Мизи корӣ. Равзанаи ҷузвдонҳо

Ба дигарон равон намоед

Қисмҳои мизи корӣ. Мизи корӣ (de ktop — рабочий стол) — муҳити графикиест, ки дар он объектҳо ва ҷузъҳои идоракунии СА инъикос карда мешаванд. Мизи кориро равзанаи асосии СА мегӯянд. Масалан, мизи кории СА Windows -7 метавонад намуди зеринро дошта бошад.

Тавре аз расм дида мешавад, мизи кории СА Windows  аз ду қисми асосӣ — майдони корӣ ва лавҳаи масъалаҳо (ta kbar — панель задач) иборат аст. Дар майдони корӣ, одатан, баъзе нишонаҳо (icon  — значки) ва тамғаҳои (ярликҳои) объектҳои системавӣ ва ҷузвдону парвандаҳои шахсии истифодабарандаи (корбари) компютер ҷой дода мешаванд. Тавассути нишонаву тамғаҳо объекти заруриро фавран дастрас кардан (кушодан) мумкин аст.

Лавҳаи масъалаҳо — сатри тасмашакл буда, дар поёни майдони корӣ ҷойгир шудааст. Дар он тугмаи системавии оғоз (пуск —  tart) ва баъзе нишонаҳои системавию шахсӣ ҷой дода мешаванд. Ҳар кадоми ин нишонаҳо ифодагари ягон объекти мушаххас буда, ҳангоми зарурат онҳоро бо ёрии амали пахшкунӣ ба кор даровардан мумкин аст. Нишонаҳои мобайнии лавҳаи масъалаҳо ифодагари он объектҳо ва санадҳоеанд, ки айни ҳол онҳо фаъол (кушода, дар ҳолати корӣ) мебошанд.

Мизи кории СА Linux низ тақрибан ҳамин гуна намуд дорад. Бинобар ин вазифаи ҷузъҳои идорӣ ва тарзи истифодаи объектҳоро минбаъд дар мисоли мизи кории СА Linux дида мебароем.

Мизи кории муҳити графикии KDE СА Linux аз се қисми асосӣ — майдони корӣ, лавҳаи замимаҳо ва хаткаши масъалаҳо иборат аст. Дар KDE2 (расми поёнӣ) хаткаши масъалаҳо ба лавҳаи масъалаҳо табдил дода шуда, ба ҳайати лавҳаи замимаҳо ворид карда шудааст.

Одатан, лавҳаи замимаҳои KDE дар қисми поёнии экран ҷой дода мешавад. Вай барои бакордарории замимаҳои Linux ва гузариши байни мизҳои кории система воситаи хеле муфид мебошад. Дар лавҳаи замимаҳо нишонаҳои (пиктограммаҳои) муҳимтарин замимаҳои Linux, тугмаи менюи асосии система, соати системавӣ ва дигар тугмаҳои зарурӣ ҷойгир карда мешаванд. Ҳангоми мушнаморо ба болои ягон нишонаи лавҳа гузоштан дар экран шарҳдиҳаки зуд намудор ва ғайбзананда ( how tool tip  — всплывающие подсказки) пайдо гардида, доир ба вазифаи объекти мазкур маълумоти мухтасар пешкаш менамояд. Дар тарафҳои чапу рости лавҳа тугмаҳои секунҷадори хурд ҷойгиранд, ки онҳо барои аз мизи кории ҷорӣ ҳазф намудани (соқитгардонии) лавҳаи замимаҳо хизмат мерасонанд. Ин ба намуди зоҳирии мизҳои кории дигар ягон таъсир намерасонад.

К-тугма яке аз объектҳои муҳими мизи кории KDE ба ҳисоб меравад. Вай вазифаи танзимгари замимаҳои Linux-ро иҷро менамояд, яъне ҳамсони тугмаи оғози

Windows  аст. Ҳангоми пахши ин тугма менюи система кушода мешавад, ки бо ёрии он барномаҳои гуногунро ба кор даровардан мумкин аст. Барои оғози кори барномаи дилхоҳ мушнаморо ба болои номи вай гузошта, тугмаи чапро пахш кардан кифоя аст. Баъзе барномаҳо дар лавҳаи замимаҳо нишонаи алоҳидаи худро доранд. Истифодабаранда ҳамеша имконият дорад, ки ин нишонаҳоро аз лавҳа ҳазф ё ба он нишонаҳои навро илова намояд.

Дар лавҳаи замимаҳо гурӯҳи тугмаҳои гузариши байни мизҳои кории виртуалӣ мавҷуд аст. Барои аз як мизи корӣ ба дигар миз гузаштан, кифоя аст, ки ба рақами он бо ёрии муш таъсир расонем. Истифодаи якчанд мизи корӣ яке аз нишондодҳои тавонои интерфейси графикии Linux ба ҳисоб меравад. Замимаҳои гуногун метавонанд дар мизҳои кории гуногун кушода шаванд. Чунин имкониятро СА Windows  надорад.

