Менюи «оғоз»

Ба дигарон равон намоед

Менюи «Огоз», ки онро менюи асосии системаи амалиётӣ низ меноманд, ба истифодабаранда дастрасиро ба тамоми барномаҳои дар компютер насбгардида таъмин менамояд. Бо ёрии ин меню ҳар гуна санади компютериеро, ки дар дилхоҳ ҷузвдони диски «винчестер» нигоҳ дошта шуда бошад, кушодан мумкин аст. Ҳамчунин, бо истифода аз имкониятҳои барномавии менюи мазкур худи системаи амалиётиро ба танзим овардан, доир ба система маълумот ё ёрӣ гирифтан ва дар компютер парвандаҳои заруриро ҷустуҷӯ кардан имконпазир мебошад.

Дастрасӣ ба Менюи асосии системаи амалиётии Microsoft Windows тавассути Лавҳаи масъалаҳои мизи кории он амалӣ гардонида мешавад. Барои ин кифоя аст, ки дар қисми чапи лавҳаи масъалаҳо тугмаи системавии «Оғози кори Windows» пахш карда шавад. Чунин тарзи кушодани менюи асосӣ дар дигар гунаҳои СА Windows низ айнан ҳамин тавр иҷро карда мешавад. Дар расми поёнӣ се намуди тугмаи «Оғоз»-и Лавҳаи масъалаҳои мизи кории Windows тасвир ёфтааст.

Ҳамин тариқ, бо пахши тугмаи системавии «Оғози кори Windows» менюи асосии СА дар шакли ду лавҳа (қисм)-и мустақил кушода мешавад. Дар лавҳаи чапи менюи асосӣ рӯйхати барномаҳое инъикос меёбанд, ки истифодабаранда вақтҳои охир бо онҳо кор кардааст. Барои аз нав омодаи кор кардани ин барномаҳо кифоя аст, ки мушнаморо ба болои номашон гузошта, тугмаи чапи мушро пахш намоем. Дар лавҳаи рости менюи асосӣ бошад, помгӯи муҳимтарин абзор ва имкониятҳои танзимкунандаи кори компютер ҷой дода шудаанд, ки онҳо дастрасии фавриро ба баъзе функсияҳои системаи амалиётӣ хаъмин мекунанд (нигар ба расми баъдй).

Банди Ҳамаи барно- маҳо (Все программы)-и менюи асосӣ барои пеш- диди кулли барномаҳои дар дискҳои компютер насбгардида хизмат мера- сонад. Бо пахши банди мазкур дар лавҳаи чапи меню, бар ивази барнома- ҳои охирини истифодагар- дида, дар шакли пайдар- пайии нишонаҳои барно- маҳо ва ҷузвдонҳо, номгӯи

тамоми барномаҳои дар хотираи компютери мазкур насбгардида рӯйи кор меояд. Барои бакордарории барномаи мушаххас номи онро пахш кардан лозим аст. Агар маҷмӯи барномаҳо дар ҷузвдонҳо муттаҳид гардонида шуда бошанд, пас, барои бакордарории ягон барномае аз ин маҷмӯъ, аввал нишонаи ҷузвдон ва баъд нишонаи худи барномаро пахш кардан лозим меояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки қариб аксар барномаҳои таркибии менюи асосии СА дар ҷузвдонҳо муттаҳид гардонида шудаанд. Ба ин гуна маҷмӯи барномаҳо барномаҳои офисй, хидматй, замимавй,   бойгонисозй, барномаҳои махсус,

зиддивирусй, стандартии системаи амалиётӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Майдончаи ҷустуцӯи системавӣ (Найти программы и файлы) дар қисми аз ҳама поёнии лавҳаи чапи менюи асосӣ ҷойгир шудааст. Барои ҷустуҷӯи барнома ё парвандаи зарурй, ки дар хотираи компютер маҳфуз аст, номашро бо ёрии сафҳакалид ворид намуда, нишонаи пурбин (лупа)-ро пахш кардан лозим аст. Номи объекти ёфташуда дар лавҳаи чапи меню инъикос мешавад. Барои кушодани равзанаи он кифоя аст, ки номаш пахш карда шавад.

