Мафҳуми тағйирёбанда дар С++

Ба дигарон равон намоед

Мафҳуми тағйирёбанда.

Чӣ хеле ки медонем, алгоритм аз командаҳое иборат аст, ки барои иҷрокунандаи он пешбинӣ шудааст. Компютер низ яке аз иҷрокунандагони алгоритм аст. Бино бар ин, дар оянда, мо танҳо компютерро ба сифати иҷрокунандаи алгоритм (ё барнома) дида мебароем. Инчунин, гуфта шуда буд, ки алгоритм, алалхусус, метавонад дорои маълумотҳои аввала бошад. Алгоритм ин маълумоти авваларо табдил дода, натиҷаро ба даст меоварад. Маълумотҳои дар алгоритм (барнома) мавҷудбуда дар қисми махсуси хотираи компютер нигоҳ дошта шуда, ҳангоми иҷрои алгоритм метавонанд тағйир ёбанд. Ин қисми хотираи компютер тағйирёбанда номида мешавад.

Ба ҳар як тағйирёбанда ном гузошта мешавад. Инчунин, барои ҳар як тағйирёбанда навъи (маҷмӯи қиматҳое, ки он қабул карда метавонад) он муайян карда мешавад. Бо тағйирёбандаҳо ду амали зеринро иҷро кардан мумкин аст:

  • ·        қимати ҷории онро хондан;
  • ·        қимати нави онро сабт кардан (ё бо ибораи маъмули дигар – қимати нав бахшидан).

Дар забони алгоритмӣ (барномасозӣ) хондани қимати тағйирёбанда ҳангоми истифодаи номи он дар ифода иҷро карда мешавад. Бахшидани қимати нав ҳангоми иҷрои оператори бахшиш иҷро мешавад. Оператори бахшиш чунин намуд дорад:

номи_тағйирёбанда = ифода;

Аломати = «бахшидани қимат» хонда мешавад. Дар баъзе адабиёту забонҳои барномасозӣ ба ҷои ин аломат, аломати := низ истифода мешавад.

Ҳангоми иҷрои оператори бахшиш, аввал тарафи рости он, яъне қимати ифода ёфта мешавад. Баъд, қимати ёфташуда ба тағйирёбандае, ки дар тарафи чапи баробарӣ навишта шудааст, бахшида мешавад (қимати аввалаи тағйирёбандаи дар чап буда гум мегардад). Масалан,

x = x + 1;

Дар ин ҷо тағйирёбандаи х ҳам дар тарафи рост, ҳам дар тарафи чапи баробарӣ меистад. Дар тарафи рости баробарӣ қимати кӯҳнаи тағйирёбанда истифода мешавад. Он бо як ҷамъ карда шуда, ба тағйирёбандаи дар тарафи чап истода (х) бахшида мешавад, яъне ин оператор қимати х-ро як воҳид зиёд мекунад.

Хулоса.

Тағйирёбанда – ин қисми хотираест, ки дар он маълумот нигоҳ дошта мешавад, ва соҳиби ном ва навъ аст. Навъи тағйирёбанда бо соҳаи қиматқабулкунии тағйирёбанда муайян мешавад;

Маводҳои ҳамсон