ҳам алоқаманди техникӣ (сахтафзор — hardware) ва барномавӣ (нармафзор — software) иборат буда, барои иҷрои амалҳои одитарини арифметикй, мантиқӣ ва воридоту содироти иттилоот пешбинӣ шудааст. Тарзи кори компютер ба тарзи кори майнаи инсон хеле шабоҳат дорад. Дар ҳар ду маврид ҳам иттилоот аз берун ворид мегардад ва дар ягон қисми муайяни хотира нигоҳ дошта мешавад. Баъди коркард иттилоот дар шакли (мазмуни) нав дигарбора ба берун интиқол дода мешавад.

Байни майнаи сари инсон ва компютер тафовут низ вуҷуд дорад. Майнаи инсон дорои хосиятҳои биологие мебошад, ки онҳо хосси мошинҳо нестанд. Муҳимтарин қобилияти майнаи инсон он аст, ки ваӣ масъалаи гузошташударо бо тарзҳои гуногун ҳал карда метавонад. Барои иҷрои ҳалли компютерии масъала бошад, дастуру супоришҳои дар шакли махсус тайёркардашуда зарур аст. Компютер як амалро иҷро карда, ба таври худкор ба иҷрои амали дигар шурӯъ менамояд.

Моҳияти идоракунии барномавии компютер дар он аст, ки он танҳо бо ёрии барнома кор карда метавонад.

Хосияти аз ҳама асосии компютер суръати беандоза баланди ҳисоббарории он аст. Худи мафҳуми “компютер” низ бо ҳамин хосияташ бештар алоқаманд аст: computer —

ҳисоббарор. Компютер- ҳои муосир дар як сония метавонанд миллиард ва аз он ҳам зиёдтар адад- ҳоро ҷамъ кунанд. Ком- пютер дар баробари зуд- кор буданаш таҷҳизоти беандоза боэътимод аст. Он соатҳои зиёд метаво- над бе танаффус ва бе

содир намудани ғалат кор кунад. Пурарзишии компютер аз он аён мегардад, ки он дар як вақт ҳам имконияти қабул кардан,

ҳам нигоҳ доштан, ҳам кор карда баромадан ва ҳам интиқол додани иттилоотро доро мебошад.

Сахтабзори компютерӣ гуфта, маҷмӯи воситаҳои техникии ба ҳам алоқамандро меноманд, ки онҳо вазифаи воридот, коркард, нигаҳдорӣ ва содироти иттилоотро ба уҳда доранд.

Хосияти марказии компютер дар таҷҳизоти электронӣ будани он зоҳир мегардад. Маҳз аз рӯйи ҳамин хосияташ дар ибтидо онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ном мебурданд. Аммо компютерҳои даврони мо на танҳо механизмҳои ҳисоббарор, балки мошинҳои ҳамакор (универсалй) мебошанд.

Таснифи компютерҳо. Компютерҳо дорои имконият ва хосиятҳои гуногун мебошанд. Онҳоро аз рӯйи баъзе нишондод ва хосиятҳояшон таснифбандӣ мекунанд. Таснифи қатъии компютерҳо вуҷуд надорад, чунки онҳо аз рӯйи баъзе нишондоду хосиятҳояшон метавонанд ба як синф, аз рӯйи дигар нишондоду хосиятҳояшон — ба синфи дигар мансуб дониста шаванд. Компютерҳои қаблиро аз рӯйи ҷузъҳои пойгоҳй, ҳаҷми хотираи фаврӣ, зудкорй, соҳаи истифода, соли барориш ва ғайра ба синфҳо ҷудо мекарданд. Компютерҳои муосирро аз рӯйи нишондодҳои зеринашон таснифбандӣ мекунанд:

  • таъйинот ва имконоти онҳо дар коркарди иттилоот;
  • имкониятҳои робитавии онҳо бо корбарон (интерфейс);
  • ҳаҷми ҷисми онҳо;
  • имкониятҳои захиравии онҳо.

Баъзан нисбат ба параметру хосиятҳои компютер талаботи махсус гузошта мешавад.

Масалан, ҳам чандистифодабаранда, ҳам эътимоднок ва ҳам пуриқтидор будани компютер — талаботи хеле ҷиддӣ

нисбат ба параметрҳои АбарКОМПЮТер

компютер ҳисобида мешавад. Компютерҳои дорои ин гуна хосиятҳоро шартан компютерҳои бузург (калон) ё абаркомпютер меноманд.

Барои иҷрои супоришҳои таълимй, ҳалли масъалаҳои омӯзишй, фароғатӣ ва ғайра, ки ҳамарӯза пеш меоянд, синфи компютерҳои дигар лозим аст. Хосиятҳои асосии ин гуна компютерҳо — боэътимодй, хурдҳаҷмӣ, ҷойгузинй, азхудшавандагӣ, дар истифода одӣ будан, нархи дастрас доштан ва ғайра ба ҳисоб меравад. Истифодаи онҳо дониши махсуси техникӣ ё барномарезиро талаб намекунад. Компютерҳои дорои ин гуна хосиятҳоро шартан компютерҳои хурд ё микрокомпютер меноманд.

Намудҳои микрокомпютер

 Микрокомпютерҳо ба гурӯҳи компютерҳое дохил мешаванд, ки протсессори марказии онҳо дар шакли микропротсессор сохта шудааст. Микрокомпютер мошини ҳамакора буда, барои истифодаи як нафар пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ микрокомпютерро компютери фардӣ мегӯянд. Микрокомпютерҳо дар шаклҳои рӯйимизӣ (статсионарй), мобайлӣ (ҳамроҳ, портативй, лэптоп, ноутбук, нетбук, кисагй) ва саноатӣ (робот-компютерҳо) истеҳсол карда мешаванд.

Саволҳо:

  1. Компютер чӣ гуна таҷҳизот аст? Кадом хосиятҳои онро номбар карда метавонед?
  2. Оё шумо тарзи кори компютерро дар шакли нақша тасвир карда метавонед?
  3. Моҳияти идоракунии барномавии компютер аз чӣ иборат аст?
  4. Сахтабзори компютерӣ чист? Сахтабзор аз нармабзор чӣ фарқ дорад?
  5. Компютерҳоро чӣ тавр тасниф кардан мумкин аст?
    1. Супориш:
    2. Таснифоти компютерҳоро дар шакли ҷадвал ифода кунед.

Маводҳои ҳамсон