Матнҳамроҳкунӣ

Ба дигарон равон намоед

Афзори матнҳамроҳкунӣ. Аслан виросторони графикӣ танҳо барои сохтани мусаввараҳо ва таҳрири онҳо пешбинӣ шудаанд. Аммо, баъзан лозим меояд, ки дар мусаввараҳо матнҳои начандон калон низ ҷой дода шаванд. Матнҳои мусаввараҳо, маъмулан, характери худмуаррифӣ, таблиғотӣ ё тавзеҳотӣ доранд.

Виростори графикии Paint низ дорои имкониятҳои хуби дар мусаввараҳо ҷойгир намудани навиштаҷотҳо мебошад. Гарчанде воситаҳои афзории ба мусаввараҳо ҳамроҳ намудани матнҳо дар Paint чандон рушд наёфта бошанд ҳам, лекин онҳо ба пуррагӣ кифояанд, ки навиштаҷоти зарурӣ ба расм ҳамроҳ карда шавад.

Навиштаҷотҳои мусавваравии виростори Paint, минбаъд, пас аз ҳамрохднавӣ, ба қисми таркибии онҳо табдил ёфта, матнҳояшон таҳрирнопазир мегарданд. Барои ворид намудани тағйиротҳои матнӣ, зарур меояд, ки навиштаҷотҳои мавҷуда ҳазф шуда, аз нав ҳарфчинӣ гарданд.

Барои ба мусаввара ҳамроҳ намудани матн, аз блоки Афзорҳо (Инструменты)-и тасмаи абзори банди Асосӣ (Главная)-и менюи

барномаи Paint афзори (Матн — Текст)-ро интихоб ва фаъол гардонидан лозим аст. Афзори

мазкурро дар гунаҳои пешини виростори Paint «Навиштаҷот» низ ном мебаранд.

Пас аз иҷрои амалҳои пахши афзори л, кӯчонидани мушнамо ба майдони кории виростор ва истифодаи усули кашолакунии мушнамо, тасмаи абзори барнома дарҳол ба худ шакли зеринро қабул мекунад.

Аз расми болоӣ баръало дида мешавад, ки дар ин маврид, барномаи графикӣ пурра барои воридкунӣ,

рангинтихобкунӣ ва таҳрири матнҳо

омода гардидааст. Бандҳои менюи

барнома низ аз се ба чорто зиёд шудаанд: Парванда (Файл), Асосӣ (Главная), Намо (Вид) ва Матн (Текст). Дар тасмаи абзор ба ғайр аз афзорҳои матнсозӣ, дигар ҳамаи афзорҳои боқимонда нопадид гардидаанд. Афзорҳои коркарди матнҳо дар чор блок муттаҳид гардонида шудаанд: Буфери мубодила (Буфер обмена), Ҳуруф (Шрифт), Замина (Фон) ва Рангҳо (Цвета).

Технологияи матнҳамроҳкунӣ. Технологияҳои ҳамроҳ намудани матнҳои шакл ва андозаву рангҳои гуногундошта ба мусаввараҳои бо ёрии виростори Paint сохташуда, кори чандон мушкил нест. Барои иҷрои ин амал, бояд пеш аз ҳама дар майдони кории виростор мусавварае, ки ба он навиштаҷоти зарурӣ ҳамроҳ карда мешавад, мавҷуд бошад.

Мавқеи такрибии гузоштани матнро дар паҳнои мусаввара пешакӣ муайян карда, аз блоки Афзорҳои тасмаи

абзор афзори  интихоб мекунем ва мушнаморо ба мавқеи муайяншуда кӯчонида, тугмаи чапи мушро пахш мекунем. Дар мавқеи муайяншуда майдони матнворидкунӣ пайдо мешавад. Майдони матнворидкунӣ шакли росткунҷаи шикастахати шашмураббаъчадорро дошта, объекти махсуси виростори графикӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ибтидо, андозаи росткунҷаро, вобаста ба андозаи навиштаҷот, бо ёрии мураббаъчаҳо каму зиёд намудан имконпазир аст. Пас аз пахш намудани тугмаи чапи муш, дар дохили росткунҷа курсори матнӣ пайдо мегардад. Пайдо шудани курсори матнӣ аз он гувохӣ медиҳад, ки барнома барои дохил намудани матн омода гардидааст.

Матни навиштаҷот бояд кӯтоҳ ва мазмуннок бошад. Онро бо ёрии сафҳакалид ҳарфчинӣ мекунанд. Воридкунии матни навиштаҷотро ба охир расонида, пеш аз пахшкунии тугмаи чапи муш ё «Enter»-n сафҳакалид, онро таҳрир намудан, навъ ва гарнитури ҳуруфро иваз намудан, андозаву ранги тамоми матн ё қисми алохддаи онро тағйир додан ҳанӯз имконпазир аст. Вале, пас аз пахш кардани тугмаи чапи муш ё «Enter»-n сафҳакалид, навиштаҷот

тағйирнопазир гашта, ба қисми таркибии мусаввара табдил

меёбад.

Тарзи корбарӣ бо ҳуруфҳо, интихоби андоза ва ранги онҳо дар виростори графикии Paint айнан ба мисли ҳамин гуна амалҳои виростори матнии WordPad буда, бо ҳамон усул амалӣ гардонида мешаванд.

Масалан, ба расми дар тарафи рост овардашуда, ки бо ёрии барномаи Paint тасвирсозӣ гардидааст, навиштаҷоти

«Расми гул» ҳамроҳ карда шудааст. Матни навиштаҷоти мазкур бо ёрии ҳуруфи навъи «Arial», тарзи зоҳиршавии «Маъмул», андозаи 20 ва ранги сиёҳ ҳарфчинӣ гардидааст.

Саволҳо:

1. Барои чӣ ба мусаввараҳо навиштаҷот ҳамроҳ мекунанд?

2.Чаро матни навиштаҷотро пас аз ба мусаввара ҳамроҳ кардан, дигар тағйир додан мумкин нест?

  1. Майдони матнҳамроҳкунӣ чист?
  2. Навиштаҷотро чӣ тавр ба мусаввара ҳамроҳ мекунанд?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи барномаи графикии «Paint»-po кушоед ва тарзи корбарии афзорҳои матнҳамроҳкунии онро машқ кунед.
  2. Бо истифода аз афзорҳои расмкашӣ ва амалҳои маъмули корбарӣ бо объектҳои графикӣ расмҳои поёниро кашед, ба онҳо навиштаҷотҳои мувофиқ ҳамроҳ кунед ва бо номи «Расмҳои сеюми ман дар Paint» дар хотираи компютер нигоҳ доред.

Маводҳои ҳамсон