Равзанаи ҷузвдонҳо. Ҳамаи масъалаҳои вобаста ба исти- фодаи замимаҳо, хориҷкунии иттилоот, дастраскунии рӯйхати парвандаҳо ва ғайра ҳалли худро дар дохили ин ё он равзанаи ҷувздонҳо меёбанд.

Равзанаи ҷузвдон аз якчанд қисм (компонент) иборат аст. Чорчӯбаи (рамкаи) равзана барои тағйирдиҳии андозаи он хизмат мерасонад. Барои калон ё хурд кардани андоза муш- наморо ба яке аз канорҳои равзана чунон гузоштан лозим аст, ки он шакли | ft | ё | ^ |-ро гирад. Масалан, агар мушнаморо ба канори поёнии равзана чунон гузорем, ки он шакли | ft |-ро гирад, он гоҳ тугмаи чапро пахшкунон худи мушро ба самти боло ё поён мелағжонем. Дар ин маврид андозаи равзана низ, мувофиқан, ба самти амудӣ хурд ё калон мешавад. Барои мутаносибан тағйир додани андоза бошад, мушнаморо ба яке аз кунҷҳои равзана чунон бояд гузошт, ки он шакли | \ | ё | / |-ро гирад. Тағйирдиҳии андозаи равзана ё кушодану пӯшидани онро бо ёрии тугмаҳо низ анҷом додан мумкин аст.

Дар як вақт якбора якчанд равзанаро кушодан мумкин аст, вале дар ҳар як лаҳзаи вақт танҳо бо яке аз онҳо кор кардан мумкин аст. Чун одат номи замима дар сатри сарлавҳаи равзана дарҷ карда мешавад. Дар тарафи чапи сатри сарлавҳа тугмаи идоракунии равзана ҷойгир аст. Пахши ин тугма ба пайдошавии менюи идоракунии равзана меорад. Тугмаи сӯзанакшакл, ки дар тарафи росттари ин тугма ҷойгир аст, барои аз як мизи корӣ ба дигар миз кӯчонидани равзанаи ҷорӣ хизмат мерасонад. Пахши дубораи ин тугма амали ҷойиваз- куниро бекор менамояд. Мушнаморо ба ягон ҷойи холии сатри

сарлавҳа гузошта, тугмаи чапро пахшкунон равзанаро ба мавқеи дилхоҳи мизи корӣ кӯчонидан мумкин аст.

Пахши дукаратаи сатри сарлавҳа ба андозаи калонтарини равзана меорад, яъне андозаи вай ба андозаи мизи корӣ баробар мешавад. Ҳамчунин, дар қисми рости сатри сарлавҳа се тугмаи амрие ҷойгиранд, ки барои хурдгардонӣ, калонгардонӣ ва пӯшидани равзана хизмат мерасонанд. Равзанаҳои андозаашон хурдкардашударо, ки дар шакли нишона дар лавҳаи масъалаҳо ҷой дода мешаванд, бо пахши сатри сарлавҳаашон аз нав дар экран намудор кардан мумкин аст.

Саволҳо:

  1. Мизи корӣ чист? Барои чӣ онро равзанаи асосии СА мегӯянд?
  2. Нишонаҳои мизи кории Windows -ро ба чанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст?
  3. Мизи кории муҳити графикии KDE СА Linux аз чанд қисми асосӣ иборат аст?
  4. К-тугмаи мизи кории KDE кадом вазифаро иҷро мекунад?
  5. Шакл ва андозаи равзанаро чӣ тавр тағйир додан мумкин аст?
  6. Оё ба воситаи муш мавқеи равзанаи ҷузвдонро дар мизи корӣ тағйир додан мумкин аст?
  7. Сатри сарлавҳаи равзанаи ҷузвдон дар тағйирдиҳии мавқеи он ягон аҳамияте дорад ё на?

Супориш:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат хонед ва умумияту фарқияти мизҳои кории СА Windows  ва Linux-ро гӯед.
  2. Нишонаҳои мизи кории Windows -ро бо навбат кушоед ва объектҳои дохили онро маънидод намоед.
  3. Дар дафтар усулҳои тағйирдиҳии шакл ва андозаи равзанаҳоро қайд кунед.
  4. Барои худ ҷузвдони хусусӣ кушоед ва андозаи равзанаи онро ҳар хел тағйир диҳед. Тағйирдиҳиро бо ёрии муш ва тугмаҳои идоракунии андозаи равзана гузаронед.

Аз фармонҳои мувофиқи менюи равзана истифода бурда, лавҳаи афзорҳо, сатри суроғавӣ ва сатри вазъи равзанаро аз экран ҳазф намоед ва баъд онҳоро аз нав барқарор кунед.

Маводҳои ҳамсон