Номгӯйи бандҳои дар лавҳаи рости менюи асосии системаи амалиётӣ овардашуда барои иҷрои амалиёти зерин пешбинӣ шудаанд:

  • Lenovo_User — кушодани ҷузвдони хусусӣ (фардй).
  • Санадҳо (Документы) — кушодани ҷузвдонҳои компютерии мавҷуда ва нигаҳдории санадҳо дар онҳо.
  • Тасвирҳо (Изображения) — дастрасӣ ба парвандаҳои графикӣ (акс, расм, тасвира, график ва ғайра)-и ҷузвдонҳои компютерй.
  • Мусқӣ (Музыка) — дастрасӣ ба парвандаҳои савту садой.
  • Зеркашшудаҳо (Загрузки) — дастрасӣ ба парвандаву ҷузвдонҳои бойгонишудаи зеркаши интернетй.
  • Ҳамин компюпгер (Этот компьютер) — инъикоси дискҳо ва таҷҳизоти дигари компютери мазкур.
  • Пайвастшавӣ ба (Подключение к) — инъикоси шабакаҳои бесим ва навъҳои дигари шабакаҳои компютерии айни ҳол барои пайвастшавӣ дастрасбуда.
  • Лавҳаи ыдорӣ (Панель управления) — тағйирдиҳии параметрҳои компютери мазкур ва дастрасӣ ба танзими имкониятҳои функсионалии он.
  • Параметрҳо (Параметры) — дастрасӣ ба танзими параметрҳои системаи амалиётй.

■ Иҷро кардан (Выполнить) — кушодани барнома, ҷузвдон, санад ё сомонаи интернетй. Дар натиҷаи амалигардонии банди мазкури меню дар экран равзанаи робитавии дар расми болоӣ овардашуда пайдо мешавад.

Дар қисми поёнии лавҳаи рости менюи асосии системаи амалиётӣ яке аз фармонҳои асоситарини компютер — Интиҳои кор (Завершение работы) ҷойгир шудааст. Ҳангоми пахши фармони мазкур тамоми равзанаҳои замимаҳои фаъол баста шуда, кори компютер умуман қатъ мешавад. Аммо ҳангоми мушнаморо ба болои аломати > гузоштан дар экран зерфармонҳои фармони Интщои кор намудор мешаванд. Тавре аз равзанаи робитавии дар расми тарафи рост овардашуда дида мешавад, фармони мазкур аз панҷ зерфармон иборат будааст, ки онҳо барои иҷрои амалҳои зерин вобаста карда шудаанд:

  • Ивазкунии истифодабаранда (Сменить пользователя) — бе пӯшидани замимаҳои фаъол истифодабарандаи навбатии компютер ба кор оғоз карда метавонад.
  • Беруноӣ (Выход) — тамоми замимаҳои фаъол баста шуда, система умуман аз кор мемонад.
  • Бастан (Блокировка) — тамоми додаҳои баҳисобгирӣ (реквизитҳо)-и дар компютери мазкур бақайдгирифташудаи истифодабаранда ғайрифаъол (қулф) мегарданд.
  • Бозогози кори компютер (Перезагрузка) — тамоми замимаҳои фаъол баста шуда, система аз кор мемонад ва ба хаври худкор аз нав корро оғоз мекунад.
  • Рецаи хоб (Спящиӣ режим) — компютер дар ҳолати корӣ боқӣ монда, ба реҷаи истеъмоли ками қувваи барқ мегузарад. Ҳангоми «бедоркунии» компютер (пахш кардани дилхоҳ тугмаи он), ҳамаи замимаҳои фаъол аз нав ба ҳолати корӣ бармегарданд.

Саволҳо:

  1. Барои чӣ менюи «Оғоз»-ро менюи асосии системаи амалиётӣ меноманд?
  2. Менюи асосии системаи амалиётӣ чӣ тавр кушода мешавад?
  3. Тугмаи системавии «Оғози кори Windows» дар кадом қисми мизи кории СА ҷойгир аст?
  4. Менюи асосии СА аз чанд лавҳа (қисм)-и мустақил иборат аст? Онҳо чӣ ном доранд?
  5. Лавҳаи чапи менюи асосӣ чӣ вазифа дорад? Лавҳаи рост чй?
  6. Нақши банди «Ҳамаи барномаҳо»-и менюи асосӣ аз чӣ иборат аст? Нақши майдончаи ҷустуҷӯи системавӣ чй?

8. Барои чи фармони «Интиҳои кор»-и меню яке аз фармонҳои асоситарини компютер ба ҳисоб меравад?

Супоришҳо:

  1. Бо пахши тугмаи системавии -«Оғози кори Windows» менюи асосии системаро кушоед.
  2.  Номгӯйи бандҳои дар лавҳаи рости менюи асосии системаи амалиётӣ овардашударо дар дафтар дар шакли ҷадвал тасвир кунед.
  3. Тавассути фармони «Интиҳои кор»-и менюи системаи амалиётӣ компютерро хомӯш кунед ва пас аз як дақиқа аз нав омодаи кор намуда, бо ёрии менюи асосӣ ду барномаи татбиқиро фаъол гардонед.

Маводҳои ҳамсон