Барои ҳалли ин масъалаҳо аз ҷадвлҳои дар охир овардашуда истифода намоед.
- 235. Детали пӯлодини мошин массаи 780 г дорад. Ҳаҷми онро ёбед.
- 236. Зарфе пури бензин аст. Массаи бензин 35 кг мебошад. Ғунҷоиши зарфро ёбед.
- 237. Массаи зарфи пурбензин 2 кг асту массаи худи зарф 600 г. Ғунҷоиши зарфро муайян кунед.
- 238. Ғунчоиши махзани сӯзишвории мошин 60 л аст. Мошин агар дар ҳар 100 км роҳ 10 л бензин сарф бикунад, бо махзани пурбензин чӣ қадар роҳро паймуда метавонад?
- 239. Барои сохтани куттиҳои консерв тунукае истифода мешавад, ки сатҳаш арзиз давонда (ё чи хеле ки мегӯянд, лахимкорӣ карда) шудааст. Дар ин кор ба ҳар 200 см2-и сатҳи тунука 0,45 г арзиз сарф мешавад. Қабати арзизи рӯи тунука чӣ қадар ғафсӣ дорад?
- 240. Сими мисине ба шакли калоба печонда шудааст. Kaлобаро накушода, дарозии симро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?
- 241. Истаконе лабрези об аст. Ба даруни истакон чанд дона сочма меандозем, Бигзор массаи донаҳои сочма 684 г бошад. Ҳачми оберо ёбед, ки аз истакон берун мерезад.
- 242. Детали мисини массааш 17,8 кг-ро бо мақсади шустан ба зарфи пуркарасин андохтанд. Массаи карасини дар ин маврид аз зарф берунрехтаро муайян кунед.
- 243. Барои кашондани 1000 т нафт чанд махзани ғунҷоиши ҳар якаш 25 м3 зарур мешавад?


