Мизи кории компютер-абзори асосии СА

Ба дигарон равон намоед

Равзанаи мизи корӣ. Мизи корӣ (desktop — рабочиӣ стол) — муҳити системавии графикй, равзанаи асосии системаи амалиётй, фазои кории марказии истифодабарандаи компютер мебошад. Мизи корӣ бевосита пас аз бакоромодашавии компютер дар экрани монитор намоён мешавад.

 Масалан, дар расми болоӣ яке аз намудҳои мизи кории СА Windows 10 оварда шудааст. Тавре дида мешавад, мизи корӣ аз ду қисми асосӣ — майдони корӣ (working field — рабочее поле) ва лавҳаи масъалаҳо (taskbar — панель задач) иборат аст.

Дар майдони корӣ чун одат нишонаҳо (icons — значки) ва тамгаҳои нишюнаҳои (ярликҳои) объектҳои системавй, ҷузъҳои идории системаи амалиётӣ ва ҷузвдону парвандаҳои шахсии корбари компютер ҷой дода мешаванд. Тавассути нишонаву тамғаҳои нишонаҳо объекти заруриро фавран идора ё дастрас кардан (кушодан) мумкин аст.

Лавҳаи масъалаҳои мизи корӣ сатри тасмашакл буда, дар поёни майдони корӣ ҷойгир шудааст. Лавҳаи масъалаҳои мизи кории системаи амалиётии Windows механизми амалигардони чандмасъалаӣ буда, раванди аз як замима ба замимаи дигари СА гузаштанро метезонад. Дар он тугмаи системавии ■■ «Оғози кори Windows» ва баъзе нишонаҳои системавию шахсӣ ҷой дода мешаванд. Ҳар кадоми ин нишонаҳо ифодагари ягон объекти мушаххас буда, ҳангоми зарурат онҳоро бо ёрии амали пахшкунӣ ба кор даровардан мумкин аст. Нишонаҳои мобайнии лавҳаи масъалаҳо ифодагари объектҳо ва санадҳоеанд, ки айни ҳол онҳо фаъол (кушода, дар ҳолати корй) мебошанд. Мизи кории СА Linux низ тақрибан ҳамин гуна намуд ва имкониятҳо дорад.

Мизи корӣ тавре сохта шудааст, ки барои фаъолияти омӯзишии фарди навомӯз бисёр созгор аст. Корбари пуртаҷриба бошад, метавонад мизи кориро мувофиқи реҷаи кор ва табъи худ ба танзим орад.

Барои фаъол гардонидани дилхоҳ объекти мизи корӣ кифоя аст, ки ба нишона ё тамғаи нишонаи (ярлики) он бо ёрии тугмаи чапи муш ду маротиба таъсир расонем. Тамғаи нишона аз худи нишона бо он фарқ мекунад, ки ваӣ барандаи танҳо суроғаи парванда мебошад, на муҳтавои он. Тамғаи нишона барои аз қисмҳои гуногуни диск дастрас кардани барномаву санадҳо, бе нусхабардорӣ кардани муҳтавои онҳо, пешбинӣ шудааст. Дар мизи корӣ на танҳо нишона (пиктограмма)-ву тамғаҳои нишонаҳои парвандаҳо, балки нишонаҳои ҷузвдонҳо низ ҷойгир шуда метавонанд.

Мизи кории СА MS Windows имрӯз назар ба гунаҳои (навъҳои) пешинаи худ хеле такмил ёфта, тамоми имкониятҳои гунаҳои қаблиро дар худ нигоҳ доштааст. Ваӣ барои замимаҳои СА ончунон муҳите сохтааст, ки дар он тамоми амалҳои якхела бо тарзи ягона иҷро карда мешаванд. Бо ёрии мизи корӣ якбора бо якчанд барнома кор кардан мумкин аст. Илова бар ин, иттилооти як барномаро барномаҳои дигар ба осонӣ истифода бурда (қабул карда) метавонанд.

Дар мизи корӣ одатан нишонаҳои системавии объектҳои зерини СА компютер ҷой дода мешаванд, ки онҳо бо пахши дукаратаи муш ба кор омода мегарданд:

L г Ҳамин компютер (Этот компьютер) — дастрасӣ ба дискҳо, ҷузвдонҳо, парвандаҳо ва таҷҳизоти берунаи компютери мазкур;

Сабад (Корзина) — ҷойгиркунии муваққатии парвандаҳои ҳазфшуда;

Kaspersky Total Security- санҷиши диску чузвдонҳо аз вирусҳои компютерй;

Mozilla Firefox- азназаргузаронии вебсаҳифаҳо дар шабакаи Интернет.

Саволҳо:

  1. Мизи кории системаи амалиётӣ чист? Он бо мизи кории маъмулӣ чӣ монандӣ ва аз он чӣ хафовут дорад?
  2. Қисмҳои асосии мизи кории СА чӣ ном доранд? Онҳо кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд?
  3. Нишонаҳои кадом объектҳои системавӣ одатан дар мизи корӣ ҳамеша намудоранд?
  4. Объектҳои майдони кории мизро чӣ тавр фаъол гардонидан ва идора кардан мумкин аст?
  5. Лавҳаи масъалаҳои мизи кории системаи амалиётии Windows чӣ гуна механизм аст?

Супоришҳо:

  1. Мавзӯъро бодиққат хонед ва доир ба мизи кории системаҳои амалиётӣ нақли хаттӣ нависед.

Тарзи ҷойгиршавии объектҳои майдони корӣ ва лавҳаи масъалаҳои мизи кории системаи амалиётии «MS Windows»-po дар назди экрани монитори компютер аз назар гузаронед ва онҳоро дигаргун созед.

Маводҳои ҳамсон